Сӯзании Самарқандӣ
Таърихи таваллуд: | 1100[1] |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1173[2][1] |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Сӯзании Самарқандӣ (форсӣ: سوزنی سمرقندی; Ҳоким Шамсуддин ибни Масъуд; 1100[1], Самарқанд — 1173[2][1]) — шоири ҳиҷогӯ ва қасидасарои форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Байни солҳои 1091-93 дар Насаф, ҳозира Қаршӣ таваллуд шудааст. Дар ҷавонӣ ба Бухоро рафта, баробари касби улум пешаи сузандагиро омухтааст. Ба шеъргӯи ҳангоми таҳсили мадраса шурӯъ кардааст. Пас аз хатми таҳсил ба Самарқанд омадааст. Вай баъзе амалдорони девони давлатиро дар қасидаҳояш васф намудааст. Баъди ба дасти Султон Санҷар (соли ҳукмрониаш 1118—1157) гузаштани Самарқанд (с. 1130) Сӯзании Самарқандӣ бо кумаки дустони мансабдори худ девондори давлат таъйин шуд. Вале бо туҳмати ҳасудон аз ин вазифа маъзул гардид.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз Сӯзании Самарқандӣ девони ашъор боқист, ки нухсаи комили он дар китобхонаи Калкутта (Ҳиндустон) маҳфуз буда, қариб 12 ҳазор байтро дар бар мегирад. Якчанд нусхаи нисбатан хурдтари девони шоир дар китобхонаҳои Россия ва Эрон махфузанд. Девони комили Сузании Самарканди дар Эрон солҳои 1960 ва 1966 ба табъ расидаанд.
Ашъори девони Сӯзании Самарқандӣ дар навъҳои маъмули назми давраи у: қасида, қитъа, ғазал, рубоӣ, мусаммат ва ғайраҳо навишта шудаанд, вале онҳо бо мундариҷа ва мазмуни худ аз ашъори шоирони дигар фарқ мекунанд. Дар эҷодиёти Сӯзании Самарқандӣ дар хавҷу мутоибот тамоюли ҳаҷвию мутоибавии адабиёти шаҳр дар се навъ: шеърҳои ҳаҷви, шахси, ғазали, мутоибави ва нақиза инкишоф ёфтааст. Сӯзании Самарқандӣ дар хачву мутоиботи зохиран «кабех»-и худ маданияти хандаву истехзои халқ, хушхолию зиндадилии мардумро ифода намудааст. Бештари хачвиёти Сӯзании Самарқандӣ бо ҳунарманди ва маҳорати баланди адабӣ навишта шуда, устоди ҳаҷв будани ӯро собит кардаанд. Қисми муайяни ашъори Сӯзании Самарқандӣ оид ба ҳунармандӣ ва васфу ситоиши касбомузӣ мебошад. Дар ашъори худ хукуматдоронро пайваста ба адлу инсоф ва тараххум нисбат ба омма ташвик намуда, ба мукобили баъзе золимони халқ киём кардани ӯ аз мафкураи гуманисти ва зиддиистибдодии табакаи ҳунармандон сар задаст.
Аз қасоид
[вироиш | вироиши манбаъ]- Симбар ёрам шуд аз ман симбар,
- Сим ёрам неву ёрам симбар.
- Ошиқи сим ар бихонад вай маро,
- Ман варо маъшуқ донам симбар,
- З-он нигори симбар бо ман намонд,
- Ҷуз нигоре, к-он ба рӯйи симбар.
- Кард симин рӯйи ман в-он гоҳ гуфт,
- Миннат аз ман дон, ки зар аз сим бар.
- Лӯъбате, симин санавбарқомате,
- Бар сари симин санавбар сим бар.
- Сими пинҳоне, ки моҳу мушку гул,
- Наргису шамшоду марҷону дурар.
- Наргиси ӯ бар камон пайваст тир,
- Тири ӯро заҳр, к-аш пайкону пар.
- То шавад з-он шаккарин марҷони ӯ,
- Заҳри тири наргиси ӯ безарар.
- Нордон марҷони дурогини ӯ,
- Гар бихандад, ёсуман гуяд шакар.
- Мушку шамшодаш кашида гирди гул,
- Доира чун тавқи қумрӣ бар камар …
Аз ғазалиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Эй ҷуфти дили ман, аз ту фардам,
- Эй роҳати ҷон, зи ту бадардам,
- То бод илу ҷони ман ту ҷуфтӣ,
- Ман аз дилу ҷони хеш фардам.
- Ранҷе, ки ман аз пайи ту дидам,
- Дарде, ки ман ғами ту хӯрдам,
- Баргую биёзмой якбор,
- То бишносӣ, ки ман чӣ мардам.
- Ман шоҳи вафову мардумиро,
- Кай чун ту гусистабеҳ кардам,
- Дорам дилу ҷон, ниҳам ба ишқат,
- Дар шашдар уфтода нардам.
- Эй симинсарв, дар фирокат,
- Чун зарринбол зору зардам,
- Бо лашкари ҳаҷри ту ҳама сол.
- З-умеди висол дар набардам.
- Бар раҳгузари балост,
- Аз раҳгузари бало нагардам.
- Бо оташу оби дидаву дил,
- Гардад зи ту ҷӯй боду гардам.
- З-он об чу хок хормандам,
- З-он оташ ҳамчу бод сардам.
- Ишқи ту ба ҷон шигард дорам,
- То умр ба сар шавад шигардам.
Аз рубоиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- То ишқи гули рухи ту дар дил дорам,
- Чун гул зи ғами ту пой дар гил дорам.
- То зери хами зулфи ту манзил дорам,
- Чун зулфи ту кори хеш мушкил дорам.
- Як шаҳр ҳама ҳадиси он рӯйи накӯст,
- Дилҳои ҳама ҷаҳониён бастаи уст.
- Мо мекушему дигарон иекушанд,
- То даст киро диҳад, киро хоҳад дуст?
- Дӯш аз ту диле ба дарду ғам доштаам,
- В-аз ҳаҷри ситамгарат, ситам доштаам.
- Дарди ту аз он чи доштам авали аҳд,
- Кам будам, агар заррае кам доштаам.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мирзоев А. Рӯдакӣ. — М., 1958.
- Нафисӣ С. Аҳвол ва ашъори Рӯдакӣ. — Теҳрон, 1337.
- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, Ҷ.1. — Душанбе,1988.
- Абдулманнони Насриддин. Куллиёти осор. Ҷ.1. — Хуҷанд, 2013.- С.391-394.
- Забебуллоҳ Сафо.- Таърихи адабиёт дар Эрон.Ҷ.2. — Теҳрон, 1389.- С.622-626.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |