Jump to content

Саидҷалол Ҳусайнов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз С. Ҳусайнов)
Саидҷалол Ҳусайнов

Саидҷалол Ҳусайнов (Ҳусайнов Саидҷалол Саймаҳмудович; зод. 5 августи 1983, ноҳияи Фархор) — таърихнигор ва донишноманависи тоҷик, номзади илмҳои таърих (2023)[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (2005). Коромӯзи кафедраи таърихи наву навтарин (2005‒2006), аспирант (2006‒2010), ассистенти кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии ДМТ (2012‒2013), муҳаррири пешбари редаксияи таърих, фалсафа, дин ва ҳуқуқ (2013‒2016), мудири редаксияи таърихи СИЭМТ (аз 2016). Дар таҳия, таҳрир ва тадвини мақолаҳои марбут ба таърих дар ҷилдҳои 2‒11 «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» саҳм дорад.

  • Аълочии фарҳанги Тоҷикистон