Сфеноидит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Сфеноидит (Sphenoiditis), илтиҳоби луобпардаи ҷавфи фонашакл. Аҳёнан дучор меояд. Дар бисёр мавридҳо чун оризаи ринити шадид, грипп, баъзан сурхакон ва диг. бемориҳои сироятӣ пайдо мешавад. Ба пайдоиши С. каҷии тавораи бинӣ, атрезия ва синехияи бинӣ мусоидат мекунанд. С.-и шадид бо дарди пушти сар, чакка, чашм ва фарқи сар рух намуда, ҳисси шомма халал меёбад, ҳарор. бадан баланд мешавад. Баъзан биноӣ заъф меёбад. Аломатҳои С.-и музмин низ чунинанд, вале онҳо камтар зоҳир мешаванд. С.-и музмин гоҳо бидуни ягон аломат ҷараён ёфта, фақат биноӣ суст мешаваду бас. Муолиҷаи С. аз кам кардани варами луобпарда иборат аст.