Суқути ҳавопаймои Boeing 737 дар Теҳрон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳавопаймои Boeing 737-800

Ҳавопаймои байналмилалии роҳхати 752, ҳавопаймои мусофиркаши ширкати Ukraine International Airlines Flight 752 (PS752) — ҳавопаймои Boeing 737-800 ҳангоми парвоз аз Теҳрон ба Киев дар наздикии Теҳрон пас аз ҳамлаи мушакӣ аз ҷониби Корпуси посбонони исломӣ ба садама дучор шуд ва суқут кард[1] Ҳавопаймо пас аз шурӯи парвоз аз Фурудгоҳи Байналмилалии Имом Хумейни 8 январи соли 2020 соати 6:19 дақиқа бо ду мушак мавриди ҳадаф гирифта шудааст. Ҳавопаймо дар наздикии Шаҳидшоҳ дар устони Теҳрон суқут кард. Ҳама 176 нафар — аз ҷумла 167 нафар мусофирон ва 9 тан узви ҳавопаймо, дар натиҷа вафот карданд.[2][3][4] Эрон фавран суқутро ба шикасти техникӣ айбдор кард. Дар навбати худ, коршиносон фарз карданд, ки сабаби суқути ҳавопаймо, натиҷаи зарбаи мушакӣ зиддиҳавоӣ аст. Аммо Эрон ҳеч рабте дар ҳамлаи мушакиро рад кардааст.[5] Баъдтар, худи ҳамон рӯз, сухангӯи қувваҳои мусаллаҳи Эрон Аболфазл Шекарчи ин иддаоро "дурӯғи тоза" номида, таъкид кард, ки "ин ба манфиати амрикоиҳо ва як тавтеаи дигар дар соҳаи ҷанги равонӣ аст."Рӯзи дигар, маъмурони иктишофии ИМА эълом карданд, ки аксҳои моҳвораҳои кашфшудаи инфрасурх, ки дар фазо ҷойгир шудаанд, ду мушаки наздик ба фюзеляжро бо боварӣ нишон медиҳанд.[6] Масъулони мудофиаи Бритониё баҳодиҳии ИМА-ро дар бораи таъсири ин мушак тасдиқ карданд ва сарвазири Канада Ҷастин Трюдо гуфт, ки далелҳо нишон медиҳанд, ки ҳавопаймо бо мушаки эронӣ тирандозӣ шудааст.New York Times дурустии ин видеоро бо роҳи таҳқиқи видеое, ки дар васоити ахбори иҷтимоӣ дар лаҳзаи зарбаи мушак ба ҳавопаймо пахш шудааст, тасдиқ кард.[7]

Изҳороти низомиёни эронӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ниҳоят, дар таърихи 12 январи соли 2020, пас аз се рӯз аз ин ҳодиса, Генерали Қувваҳои Мусаллаҳи Эрон дар як изҳорот тасдиқ кард, ки ба ҳавопаймои мусофиркаш як мушак партофта шудааст ва ба "хатои инсонӣ" аз ҷониби низомиён, ин мушакандозиро ба ҳавопаймои мусофиркаши укроинӣ тавсиф додааст.[8]

Мақомоти Укроин бар он боваранд, ки агар гурӯҳи тафтишотии Укроин далелҳои кофӣ намеёфтанд, Эрон барои суқути ҳавопаймо масъул намебуд. Ба гуфтаи масъулон, он чизе ки Эронро маҷбур сохт, ки нақши низомии худро дар суқути ҳавопаймо эътироф кунад, далели равшани ҳамлаи мушакӣ аз ҷониби коршиносони украинӣ буд, ки онҳо рӯзи панҷшанбе, 9 январ ба маҳалли садама дучор шуданд.[9][10]

Мусофирон[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ҳавопаймо 176 шахс қарор доштанд, ки аз онҳо 167[11] — мусофирон буданд. 138 мусофир шаҳрванд ё истиқоматкунандаи Канада буданд, бисёриҳояшон эронинажод буданд ва ба таври транзитӣ ба Канада парвоз мекарданд[12][13][14][15][lower-alpha 1]. Суқут яке аз калонтарин аз рӯи талафоти ҷонии конодоиҳо аз замони Таркиши ҳавопаймо дар Ирландия дар соли 1985 гашт [17].

Дар байни мусофирон инчунин донишҷӯёни хориҷӣ аз Донишгоҳи миллии тиббӣ ба номи А.А.Богомолетс[18] ва 24 ноболиғ[19] низ буданд.

Дар суқут олими конодоӣ, доктори иммунология Форуг Хадем, ки кӯшоиши муҳиме дар табобати лейшманиоз[20][21] кард, ва боз 10 омӯзгорони Донишгоҳи Алберт дар Эдмонтон[22].фавтиданд.

Шаҳрвандӣ Мусофирон Ҳайати ҳавопаймо Дар умум
 Афғонистон 13[23][lower-alpha 2] 0 13
 Британияи Кабир 4[26] 0 4
 Эрон 81[lower-alpha 3] 0 81
 Канада 57[12] 0 57
 Украина 2 9 11
 Шветсия 10[lower-alpha 4] 0 10
Дар умум 167 9 176[29][30][31]

Таҳдид ба оилаҳои қурбониёни ҳавопаймо[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷавод Солейманӣ, ҳамсари Элназ Наби, яке аз қурбониёни суқути ҳавопаймои Украина, гуфт, ки мақомоти амниятии Эрон оилаҳои қурбониёнро бо таҷовуз таҳдид карда ва Гуфтанд: Мо бо шумо коре мекунем, ки бо падари Пуа Бахтиёрӣ анҷом додаем.[32]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. اعتراف ایران به سرنگونی هواپیمای اوکراینی؛ سپاه شلیک کرد(форсӣ). صدای آمریکا. 18 апрели 2020 санҷида шуд.
  2. Deutsche Welle (www.dw.com). روحانی: اشتباه پدافند سپاه باعث سقوط هواپیمای اوکراینی شد | DW | 11.01.2020 (fa-IR). DW.COM. 18 апрели 2020 санҷида шуд.
  3. Harro Ranter. ASN Aircraft accident Boeing 737-8KV (WL) UR-PSR Sabashahr. aviation-safety.net. 18 апрели 2020 санҷида шуд.
  4. Соболезнования Президенту Ирана Хасану Рухани • Президент России. web.archive.org (8 Январ 2020). 18 апрели 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 Январ 2020.
  5. کارشناسان هوانوردی: علت سقوط هواپیمای اوکراینی می‌تواند موشک باشد(форсӣ). ایندیپندنت فارسی (9 Январ 2020). 18 апрели 2020 санҷида шуд.
  6. Leslie Josephs,Dan Mangan. Iran missile shot down Ukraine-bound Boeing airliner, officials say(англ.). CNBC (9 January 2020). 18 апрели 2020 санҷида шуд.
  7. Christiaan Triebert, Malachy Browne, Sarah Kerr, Ainara Tiefenthäler. Video Shows Ukrainian Plane Being Hit Over Iran (en-US), The New York Times (9 Январ 2020). Проверено 18 апрели 2020.
  8. ایران: هواپیمای اوکراینی در پی خطای انسانی هدف قرار گرفته است(форсӣ), BBC News فارسی (11 Январ 2020). Проверено 18 апрели 2020.
  9. Anton Troianovski, Andrew E. Kramer, Farnaz Fassihi. Furor in Iran and Abroad After Tehran Admits Downing Ukrainian Jetliner (en-US), The New York Times (11 Январ 2020). Проверено 18 апрели 2020.
  10. پرواز شماره ۷۵۲ هواپیمایی بین‌المللی اوکراین - ویکی‌پدیا، دانشنامهٔ آزاد(форсӣ). fa.m.wikipedia.org. 18 апрели 2020 санҷида шуд.
  11. Flight PS752 passenger list – официальный сайт МАУ (Украина)(рус.). FlyUIA. 10 Январ 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 Январ 2020.
  12. 12.0 12.1 Why were so many Canadians on doomed Iran plane? (11 Январ 2020). Проверено 12 Январ 2020.
  13. What we know about the Iran plane crash victims who were headed to Canada(англ.). CBC (8 January 2020).
  14. Катастрофа украинского «Боинга» в Иране: что известно о погибших, BBC, 8.01.2020
  15. Что произошло с разбившимся украинским самолётом?, BBC, 9.01.2020
  16. Countries demand Iran compensate relatives of plane-crash victims (16 Январ 2020). Проверено 24 Январ 2020.
  17. Why were so many Canadians on the plane that crashed in Iran?.
  18. Хто загинув і що сталося: Офіційні дані про падіння українського літака в Тегерані – Depo.ua(укр.). www.depo.ua. 10 Январ 2020 санҷида шуд.
  19. 24 ребёнка. При крушении Boeing 737 в Иране погибли целые семьи(рус.). news.liga.net (8 Январ 2020). 10 Январ 2020 санҷида шуд.
  20. Scholarship created in name of promising U of Manitoba scientist who died in Iran plane crash.
  21. Remembering the people from Manitoba on board Flight PS752.
  22. 'Empty chairs' across Canada’s academic community after Iran plane crash (10 Январ 2020). Проверено 24 Январ 2020.
  23. При крушении украинского лайнера под Тегераном погибли 13 афганцев(рус.). ТАСС. 24 Январ 2020 санҷида шуд.
  24. Sprothen, Vera. 176 Tote bei Flugzeugabsturz nahe Teheran (8 Январ 2020). Проверено 13 Январ 2020.
  25. Flugzeugabsturz im Iran: Familie aus Nordrhein-Westfalen unter den Opfern(олмонӣ). https://www.soester-anzeiger.de+(10. Januar 2020). 13 Январ 2020 санҷида шуд.
  26. Foreign Secretary statement on updated travel advice for Iran(англ.). GOV.UK. 12 Январ 2020 санҷида шуд.
  27. Первоначальный отчёт об инциденте иранской организации гражданской авиации
  28. Ann Linde. Iran admits responsibility for the horrifying plane crash that killed 176, incl 17 Swe residents. The shooting down of a civilian plane, even if unintentional, must be condemned. We demand Iran’s full cooperation w the investigation. We are in close contact w countries affected.(англ.). @AnnLinde (1 January 2020). 12 Январ 2020 санҷида шуд.
  29. В Киеве уточнили данные о гражданстве жертв авиакатастрофы в Иране. РИА Новости (8 Январ 2020).
  30. Компания-владелец разбившегося в Иране Boeing назвала число погибших. РБК (8 Январ 2020).
  31. Украинский Boeing 737 разбился в Иране, более 170 человек погибли. Коммерсантъ (8 Январ 2020).
  32. همسر یک قربانی هواپیمای اوکراینی: خانواده قربانیان تهدید به تجاوز جنسی شده‌اند(форсӣ). رادیو فردا. 18 апрели 2020 санҷида шуд.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "lower-alpha", but no corresponding <references group="lower-alpha"/> tag was found