Jump to content

Сӯзанзанӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Сӯзанзанӣ (Acutherapia, acupunctura), сӯзаншифоӣ, як навъи табобат, ки дар натиҷаи ба нуқтаҳои муайяни бофтаҳои нарми бадан задани сӯзанҳои махсус ба ҷо оварда мешавад. Мабдаи С. ба тибби қадимаи халқии Хитой, Корея, Япония мансуб аст. Дар Европа а. 17 маъмул шуд. С. ба муолиҷаи рефлексӣ тааллуқ дорад. Ҳангоми сӯзан задан ба нуқтаҳои қатъиян муайяни аз ҷиҳати биологӣ фаъоли сатҳи бадан (шумораи онҳо қариб 700 аст) ангезиш ба асабияи марказӣ гузашта, туфайли он таъсири танзимовари мағзи сар ва ҳароммағз ба узви иллатёфта барқарор мешавад ё афзун мегардад. Интихоби нуқтаҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол, ки ба онҳо дар аснои бемориҳои гуногун сӯзан задан лозим аст, малакаи калон ва маълумоти махсуси тиббиро талаб мекунад. Ин нуқтаҳо ба узви муайян, инчунин ба беҳтар ё бадтар шудани фаъолияти организм мувофиқат хоҳанд кард. Аурикулотерапия (ба нуқтаҳои муайяни суфраи гӯш халидани сӯзан) як навъи С. мебошад. Дар атрофи суфраи гӯш нуқтаҳои аз ҷиҳати билогӣ фаъоли ба узвҳои асосӣ ва кори тамоми организм мувофиқ «ғун» шудаанд. Ба нуқтаҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол нафақат бо С., балки бо ҷараёни электр (тавассути электродҳои махсуси хурди сатҳӣ; электрорефлексотерапия), сӯзан (муолиҷа бо сӯзану ҷараёни электр), инчунин бо ангуштон зер карда таъсир расондан мумкин аст. С. ва диг. навъҳои табобати рефлексиро барои муолиҷаи бемориҳои асаб ва узвҳои дарунӣ, иллати банду буғум ва мушакҳо истифода мебаранд. Ҳангоми омос, иллати хун, аломати дарду табларзаи номаълум С. норавост. Дар мавридҳои зарурӣ С.-ро пайваста бо истеъмоли дору кор мефармоянд. С.-ро духтур таъйин мекунад ва мегузаронад. Ниг. низ Акупрессура.