Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ноҳияи Фархор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ноҳияи Фархор
Кишвар  Тоҷикистон
Тобеъи Вилояти Хатлон
Маркази маъмурӣ Фархор
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 23 ноябри 1930
Масоҳат
  • 1 183,1 км²
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 179 100[1] нафар (2022)
Зичӣ 149 нафар/км²
Миллият тоҷикон, ӯзбекҳо
Мазҳаб мусулмонон
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Коди телефон 3316
Нишонаи почта 735140
Вебгоҳи расмӣ
Ноҳияи Фархор дар харита

Маводи мазкур аз тарафи Хуҷамбердиев Фахриёр ғолиби озмуни ҷумҳуриявии "Илм-фурӯғи маърифат" ҷамъоварӣ карда шудааст.

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тадқиқот дар ҳудуди ноҳияи Фархор

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тадқиқот дар ҳудуди ноҳияи Фархор. Дар робита ба азхудкунии заминҳо ва рушди кишоварзии обёришаванда дар қаламрави Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ , аз ҷумла дар водиҳои Фархору Чубек, ки дар соҳили  дарёҳои Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ) ва Яхоб (Яхоб (Яхсӯ)), солҳои зиёд тадқиқоти геологӣ-гидрогеологӣ ва таърихӣ гузаронида мешавад, ки дар натиҷаи он маводи зиёди воқеӣ ҷамъ оварда шудааст.[1]

        Дар кори А.В. Полуминсков (1931) шароити гидрогеологии мавзеи Митин-Тугай, ки дар резишгоҳи дарёи Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ) ва соҳили дарёи Панҷ ҷойгир аст, баррасӣ карда мешавад. Дар робита ба мушкилоти мелиорасияи водиҳои поёнии Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ) – Яхоб (Яхсӯ) ва Панҷ (дар ноҳияи Фархор) филиали Тоҷикистони Академияи илмҳои ИҶШС корҳои омӯзиши шароити гидрогеологии водиҳои номбурдаро ташкил мекунад. [2]Дар гузориши Н. И. Обиддин  дар бораи водии Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ) диққати асосӣ ба пайдоиши обҳои зеризаминӣ ва усулҳои мубориза бо намакшавӣ ва обшавии заминҳо дода шудааст, зеро ин равандҳо дар ҷараени поёнии Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ) хеле рушд ёфтаанд. Дар солҳои 1947-50 бо мақсади таҳияи супориши лоиҳавӣ оид ба таҷдиди таъминоти асосӣ, шабакаҳои обёрии магистралӣ ва байнихоҷагӣ, хоҷагии обёрии Тоҷикистон дар водиҳои дарёҳои Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ) ва Яхоб (Яхоб (Яхсӯ))-и минтақаиФархортадқиқоти гидрогеологӣ анҷом медиҳад. Дар ҳисоботи Е. А. Ансберг (1953)  хусусияти шароити гидрогеологии поёнии дарёҳои Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ) ва  Яхоб (Яхоб (Яхсӯ)) оварда шудааст.[3]

        Дар солҳои 1954-1955 Гипроводхоз дар водиҳои дарёҳои Яхоб (Яхоб (Яхсӯ)) ва Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ) тадқиқоти гидрогеологӣ мегузаронад. Корҳо ба мушоҳидаҳои сатҳи обҳои зеризаминӣ, муайян кардани таркиби химиявии онҳо, ҳисоб кардани коэффитсиенти филтркунӣ аз рӯи маълумоти насосҳои таҷрибавӣ, муайян кардани хосиятҳои физикию механикии хок оварда мерасонданд. Моҳи августи соли 1956 дар водии Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ) шабакаи иборат аз 38 чоҳ бунёд карда шуд. Дар ҳисоботи И. Ф. Меренянин (1957) тавсифи мухтасари шароити геологӣ ва гидрогеологӣ дода шудааст ва нишон дода шудааст, ки онҳо майдони калони заминро барои парвариши пахтаи нахдор ҷойгир мекунанд. [4]

Дар солҳои 1957-60 тибқи шартномаи Ҳисор шумораи зиёди чоҳҳоро дар водиҳои Вахш, Фархор, Панҷ ва Ҳисор барои обтаъминкунии шаҳрҳо, корхонаҳои саноатӣ, маҳалҳои аҳолинишини деҳотӣ ва заставаҳои сарҳадӣ, ки дар доираи водиҳои зикршуда ҷойгиранд, буридааст. Аз соли 1963 институти "Тоҷикгипроводхоз" тадқиқотҳоеро дар бораи асоснок кардани чорабиниҳои муҳофизати соҳил дар дарёҳои Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ) ва Яхоб (Яхоб (Яхсӯ)) анҷом медиҳад. Ин асосан корҳои гидрогеологӣ буданд, аммо таҳқиқоти муҳандисӣ – геологӣ низ сурат гирифт. [5]


[1] Абдуллов Джахонгир Давлатбекович. Разработка эффективных руслоформирующих мероприятий в целях защиты народно – хозяйственных объектов от наводнений (на примере Кызылсу - Яхсуйской долины). Диссертации на соискание учёной степени кандидата технических наук по специальности 25 00 36 – геоэкология и управления природопользованием (по отраслям). Душанбе. -2023.

[2] Раҳимов А. Аз таърихи тадқиқоти географии Осиёи Миёна. Хуҷанд: "Меъроҷ".  2011.-172 саҳ.

[3] Абдуллов Джахонгир Давлатбекович. Разработка эффективных руслоформирующих мероприятий в целях защиты народно – хозяйственных объектов от наводнений (на примере Кызылсу - Яхсуйской долины). Диссертации на соискание учёной степени кандидата технических наук по специальности 25 00 36 – геоэкология и управления природопользованием (по отраслям). Душанбе. -2023.

[4] Х. М. Саидмурадов, А. П. Недзвецкий, Г. П. Винниченко и др. Таджикистан : Природа и природные ресурсы. - Душанбе : Дониш, 1982. - 601 стр.

[5] Абдуллов Джахонгир Давлатбекович. Разработка эффективных руслоформирующих мероприятий в целях защиты народно – хозяйственных объектов от наводнений (на примере Кызылсу - Яхсуйской долины). Диссертации на соискание учёной степени кандидата технических наук по специальности 25 00 36 – геоэкология и управления природопользованием (по отраслям). Душанбе. -2023.

Мавқеи географӣ ва тақсимоти маъмурии ноҳияи Фархор

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз рӯи мавқеи географӣ ноҳияи Фархор чӣ дар кураи арз ва чи дар харитаҳои Авруосиё ва минтақаи Осиёи Марказӣ пушди нохун барин ҷойро ишғол менамояд гӯем, шояд хато накаунем. Барои ба мавқеи ҷойгиршавии он баҳои дуруст додан беҳтар аст, ки харитаи Тоҷикистон ва ё харитаи вилояти Хатлон назар андозем.[1]

Ноҳияи Фархор дар қисми ҷанубу ғарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми ҷанубу шарқии вилояти хатлон дар байни қаторкӯҳи Сиёҳкӯҳ(Қаротоғ), пуштакӯҳи Олимтой, теппаи Уртабуз ва дарёи Панҷ дар водии Фархор ҷойгир аст. Координатҳои географии он 37°30' арзи шимолӣ ва 69°24' тўли шарқиро ташкил менамояд. Он аз шимол бо ноҳияҳои Данғара ва Восеъ, аз тарафи ҷанубу ғарб бо ноҳияҳои Панҷ, Ҷалолиддини Балхӣ ва Вахш ва аз тарафи шарқ бо ноҳияи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ, аз тарафи ҷануб бо ноҳияҳои Дарқад, Янги Қалъа ва Хоҷа Ғори вилояти Тахор ва ноҳияҳои Имом Соҳиб ва Арчии вилояти Қундузи  Афғонистон ҳамсарҳад мебошад.[2] Тўли он аз шимол то ҷануб 61 км ва аз шарқ ба ғарб 35 км-ро ташкил менамояд. Масоҳати умумии Фархор        1 183  километри мураббаъ буда, маркази маъмурии он шаҳраки Фархор ба шумор меравад.  Ба ҳиссаи ноҳия 0,8 дарсад масоҳати Тоҷикистон рост меояд. Масоҳати ноҳия аз 24 давлатҳои ҷаҳон калон буда , қаламрави он аз андозаи чунин давлатҳои ҷаҳон бамонанди Сингапур, Тонга, Доминика, Байраҳн, Барбадос, Лехтенштейн, Сан-Марино, Малта, Ҷазираҳои Малдив, Андора, Микронезия, Палау барин давлатҳо калон аст. Масоҳати ноҳия ба майдони давлатҳои Маврикий, Люксембург ва ё Самоа қариб баробар мебошад. [3](нигаред ба расми 3)

Аҳолии ноҳия ба маълумоти моҳи сентябри 2023 187 ҳазор нафар мебошад. Фархор дар соҳили рости дарёи Панҷ ва дар поёноби дарёҳои Сурхобу Тоҳирсӯ ҷойгир шудааст. Қисми ғ75арбии ноҳияро қаторкӯҳҳои Қаратоғ (Сиёҳкӯҳ) ва Ҷалолиддини Балхӣ (Тереклитоғ) ишғол кардааст.  Ноҳияи Фархор 23 ноябри соли  1930 дар ҳайати вилояти Кӯлоби Ҷумуҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.[5]  Ноҳия дар масофаи 198 км  аз пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ва 160 км аз маркази вилоят шаҳри Бохтар воқеъ гардидааст. Ноҳияро бо маркази вилоят ва пойтахти кишвар  роҳи  Фархор-Гулистон ва Фархор-Панҷ мепайвандад.

Фархор аз 9 ҷамоати деҳот ва 58 деҳа иборат мебошад. (нигаред ба ҷадвали 1).

Ҷадвали 1. Тақсимоти маъмурии ноҳияи Фархор[6]

Номи шаҳрак ва деҳот Маркази деҳот Шумораи деҳаҳо Масофа то маркази ноҳия (км) Аҳолӣ

(январи 2023)

1 Шаҳраки Фархор ----------- -------- -------- 25 338
2 Ҷамоати Истиқлол Фирӯз 11 5 10 358
3 Ҷамоати Ватан Сафармат 12 10 16 749
4 Ҷамоати Хутан Марғзор 5 6 9 263
5 Ҷамоати Гулшан Гулшан 5 10 9 066
6 Ҷамоати Хуросон Деҳқонобод 2 14 15 235
7 Ҷамоати Дарқад Муҳоҷиробод 6 6 9 270
8 Ҷамоати Зафар Саховат 6 23 9 623
9 Ҷамоати Деҳқонобод Арча 6 16 9 076
10 Ҷамоати Фархор Аловуддин 5 3 11 928

Ноҳияи Фархор куҳанбунёд буда, дорои таърихи ғанӣ мебошад, ки воқеъан ҳам Фархор дар баробари дигар минтақаҳои таърихии Тоҷикистон таърихи хеле қадима дорад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ асосан дар китоби «Ҳудуд-ул олам», ки солҳои 982-983 навишта шудааст, аз он ҷумла дар хусуси Фархор, ки дар қадим Паргар номаш мебурданд чунин омадааст: «Паргар шаҳри  ободон, кишт ва  бисёр мардум». Дар Ноҳияи Пархар шумораи зиёди ёдгориҳои замонҳои гуногун мавҷуданд, ки аввалини онҳо ба асри санг тааллуқ доранд. Дар асрҳои аввали миёна шаҳраки қадимаи Шӯртеппа ё Мазортеппа, ки дар 3 км шимоли Фархор ҷойгир аст, ба қайд гирифта шудааст. Дар асрҳои миёна қаламрави ноҳияи ҳозираи Фархор ба ҳайати вилояти таърихии Хутталон дохил мешуд. Дар сарчашмаҳои асримиёнагӣ номи Фархор дар шакли "Фāргар" (форсӣ:  فارغر‎ ) ва ё "Бāгар" (форсӣ: بارغر )  омадааст ва гуфта шудааст, ки дар байни дарёҳои Фархор ва Ахшу(Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ) ва Яхоб (Ёхсу)-и имрӯза)  ҷойгир аст.

Дар Шоҳномаи Фирдавӣ топоними Фаргар омдааст, ки  дар робита ба рӯйдодҳои дар замони подшоҳи турон Афросиёб рухдода зикр шудааст. Дар асри X Фархор як шаҳри ободу пешрафта дар соҳаи  кишоварзӣ ва аҳолии зиёд буд. Дар асри XVII он бо номи "Фāрхар" (форсӣ: «فارخر»‎)) зикр шудааст.

Фархори муосир маҳз дар ҷои он шаҳри асримиёнагии "Фāргар" (форсӣ:  فارغر‎ ) ва ё "Бāгар" (форсӣ: بارغر )  ҷойгир аст. Ҳамин аст, ки таърихи қадими Фархор натанҳо муаррихону бостоншиносони тоҷик, балки бостоншиносони дигар давлатҳоро ба худ ҷалб кардааст. Дар ин маврид ҳамасола барои омӯзиши ёдгориҳои таърихии Фархор экспедитсияҳо ташкил карда мешавад. [7]


[1] Муҳаббатов Х.М., Диловаров Р.Д., Раҳимов М.Р. Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон (китоби дарсӣ). - Душанбе: «Офсет», 2011. - 248 саҳ.

[2] Фархор.Энсиклопедия. –Душанбе: “Ирфон”, 2011.-540 саҳ.

[3] Муҳаббатов Х.М., Раҳимов М.Р. Географияи Тоҷикистон. Душанбе, «Маориф ва фарҳанг», 2011. 312 саҳ

[4] Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2017. Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 580 саҳифа бо тасвирҳо.

[5] Фархор.Энсиклопедия. –Душанбе: “Ирфон”, 2011.-540 саҳ.

[6]Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2017. Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 580 саҳифа бо тасвирҳо.

[7] https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%9F%D0%B0%D1%80%D1%85%D0%B0%D1%80

Релеф ва сарватҳои табии ноҳияи Фархор

[вироиш | вироиши манбаъ]

Релефи ноҳияи Фархор  натиҷаи тараққиёти бисёрмиллионсолаи қишри замин мебошад. Дар давоми таърихи геологии замин вай мунтазам тағйир ёфта, шакли ҳозираи худро гирифтааст. Симои онро асосан қаторкӯҳҳои Сиёҳкӯҳ (Қаратов) ва Ҷалолиддини Балхӣ (Текраклитоғ), пуштакӯҳи Олимтой, теппаи Ӯртабуз ва ҳамвориҳои байникӯҳӣ водии Фархор муайян мекунанд.[1] Ба ин характери кӯҳӣ доштани релефи қаламрави ноҳия  гувоҳӣ медиҳад, ки 75 дарсади қаламрави онро кӯҳҳо ва фақат 25 дарсад онро водиҳо ва ҳамвориҳои доманакӯҳӣ ташкил менамоянд. Агар мавқеи қаламрави ноҳияро нисбат ба сатҳи баҳр ҳисоб намоем, вай аз сатҳи баҳр дар баландиҳои аз 400 то 1706 м воқеъ гардидааст. Шакли асосии релефро кӯҳҳо ташкил мекунанд.[2] 

Фархор сарзамини кӯҳист. Аз лиҳози хусусиятҳои геоморфолгӣ ин вилоятро ба ду қисмат ҷудо кардан ба мақсад мувофиқ аст. Яке шарқ ва дигаре ғарб. Ба қисмати шарқӣ водии Фархор ва ба ғарбиаш Сиёҳкӯҳ тааллуқ дорад. Минтақаҳои  ғарб нисбат ба шарқ баландтаранд. Дар ҷойгиршавии унсурҳои геоморфологӣ як қонунияти махсус ба мушоҳида мерасад. Чунин қонуниятҳои зерин ҳастанд: аксари пастхамиҳо дар ҷануб ва қисми зиёди кӯҳҳо дар шимол ва ғарби  ноҳия ҷойгиранд; аз ғарб ба шарқ тадриҷан паст мешаванд; релефи водии Фархор  барои тараққиёти хоҷагии халқ шароити мусоид дорад, вале инро дар минтақаи қаторкӯҳи Сиёҳкӯҳ камтар дида мешавад.  Зиёда аз 75  ҳудуди Хатлонро кӯҳҳо ишғол кардаанд. Нисбат ба дигар ноҳияҳои минтақаи  Кӯлоб кӯҳҳои ин диёр пасттаранд. Онҳо дар эраи мезозой пайдо гардида, дар кайнозой шакл гирифтаанд.  Кӯҳҳо аз шимол ва ҷануб торафт паст гардида, ба ҳамвориҳои теппадор ва пуштакӯҳҳо табдил меёбанд, ки аз 720 то 1000м баланданд. Қаторкӯҳҳоро аз якдигар водиҳои байникӯҳӣ ҷудо мекунанд. Аз ҷиҳати геоморфологӣ дар минтақаи Фархор ду шакли релефро ҷудо кардан мумкин аст. Яке релефи денудатсионӣ - эрозионӣ ва дигаре аккумулятивӣ.

Релефи денудатсионӣ - эрозионӣ дар минтақаи  кӯҳсор (қаторкӯҳи Қаратов ва Ҷалолиддини Балхӣ (Тереклитоғ)) ба мушоҳида мерасад. Дар хамиҳои байникӯҳӣ (водии  Фархору теппаи Ӯртабуз) ҳамвориҳои аккумулятивӣ вомехӯранд.[3]

Аз рӯйи тадқиқоти олимон релефи Фархор нисбат ба марзҳои ҳамсоя ҷавонтар аст. Кӯҳҳо дар охирҳои давраи палеоген ва ибтидои неоген ба вуҷуд омадаанд. Дар қисми шимолии ноҳия  намаккӯҳҳи Хоҷа-муъмин ҷойгир аст, ки аз ҷиҳати  пайдоиш дигар хел суръат гирифтааст. Дар ин боб академик Баротов Р.Б чунин менависад: «Хусусан дар охири давраи юра, аз ин 140 млн. сол пеш, дар миқёси Тоҷикистон кӯлҳои на он қадар чуқур ва ҷангалзорҳои бисёре буданд. Дар он кӯлҳо тадриҷан намак таҳшин шуда буд. Баъд табақаҳои намакро дигар ҷинсҳои кӯҳӣ - рег, гаҷ ва ғайра пӯшидаанд. Бо мурури замон дар натиҷаи фишори ҷинсҳои кӯҳии болоӣ намак ҷинсҳои атрофро тела дода боло баромадааст. Ба ҳамин тариқ, гумбазҳои намак пайдо шудаанд». Чӣ тавре маълум гардид, намаккӯҳҳо нисбат ба дигар қаторкӯҳҳои Фархор пештар пайдо шудаанд. «Пайдоиши водиҳои кундаланг дар мавзеъҳои гуногуни Фархор дар як вақти муайян пайдо нашудаанд, яъне то вақти бардошташавии фаъол онҳо самти худашонро дигаргун накарда буданд. Пайдоиши онҳо дар натиҷаи ҳаракатҳои шадиди бардошташавӣ дар замони элок рост меояд. Дар қисмати шимоли пастхамии Фархор тағйироти самти равиши водиҳо дар замони охири плиоссен ба вуҷуд омада бошад, пас дар мавзеъҳои қисми ҷанубии мавзеи номбурда (дар назди гумбази Хоҷа-муъмин ва пастхамии Чӯбеку - Фархор) ин дигаргунӣ дар охири замони плейстосен ба амал омад.»[4]

Яъне, ҳамвориҳои қисми шимолӣ нисбат ба ҷанубӣ пештар пайдо шуданд. Умуман водиҳои минтақаи Фархор  мувофиқи нишондоди коршиносон 2,5 - 2,7 миллион сол пеш ба амал омадаанд. Дар айни замон релефи минтақа дар зери таъсири равандҳои экзогенӣ ва эндогенӣ бо мурури замон тағйир меёбад. Аз ҷиҳати хусусиятҳои релеф ин ноҳияро ба ду қисм ҷудо кардан мумкин аст. Яке қисмати шарқӣ ва дигаре ғарбӣ. Дар ғарб ва шимол қаторкӯҳҳои баланди Сиёҳкӯҳ (Қаратов)  ва Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгир шудаанд. Баландтарини онҳо Сиёҳкӯҳ (Қаратов)мебошад, ки дар қисми ғарбии ноҳияҷойгир мебошад.  Қаторкӯҳи Сиёҳкӯҳ (Қаратов)   доман паҳн кардааст. Вай қаторкӯҳ қаторкӯҳи нисбатан паст буда, ҷойи баландтаринаш 1750м-ро ташкил медиҳад. Қуллаи баландтаринаш Шоҳи Аҳтам буда, майдони умумии қаторкӯҳ ба 71374 га баробар аст. Вай 75 фоизи масоҳати ноҳияи Фархорро ташкил медиҳад. Дар байни аҳолии маҳаллӣ Қаратов бо номи Сиёҳкӯҳ машҳур аст. Дар қисми ғарбии  ноҳияи Фархор қаторкӯҳи Ҷалоллиддини Балхӣ (Тереклитоғ ё қаторкӯҳи Терак) ҷойгир буда, қуллаи баландтаринаш Теракбобо 1715 метр мебошад. Дар байни ноҳияҳои Данғара, Фархор ва Восеъ пуштакӯҳи (плато) Олимтой ҷойгир мебошад, ки дар баландии 800 - 1000 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст.[5] Намаккӯҳҳои Хоҷамуъмин дар қисми шимолӣ ҷойгир шудаанд. Кӯҳи Хоҷамӯъмин аз сатҳи водӣ дар баландии 870 метр ва аз сатҳи баҳр дар баландии 1334м воқеъ аст. Нишебиҳои шимолию шарқиаш ростфаромада буда, ба сӯи ҷануб ва шарқ тадриҷан паст мешавад. Ҳаҷми гумбази намак 55 км3 ва майдонаш 6 ҳазор га аст. Дар ҳудуди минтақа баъзе теппаҳо ва баландиҳо вомехӯранд. Масалан, теппаи Ӯртабуз дар ноҳияи Фархор, ки шимол ба ҷануб 18 км ва аз майдонаш 8844 га буда, аз ғарб ба шарқ 9 -10 км тӯл мекашад.[6]

Ҳамвориҳо ва водиҳо дар баландии 400-800м воқеъ буда, асосан аз ҷинсҳои кӯҳии таҳ- шин таркиб ёфтаанд. Калонтарин водӣ ҳамворииФархормебошад, ки дар қад-қади дарёҳои Яхоб (Ёхсу) ва Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ) ҷойгир шудааст. Ин ҳамворӣ аз шимол ба ҷануб 40-50 км, аз ғарб ба шарқ ба масофаи 25 - 38 км тӯл кашидааст. Ба самти ҷануб тадриҷан пастар мешавад. Пастхамии Чӯбеку Фархор дар водии дарёи Сурхоб ҷойгир шудааст.

Ҳамин тариқ, релефи Фархор мураккаб буда, ба ҷойгиршавию инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ таъсири худро гузоштааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати сейсмикӣ яке аз кишварҳои фаъолтарин ба ҳисоб меравад. Ҳамасола дар Тоҷикистон 3 ҳазор маротиба заминҷунбиҳо рӯй медиҳанд. Вилояти Хатлон ҳамчун як гӯшаи Тоҷикистон буда, диёри серзилзила ба ҳисоб меравад. Хатлон дар минтақаи 6 - 7 баллаи заминларза воқеъ аст. Аз ҳудуди  пастхамии Фархор кафидаи Дарвозу Қароқул мегузарад, ки қад - қади ин тарқиш заминларзаҳои сахт рӯй медиҳанд. Муайян карда шудааст, ки манбаи заминларза дар ин минтақа чуқур ҷойгир нашудааст. Макони зилзилаҳои сахт берун аз Пастхамии Тоҷик ва минтақа воқеъ мебошанд.[7]

Сарватҳои табиӣ. Ноҳияи Фархор  ҳамчун як гӯшаи зебоманзари Ватанамон дорои табиати бой ва рангоранг мебошад. Алалхусус, захираҳои сарватҳои зеризаминии минтақа фаровонанд. Дар қаламрави минтақа даҳҳо конҳои сарватҳои зеризаминӣ кашф карда шудаанд. [8]

Бояд тазаккур дод, ки захираҳои геологӣ дар ҳудуди вилоят нобаробар ҷойгир шудаанд. Ин ба сохти геологӣ, инкишофи қишри замин ва ташаккулёбии релеф вобаста аст. Чунин ҳолат дар тараққиёт ва ҷойгиркунии соҳаҳои саноат дар қаламрави вилоят мушкилиҳо эҷод мекунад. [9]

Бояд гуфт, ки ноҳияи Фархор  аз сарватҳои зеризаминӣ наонқадар  бой аст.  Аз омӯзиши сохти геологии ноҳия  олимон ба хулосае омаданд, ки бояд дар минтақаҳои наздиккӯҳӣ ва атрофи Фархор конҳои нафту газ воқеъ бошад. Барои ошкор намудани ин конҳо аз техника ва технологияи навин истифода бурда, то умқи 6-7 км пармачоҳ кофтан лозим аст. Конҳои варақсангҳои сӯзанда (сланцы) дар  Сиёҳкӯҳ (Қаратов) кашф шудааст ин  варақсангҳо аз ҷиҳати таркиб гилӣ, регӣ ва оҳаксангӣ мешаванд ва дар таркиби худ моддаҳои пӯсидаи органикӣ доранд. Дар кони варақсангҳои сӯзанда (сланцы) Сиёҳкӯҳ (Қаратов) ғафсии варақсангҳо 0,5 м буда то ба 25  км дарозӣ паҳн шудааст. Захираи пешбини шуда 216 млн тонна мебошад,  вале истифодаи онҳо ба роҳ монда нашудааст.[10]

Дар ноҳия захриаи зиёдӣ масолеҳи сохтмон мавудаст, ки онҳо асосан аз гил, оҳак, гач, регҳои кварсдор ва ғайра иборат мебошад. Аз масолеҳи сохтмон, бахусус сангҳои оройишӣ (хоросанг, мармар, доломит, туф), ки дар қаторкўҳҳои Сиёҳкӯҳ (Қатаров) ва Ҷалолиддини Балхӣ (Тераклитоғ) мавҷуданд, аҳаммияти калон доранд. Маснуоти сохтмон низ дар водии Фархор, соҳили дарёҳои Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ) ва Панҷ низ бисёр аст. Ҳамаи ин захираҳои маҳсулоти сохтмон дар саноати масолеҳи сохтмони ноҳия истифода бурда мешавад ва он  барои тезонидани суръати саноати ноҳия аз ҷумла  бо манзил таъмин кардани аҳолӣ, сохтмони шаҳрҳо, роҳ ва ғайра зарур аст, ки барои аҳолии ноҳия бо нархҳои арзон дастрас карда мешавад.[11]


[1] Антропов П.Я., Дьяков Ю.А., Лихачев Ю.А. и др. Геология СССР. Том 24. Таджикская ССР. Часть 2. Полезные ископаемые. Москва: “Недра”. 1966 г., 599 стр.

[2] М. Раҳимов. Табиат ва сарватҳои табиии Тоҷикистон. Душанбе, ПИК «Офсет», 2001.-142 саҳ.

[3] Ҳусейн Аброров. Музофоти табию географии Зарафшон. Китоби якум. Тавсифи умумии табиат. Душанбе «Деваштич», 2004. 170 с

[4] Аброров Ҳ., Акмалов М.Ш., Аҳмадов А.Ш., Сафаров Ҳ.А., Музофоти географии Колоб. -Душанбе: «ПРОМЭКСПО», 2015. -132.

[5] Раҳимов А.И., Баротов Ҷ.Қ.,Мирзоев А.Қ.  Географияи вилояти Хатлон. Хуҷанд «Нури маърифат», 2021. -144 саҳ.

[6] Аброров Ҳ., Акмалов М.Ш., Аҳмадов А.Ш., Сафаров Ҳ.А., Музофоти географии Колоб. -Душанбе: «ПРОМЭКСПО», 2015. -132.

[7] Раҳимов А.И., Баротов Ҷ.Қ.,Мирзоев А.Қ.  Географияи вилояти Хатлон. Хуҷанд «Нури маърифат», 2021. -144 саҳ.

[8] М. Раҳимов. Табиат ва сарватҳои табиии Тоҷикистон. Душанбе, ПИК «Офсет», 2001.-142 саҳ.

[9] Р. Селиванов. Табиат ва сарватҳои табиии Тоҷикистон.  Сталинобод, П «Нашриёти давлатии Тоҷикистон», 1959.-138 саҳ.

[10] Антропов П.Я., Дьяков Ю.А., Лихачев Ю.А. и др. Геология СССР. Том 24. Таджикская ССР. Часть 2. Полезные ископаемые. Москва: “Недра”. 1966 г., 599 стр.

[11] Аброров Ҳ., Акмалов М.Ш., Аҳмадов А.Ш., Сафаров Ҳ.А., Музофоти географии Колоб. -Душанбе: «ПРОМЭКСПО», 2015. -132.

Иқлим ва обҳои дохилии ноҳияи Фархор

[вироиш | вироиши манбаъ]

2.3 Иқлим ва обҳои дохилӣ

Ноҳияи Фархор ҳамчун як, қисми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарзамини кӯҳсор мебошад, ки натиҷаи таъсири мутақобилаи бисёр омилҳои гуногуни иқлимҳосилкунанда, аз ҷумла мавқеи географӣ, сохти релеф, нарпошии (радиатсия)-и Офтоб, пушиши растанигии сатҳи замин, гардиши умумии атмосфера, аз уқёнусҳои ҷаҳон дур будан ва ҳаракатҳои ҳавоӣ аз мамлакатҳои дур аст. Тағйирёбии иқлим ва аз як ҳолат ба ҳолати дигар гузаштани он  ба фарқияти сатҳи маҳал вобаста аст. Ноҳия дар ҷануби шарқии вилояти Хатлон, дур аз баҳру уқёнусҳо ҷойгир аст. Бинобар ин, тағйироти унсурҳои метеорологии мавсимӣ ва шабонарўзӣ дар ин ҷо зиёд мебошад. Дар ҷануб ҷойгир шудани ноҳияи Фархор (37°30' арзи шимолӣ) бузургии радиатсияи Офтоб ва давомнокии давраи нашвро муқаррар мекунад.  [1]

Аз ҷиҳати табии ноҳия ба вилояти иқлимии Назидиосиёӣ дохил мешавад. Умуман иқлими водигии  ноҳия  дар минтақаи иқлимии субтропикии хушк ҷойгир  буда тобистон тўлонии гарм ва  зимистон кўтоҳи нарм мебошад. Дар ҳудуди ноҳия асосан чаҳон фасли сол дида мешавад, ки онҳо тибқи ҳисоби метреологӣ аз ҳисоби астраномӣ аз ҳамдигар фарқ мекунад. (нигаред ба ҷадвали 2 )

Ҷадвали 2 .Фаслҳои сол дар ноҳияи Фархор[2]

Фасли сол Ҳисоби метрологӣ Ҳисоби астраномӣ
Баҳор Аз 1 март то  31 май Аз 21 март то 20 июн
Тобистон Аз 1 июн то  31 август Аз 21 июн то  20 сентябр
Тирамоҳ Аз 1 сентябр то  30 ноябр Аз 21 сентябр то  20 декабр
Зимистон Аз 1 декабр то 28 феврал Аз 21 декабр то  20 март

Хусусияти намӣ ва таносуби бухоршавии комплексӣ нисбат ба боришот зиёда аз 3.00-ро ташкил медиҳад. Ҷамъи ҳарорати сатҳи замин аз 100С боло ба 44000С баробар буда ҳарорати миёнаи зимистон ба 00С баробар аст.  Иқлими кӯҳии  ноҳия  дар минтақаи иқлимии субтропикии хушк ҷойгир  буда тобистон гарми намии кам  ва зимистон кўтоҳи нарм мебошад. Ҷамъи ҳарорати сатҳи замин аз 100С боло ба 2200-44000С баробар буда ҳарорати миёнаи зимистон ба 00С баробар аст.[3]  (нигаред ба расми 6)

Маҷмўи радиатсияи солонаи Офтоб дар минтақа 151-176 ккал/см2 -ро ташкил медиҳад. Дар як сол Офтоб ба ҳисоби миёна 3166 соат партав меафшонад, бинобар ин, давомоти давраи нашв 290-305 рўз мебошад

Дар Тоҷикистон ин яке аз нишондиҳандаҳои баланд буда, барои парвариши рустаниҳои гармидўст (ситрусӣ ва субтропикӣ), инчунин дар ин мавсим рўёндани ду-се ҳосил мусоидат мекунад.

 

Расми 6.  Графики ҳарорати миёнаи моҳона ва миқдори боришот дар ноҳияи Фархор[4]

. Мутаассифона, барои нисбатан пурра истифода бурдани захираи гармӣ сармоҳои бемаҳалли баҳор ва хунукиҳои аввали тирамоҳ, инчунин, хушксолию гармселҳо мушкилоти зиёд пеш меоранд. Вобаста ба релеф ва баландии маҳал аз сатҳи баҳр дар ноҳия  ян навъи иқлим ташаккул ёфтааст, ки дар боло зикр карда шуд.[5]

Дар ташаккули иқлими ноҳия гардиши атмосфера аҳаммияти калон дорад. Вобаста ба фасли сол дар ноҳия бодҳои арктикӣ, ғарбӣ ва тропикӣ мевазанд. Зимистон иқлими ноҳия зери таъсири ҳавои хунуки арктикӣ ва ҳавои намноки атлантикӣ, тобистон зери таъсири ҳавои гарм ва хушки тропикӣ ташаккул меёбад. Зимистони ноҳия кўтоҳ ва тағйирёбанда аст. Ҳарорат ба ҳисоби миёна маъмулан аз 0° боло аст (баъзан ҳарорат то – 7-10°С, дар кўҳҳо бошад, то – 10-15°С паст мешавад). Баҳору тирамоҳи  водиҳо кўтоҳ ва боришот зиёд аст. Тобистон тўлонӣ, хушк ва гарм буда, дар водиҳо ҳарорат то +32-+35°С мешавад. Ҳарорати миёнаи гармтарини ноҳия соли 2017 шудааст, ки ҳарорати миёнаи тобистон ба +32°С ба шумор меравад. Ин нишондиҳандаи балантарин дар ҳудуди ноҳияи Фархор  мебошад. Яке аз хусусиятҳои иқлими ноҳия  дар тўли сол нобаробар будани боришот мебошад. Маъмулан, вобаста ба баландӣ миқдори боришот то ҳадди муайян меафзояд. Афзоиши боришот аз пастиҳо то кўҳҳо гуногун аст, зеро ба ин на фақат баландӣ ва релеф, балки тарзи ҷойгиршавии кўҳу водиҳо нисбати самти ҳаракати ҳавои намнок низ таъсири калон мерасонад. [6](нигаред ба ҷадвали 3).

Ҷадали 3. Иқлими ноҳияи Фархор[7]

Ном

Январ Феврал Март Апрел Май Июн Июл Август Сентябр Октябр Ноябр Декабр
Ҳарорати миёнаи рӯз 9℃ 13℃ 19℃ 22℃ 31℃ 37℃ 36℃ 35℃ 31℃ 25℃ 16℃ 11℃
Ҳарорати миёнаи шаб -5℃ -4℃ 4℃ 7℃ 12℃ 15℃ 18℃ 16℃ 12℃ 4℃ -1℃ -5℃
Рӯзҳои боронӣ 222 8 10 14 11 4 3 5 4 5 5 2
Рӯзҳои барфӣ 4 8 3 0 0 0 0 0 0 0 0 2
Рӯзҳои жола 0 0 0 1 0 0 0 1 0 1 0 0
Рӯзҳои тӯфон 0 1 2 7 8 2 1 3 2 3 1 0
Рӯзҳои туман 3 5 3 0 0 0 0 0 0 0 1 2
Давомнокии рӯз 10 11 13 14 15 15 14 13 12 11 10 10
Вақти офтобӣ дар давоми рӯз 5 6 9 8 11 13 9 10 10 7 9 8

Хусусияти асосии тавозуни гармӣ барои минтақаҳои ҳамвори ноҳияи Фархор, ба монанди водии Фархор, хароҷоти ҳадди ақали гармӣ барои бухоршавӣ мебошад. Қисми зиёди гармӣ ба гарм кардани ҳаво тавассути мубодилаи гармии турбулентӣ меравад. Тавре ки маълум аст, минтақаҳои хушксолӣ бо гармидиҳии турбулентӣ аз сатҳи замин ба атмосфера фарқ мекунанд, аз ин рӯ дар водиҳо  дар давоми сол асосан гармшавии ҳаво ба амал меояд.[8]

Дар бештар вақт дар  ноҳия миқдори асосии боришот ба мавсими сармо рост меояд. Баҳорон боришот бошиддат буда, хоки нишебиҳоро шуста мебарад ва обкандаҳои калонро ба вуҷуд меорад. Сели дар натиҷаи чунин боронҳо пайдошуда ба хоҷагии халқ зарари ҷиддӣ мерасонад. Миқдори боришоте, ки шамолҳои ғарбӣ меоранд, аз Ғарб ба Шарқ кам мешавад. Боришоти аз ҳама зиёд дар нишебиҳои қаторкўҳи Сиёҳкӯҳ (Қаратоғ) соле ба ҳисоби миёна то 400-450 мм бориш меборад. Мавзеи аз ҳама камбориши ноҳия водии Фархор  аст. Дар ин мавзеъ борон ва барф кам меборанд ва барф ба зуди об шуда меравад. Боришоти миёнаи солона ба 330,3 мм мерасад, ки ин нишондиҳандаи пастарин дар ноҳияи Фархор  мебошад. (нигаред бар расми 7).

Расми 7 . Ҳарорат ва боришоти миёнаи солона дар ноҳияи Фархор[9]

Ҳоло Замин нисбат ба охири солҳои 1800 (пеш аз инқилоби саноатӣ) 1,1°С гармтар ва аз ҳарвақта дар 100 соли охир гармтар аст. Даҳсолаи гузашта (2011-2020) гармтарин дар таърих буд ва ҳар яке аз чаҳор даҳсолаи охир нисбат ба ҳар даҳсолаи қаблӣ аз соли 1850 гармтар буд. Гарчанде ки бисёриҳо фикр мекунанд, ки тағирёбии иқлим маънои ҳарорати баландтарро дорад, болоравии ҳарорат танҳо оғози ҳикоя аст. Азбаски Замин системаест, ки ҳама чиз бо ҳам алоқаманд аст, тағирот дар як соҳа метавонад ба тағирот дар ҳама дигарон таъсир расонад. Аз ҳамин сабаб ин тағйирёби ба ноҳияи Фархор бетаъсир намемонад ва ҳарорати миёнаи солана ҳам дар ноҳия тағйир ёфта истодааст, ки тағйирёбии онро дар солҳои 1937 – 2017 дида мебароем. (нигаред ба расми  8).

Расми 8. Тағйирёбии ҳарорати миёна ҳаво дар солҳои 1930-2017 ноҳияи Фархор

Аз расми  бар меояд, ки ҳарорати миёнаи солана дар ҳудуди ноҳияи Фархор хеле зиёд тағйир ёфтааст, ки ҳоло мо дар солҳои охир дар ҳудуди ноҳия ин чизро хеле хуб эҳсос карда истодаем, ки пеш боришоти зиёди борон дар моҳҳои март ва апрел медидем, ки ҳоло боришоти дар ин моҳҳо хеле кам буда боришоти ногаҳони дар моҳҳои май ва июн хеле зиёд шудааст ва он ба омадани селҳои зиёд ва вайрон гардидани иншоотҳои хоҷагии қишлоқ ва заминҳои кишоварзӣ хеле зиёд шудааст. Боз дар ҳудуди ноҳия баъзе намуди маҳсулотҳои кишоварзӣ дар ҳамин моҳо пухта мерасид локин ин тағъирот дар иқлими ноҳия таъсири ҷиддӣ расонида ба соҳаи кишоварзии ноҳия зарари хеле зиёд расонида истодааст. Ҳатто ҳарорати миёнаи моҳҳо дар ҳар сол хеле тағйир ёфтааст, ки мо онро дар раси дар поён овардашуда дида метавонем. (нигаред ба расми 9 ).

Расми  . Ҳарорати миёнаи моҳ дар ноҳияи Фархор[10]

Ба ташаккули иқлими ноҳияи Фархор анбўҳи гуногуни ҳаво таъсир мерасонад. Дар ноҳия бодҳои маҳалли,  ки вобаста ба фасли сол ва релеф мевазанд, омили иқлимҳосилкунанда мебошанд. Дар ноҳияи Фархор  зимистон ва баҳорон шамолҳои ҷанубӣ ва ҷануби ғарбӣ бартарӣ доранд. Тобистон ва тирамоҳ давраи нисбатан бешамол бошад ҳам, тобистон баъзан шамолҳои кўтоҳмуддати ҷануби ғарбӣ мевазанд. Ин шамолҳоро «хокбоди афғонӣ» меноманд, ки он бо чангу ғубори  зиёд мевазад. Азбаски ин шамол аз ҷониби Афғонистон ба самти ҷанубу ғарб мевазад, сокинони маҳаллӣ онро "Хокбоди Афғон" меноманд. Хокбоди афғон аз рӯи нишондиҳандаҳои махсуси метеорологӣ мушоҳида мешавад, ки дар натиҷаи шамоли суст, ки аз шарқ 1-2 рӯз пеш мевазад, аввал хоки камшуда пайдо мешавад ва баъд оҳиста ғафс мешавад. Ҳарорати ҳаво баланд мешавад ва намии нисбӣ ба таври назаррас коҳиш меебад. Фишори атмосфера паст мешавад. Бо наздикшавии фронти ҳавоӣ, тундбодҳо ва сиклонҳо ба вуҷуд меоянд ва сипас ногаҳон тӯфони турбулентӣ хокбоди афғон ба вуҷуд меояд, ки бо суръати 30 м/с ва зиёда аз он мевазад. [11]

Хокбоди афғон қисми зиёди давраи гармселро ба анҷом мерасонад.  Хокбоди афғонӣ шамоли маҳаллӣ буда, дар болооби дарёи Ому ба амал меояд. Суръати он ба ҳисоби миёна 17-25 м сония аст. «Хокбоди афғонӣ» боди гарм ва ғуборнок буда, намии ҳаворо кам мекунад ва хеле зарарнок аст. Ин бод хокборонро ба амал меорад ва танҳо ҳангоми рўйи замин ва рустаниҳо комилан нишастани чангу ғубор хотима меёбад. Дар баъзе солҳо дар як сол 40-70 рўз хокбориш мешавад. Тирамоҳ пахта ва дигар зироатҳоро ғундошта, ғалладона ва зироатҳои тирамоҳӣ мекоранд. Дар ин фасл низ баъзан «хокбоди афғонӣ» мевазад. Зимистон моҳи ноябр ё аввали моҳи декабр сар мешавад. Дар ин фасл ҳаво тағйир ёфта меистад. Гоҳе ҳаво якбора мулоим шуда, тез-тез борон меборад. Барф назар ба борон кам борида, тез об мешавад. Баъзан хунуки сахт шуда, ҳарорат ба – 10°С ва ҳатто то  – 15° мерасад, аммо ин хел хунукиҳо бисёр давом намекунанд. Дар фасли зимистон дар ҷойҳои кушод анбўҳи ҳавои хунуки шарқӣ ва шимоли шарқӣ мевазад. Бо мақсади пешгўӣ кардани обу ҳаво дар ҷумҳурӣ даҳҳо истгоҳҳои метеорологӣ (обуҳавосанҷӣ) бунёд шудаанд. Пешгўйиҳои мунтазами обу ҳаво, махсусан пешгўйиҳои кўтоҳмуддат барои рўзи дигар; дарозмуддат – чандрўза ё якмоҳа барои муҳофизати боғу роғ ва киштзор аз сармо, барои дуруст интихоб кардани муҳлати киштукор ва ғунучини ҳосил низ шароити мусоид фароҳам меоранд. Ин  шамол ҳам яке аз мушкилотҳои сокинони ноҳия мебошад, ки агар он дар вақти гул кардани дарахтон ва ё вақти кишту кор вазад ба хоҷагии ноҳия зарари калон мерасонад. [12]

Рутубати мутлақ ва нисбии ҳаво низ вобаста ба баландии маҳал тағйирёбанда мебошад. Дар водиҳои Ҷанубу Ғарбии Тоҷикистон барои моҳи январ рутубати баланди мутлақ хос буда ба 5,7-6,3 мб (миллибар) мерасад. Бо баробари афзудани баландии маҳал рутубати мутлақ паст мефарояд, барои ҳамин ҳам дар баландиҳои 2000-2500 м рутубати ҳаво ба 2-3 мб ва дар баландкӯҳҳо аз 1 мб камтар (моҳи январ) мефарояд.

Аз моҳи феврал рутубати мутлақи ҳаво тадриҷан меафзояд. Дар водии дарёҳо ва канори обанборҳо ба 12-17 мб зиёд мешавад. Дар фасли тобистон бо баробари афзудани баланди рутубати мутлақ коҳиш меёбад ва ин ҳолат ба паст шудани ҳарорат алоқаманд мебошад. Масалан, дар баландии 1000-2000 м рутубат 6-8 мб бошад, дар баландии 2000- 3000 м ба 5-6 мб ва дар баландии беш аз 3000 м ба 3-4,5 мб мефарояд.

Умуман Тоҷикистон ва аз ҷумла Тоҷикистони Ҷанубу Fарбӣ аз ҷиҳати намнокии ҳаво тӯли сол мавқеи паст дорад. Дар водии дарёҳои ҷануби Тоҷикистон намнокии нисбии ҳаво дар моҳи январ 70-80%. Дар пешкӯҳҳо бо баробари афзудани баландӣ дар моҳҳои февралу март меафзояд, вале баъдан дар моҳҳои май-июн, ки боридани борон хотима меёбад, нишондиҳандаи намии нисбӣ аз 40% ба 25-30% мефарояд. Агар моҳҳои фасли гарми сол камнам, камабр ва камбориш бошад, ба ҳаловату истироҳат таъсири манфӣ намерасонад, балки нишондиҳандаҳои таҷдиди саломатӣ ва сайёҳиро беҳ мегардонад. Чуноне, ки болотар нишон дода будем суръати миёнаи моҳона ва солонаи бод дар аксар маҳалҳои музофоти Кӯлоб баланд нест. Барои пойгоҳҳои Данғара ва Кӯлоб моҳи суръати ҳаракати бештари бод март буда, мувофиқан 1,7-1,8 м/сония ва солона 1,3-1,5 м/сонияро ташкил медиҳад. Пас, аз ин ҷиҳат шароити иқлим (бод) барои гашту гузор ва осоиш таъсири манфӣ намебахшад.[13]

Дар баробари сохти геологӣ ва релйеф иқлим ва омилҳои асосии он аз қабили ҳарорат, рутубат, бориш, абрнокӣ, суръати бод, хобиши барф ва ғайра барои баҳо додан ба захираҳои рекреатсионӣ ва сайёҳӣ муҳиманд. Барои муайян намудани қиммати рекреатсионӣ ва сайёҳии обу ҳаво ва иқлим пойгоҳҳои обу ҳавосанҷӣ хизмати хуберо ба ҷо меоваранд. Дар ҳудуди музофоти Кӯлоб чунин пойгоҳҳо дар Фархор, Кӯлоб, Данғара, Ховалинг ва ғайра ҷойгир шудаанд, ки аз сатҳи баҳр дар баландиҳои 447-1468 м воқеъ мебошанд, ҳудуди байнашон то 1022 м-ро ташкил медиҳад, яъне дар ҳамвориҳо ва пасткӯҳҳо макон доранд. Дар кӯҳу миёнакӯҳҳо чунин пойгоҳҳо вуҷуд надоранд. Аз ин лиҳоз, баҳои хоҷагӣ додан ба омилҳои иқлимиро нопурра мегардонад. Сарфи назар аз ин ноқисиҳо дар заминаи пойгоҳҳои мавҷуда ба омилҳои иқлимии музофоти Кӯлоб баҳои рекреатсионӣ ва сайёҳӣ додан мумкин аст. Муқоисаи нишондиҳандаҳои иқлимии дар ҷадвали овардашуда ба он далолат мекунанд, ки шароити обу ҳаво ва иқлим аз бисёр бобат ба талаботи муассисаҳои рекреатсионӣ (табобатгоҳҳо, истироҳатгоҳҳо, осоишгоҳҳо барои қабули гелио ва аэротерапия, сайру гашт) ҷавобгӯй мебошанд. (нигаред ба ҷадвали 4).

Ҷадвали 4. Нишондиҳандаҳои иқлимӣ барои пойгоҳҳои обуҳавосанҷии музофоти Кӯлоб[14]

Хусусиятҳои иқлимии музофоти Кӯлоб аз ҷанубу ғарб ба шимолу шарқ, аз ғарб ба шарқ ва аз доманаи пасткӯҳу миёнакӯҳҳо ба қуллаи онҳо баромадан тағйир меёбанд. Муайян карда шудааст, ки дар мавриди ба ҳар 100 м боло баромадан ҳарорати ҳаво ба ҳисоби миёна 0,6° паст мешавад. Дар раванди боло баромадан ба кӯҳҳо на танҳо ҳарорат, балки фишори атмосферӣ, шаффофии ҳаво, радиатсия, таъсири нурҳои ултрабунафш, намнокӣ, зичии ҳаво низ тағйир меёбад ва ба аъзоҳои бадан таъсири равшан мегузоранд.

Чуноне, ки дар ҷадвали 3 дида мешавад, ҳарорати ҳаво дар моҳҳои алоҳида ва пойгоҳҳои алоҳида то андозае тафовут доранд. Танҳо дар Ховалингу Сарихосор моҳҳои январу феврал нишондиҳандаи манфӣ (-3,3 -1,3°C) доранд дар дигар пойгоҳҳо нишондиҳанда мусбат мебошад.[15]

Аз далелҳои боло оварда метавон хулоса намуд, ки қисми бештари фаслҳои сол барои рекреатсия ва сайёҳӣ мувофиқ аст, вале вобаста ба хосиятҳои мушаххаси онҳо дар маҳалҳои ҷудогона шаклҳои гуногуни хизматгузории рекреатсионӣ ва сайёҳиро ба роҳ мондан лозим меояд.

Обҳои дохилӣ. Ноҳияи Фархор аз обҳои дохилӣ ғанӣ нест, ин ҷо пиряхҳо вуҷуд надоранд, дарёҳо камоб ва хуле шӯр ба ғайр аз дарёи Панҷ вуҷуд доранд. Обҳои дохилӣ маҳсули релеф ва иқлим мебошад. Дар зери таъсири мутақобилаи онҳо дар қаламрави Тоҷикистон пиряхҳо, обҳои зеризаминӣ, дарёҳо, кӯлҳо, ботлоқҳо ташаккул ёфтаанд, ки ҳамаи онҳоро дар маҷмӯъ обҳои дохилӣ меномем. Онҳо аз ҷиҳати пайдоиши худ фарқ кунанд ҳам, аммо бо ҳам алоқаманд мебошанд. Дар якҷоягӣ комплекси сарватҳои обии ноҳияро ташкил менамоянд. Гуногунии захираҳои сарватҳои обӣ, тақсимот ва ҷойгиршавии онҳо омили муҳими истифодаи қаламрави ноҳия ва ташаккулёбии хусусияти ба худ хоси географи хоҷагии он мебошад. [16]

Мавқеи табиию географӣ, орография, шароити иқлимӣ ва бисёр будани захираи пиряху тармаҳо омили асосии пайдоиши дарёю кўлҳои Тоҷикистон мебошанд. Қисми зиёди дарёҳои Тоҷикистон ба ҳавзаи баҳри Арал тааллуқ дорад ва тамоми дарёҳои ноҳия ба ҳавзаи дарёи Панҷ дохил шуда таввасути дарёи Ому ба баҳри Арал мерезад. Дарёҳои асосии ноҳия Панҷ, Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ), Тоирсӯ ва ғайраҳо мебошанд. Дарёҳо вобаста ба манбаи ғизо, низом ва аҳаммияти хоҷагӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дарёҳои ноҳия аз ҷиҳати ғизогирӣ ба навъҳои гуногун дохил мешаванд аз ҷумла пиряху барф (дарёи Панҷ), барфу борон ва обҳои зеризаминӣ (дарёҳои Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ) ва Тоирсӯ). Низоми дарёҳо ба тарзи ғизогирӣ вобаста аст. Аксари онҳо дар тўли сол ду маротиба – баҳорон, ҳангоми об шудани барф ва боронгарӣ, ва тобистон, дар натиҷаи об шудани пиряхҳо, туғён мекунанд. Бахусус, туғёни дарёҳо дар тобистон аҳаммияти калон дорад, зеро дар ин давра рустаниҳо ниҳоят обталаб мешаванд. Зимистон оби дарёҳо бисёр кам шуда, истифодаи онҳоро душвор месозад. Аз ин лиҳоз барои танзими ҷараёни дарёҳо (рўдҳо) обанборҳо бунёд мекунанд.[17](Нигаред ба расми 10).

Дарёи  Панҷ.  Солҳои охир таваҷҷуҳ ба омӯзишу таҳқиқи дарёи Панҷ ва шохобҳои он бештар шуд. Дар натиҷа ошкор гардид, ки ин дарё ва шохобҳои он барои рушди устувори иқтисодиёти Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама, барои сохтани неругоҳҳои барқии обӣ, обёрии сунъӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ва ҳам барои давлати ба мо ҳамсоя –Афғонистон аҳамияти калони амалӣ дорад.

Расми  10. Харитаи гидрологии Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ

Дарёи Панҷ саргаҳи дарёи Ому ва сарҳади ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон мебошад, ки дарозии он ба 921 км мерасад. Ин дарё аз байни қаторкӯҳҳои баланд печутоб хӯрда, аз шарқ ба самти ғарб ҷорӣ ва аз ҳисоби шохобҳо пуроб мешаванд.

Вобаста ба сохти сатҳ саргаҳи дарёи Панҷ – Помир аз шарқ ба ҷанубу ғарб то Ишкошим давом мекунад, аз Ишкошим то ба Рӯшон ба самти шимол, баъдан ба самти ҷанубу ғарб тоб мехӯрад, аз он то деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз ба самти шимолу ғарб, аз он то ба деҳаи Кишти ноҳияи Шӯробод ба самти ҷанубу ғарб, сонӣ ба самти ҷануб, баъдан то деҳаи Сомониёни ноҳияи Ҳамадонӣ ба самти ғарб, боз ба ҷанубу ғарб, аз деҳаи Муллоқули Афғонистон то деҳаи Қумсойи ноҳияи Панҷ ба самти шимолу ғарб ва ниҳоят аз деҳаи Қумсай ба ҷанубу ғарб тоб хӯрда ба дарёи Вахш мепайвандад ва дарёи бузургоби Омуро ташкил мекунанд. Дар тамоми ин самт дарёи Панҷ аз тарафи рост бо қаторкӯҳҳои Шоҳдара, Ишкошим, Рӯшон, Шуғнон, Ванҷ, Дарвоз ва аз тарафи чап бо пешкӯҳҳои қаторкӯҳи Ҳиндукуш, қаторкӯҳи Лаълу Сафедкӯҳ ва дигар кӯҳу қаторкӯҳҳо иҳота гардида, ҷорӣ шуда меравад.

Маҷрои дарёи Панҷ аз шаҳри Хоруғ сар карда, то Рӯшон, Ванҷ Қалъаи хум ва ноҳияи Ҳамадонӣ барои созмони НБО-ҳо хеле мувофиқ аст ва сохтани силсиланеругоҳҳо ба қайд, чандин лоиҳаҳо ба нақша гирифта шуда, татқиқотҳо идома доранд.

Панҷ калонтарин дарё дар ҳудуди Тоҷикистон ба шумор меравад, ки 921 км дарозӣ, 114000 км2 майдон ва ҳаҷми солонаи обшораи он ба 32,1 км3 баробар аст. Ҷои ба ҳам омезишёбии рӯдҳои Помир (аз рост) ва Вахондарё аз тарафи чап (Афғонистон)- ро саргаҳи дарёи Панҷ мешуморанд.  Дарёи Панҷ аз ҷиҳати ғизогирӣ ба типи дарёҳои пиряхию барфӣ мансуб мебошад, давраи пуробиаш бардавом аст, қуллаи серобӣ ба моҳи июл мувофиқат мекунад.  Дарёи Панҷ калонтарин дарёи ҳудуди ноҳия ба шумор рафта ҳудуди ноҳия тақриба 130-150 км он ҷорӣ мешвад ва аҳолии ноҳияро қариб пурра ба оби нушокӣ ва обёрӣ таъмин мекунад, ки оби дигар дарёҳо ба монанди Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ) ва Тоироб (Тоирсӯ) барои нушидан ва обёрӣ мувофиқ нест бабаи асоси оби ин дарёҳо дар чуқуриҳои зиёд ҷойгир буда обашон хеле шӯр мебошад.

Дарёи Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ)  и Ҷанубӣ. Дар ҳудуди музофоти Кӯлоб охирин шохоби калони тарафи рости дарёи Панҷ – дарёи Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ)  и Ҷанубӣ (Қизилсу) ва шохобҳои калони он, Яхоб (Ёхсӯ)   ва Тоҳироб (Тоҳирсу) воқеъ гаштаанд.  Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ)   ва шохобҳои он аз ҷиҳати тарзи ғизогирӣ, реҷаи гидрологӣ, таркиби химиявӣ, мавҷудоти зинда ва дараҷаи истифодаашон дар соҳаҳои хоҷагӣ то андозае тафовут доранд.

Дарёи Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ)   дар наздикии ағбаи Арчатук (2600 м) шимолу шарқии қаторкӯҳи Вахш оғоз ёфта, ба самти ҷанубу ғарб ва ҷануб ҷорӣ гашта, пас аз тай намудани масофаи 232 км дар назди ҷазираи Ӯртатуғайи дарёи Панҷ ба он ҳамроҳ мешавад. Ин дарё дар саргаҳаш аз Ишколдарё, Обимазор, Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ)   ва Тираоб сарчашма мегирад ва дар мавзеи Балҷувон пасупеш ба ҳам якҷоя шуда, дарёи Шӯробдарё ва сонитар Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ)  ро ташкил медиҳанд.

Манбаи ғизогирии дарёи Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ)   барфҳои мавсимӣ (37%), обҳои зеризаминӣ (57%) ва боронҳои баҳорӣ (6%) мебошанд. Серобшавии дарё аз миёнаи моҳи феврал оғоз ёфта, дар миёнаи моҳи апрел ба ҳадди баланд мерасад, дар охири моҳи июн хотима меёбад, пас серобии дарё 131 шабонарӯз тӯл мекашад. Харҷи камтарини об ба моҳҳои август-сентябр рост меояд. Харҷи миёнаи солонаи дарёи Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ)   90 м3/сония ва харҷи камтарини он ба 18 м3/сония мефарояд, маъданнокии миёнаи об ба 3 г/л баробар аст. Дар давраи серобӣ ранги оби дарё сурхи қаҳваранг мегардад, шояд барои ҳамин ҳам ин дарёро Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ)   номидаанд. Дар Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ)  дарё ва шохобҳои он мавҷудияти 20 намуди моҳӣ маълум аст, чанде аз онҳо қиммати шикорӣ доранд.

Дарёи Тоҳироб (Тоҳирсӯ). Шохоби калони самти рости дарёи Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ)   Тоҳироб (Тоҳирсӯ) ном дорад, аз ҷанубу шарқии қаторкӯҳи Вахш ва шимолу ғарбии пасткӯҳи Ҷилонтоғ, инчунин шохоби дигараш аз самти шимолу шарқии пасткӯҳи Сарсарак сарчашма мегирад, 45 км шимолтари резишгоҳи Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ)   ба он ҳамроҳ мешавад.  Дарозии Тоҳироб 118 км, ҳавзаи обғундораш 1860 км2 ва харҷи миёнаи солонаи обаш ҳамагӣ м3/сонияро ташкил медиҳад.  Серобии Тоҳироб аз нимаи дуюми феврал оғоз ёфта, дар охири моҳи май хотима меёбад ва ба 102 шабонарӯз баробар аст. Тоҳироб аз ҷиҳати маъданнокӣ дар байни дарёҳои Тоҷикистон ҷои аввалро мегирад (беш аз 6 г/л), аз ҷиҳати таркиби химиявӣ сулфатӣ ва хлоридӣ мебошад. 

Дарёи Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ)   дар поёнобаш хосияти хлоридӣ, вале Яхоб (Ёхсӯ)   хосияти гидрокарбонатӣ дорад. Дарёи Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ)   аз ҷиҳати лойолудӣ дар байни дарёҳои Тоҷикистон ҷои аввалро ишғол мекунад. Обовардҳои муаллақи дарё тӯли сол 15 миллион тоннаро ташкил медиҳад. 

Иқтидори гидроэнергетикии дарёи Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ)   244000 кВт ва дар якҷоягӣ бо шохобҳояш ба 794000 кВт баробар аст. Реҷаи гидрологии дарёи Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ)   ва шохобҳои калони он, аз қабили Яхоб (Ёхсӯ)   ва Тоҳироб ба талаботи хоҷагӣ ва алалхусус барои кишоварзӣ (зироаткорию боғу токпарварӣ) мусоид нест, зеро баҳорон зуд сероб мешаванд, вале ҳангоми эҳтиёҷ ба об боло рафтан камоб мешаванд. Захираи оби ҷории дарёи Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ)   байни моҳҳои июл-сентябр ҳамагӣ 13%-и солонаи оби дарёро ташкил медиҳад. Баъзе шохобҳои ин дарё дар ин муддат хушк мешаванд. Аз ин хотир, барои сарфакорона истифода бурдани оби ин дарёҳо сохтани иншоотҳои гидротехникӣ – обанбору обҳавзаҳо зарур мебошанд.

Агар захираи оби дарёҳои музофоти Кӯлобро ба ҳар сари аҳолии он тақсим намоем, дар ҷумҳурӣ нишондиҳандаи пастро ташкил медиҳад. Захираи оби мавҷудаи музофоти Кӯлоб барои васеъ намудани майдонҳои зироаткорӣ ва боғу токпарварӣ хеле маҳдуд мебошад, барои ҳамин ҳам аз обанбори Норак тавассути нақбканали (туннели ирригатсионии) 14-километра ба ноҳияи Дангара об оварда шуд.

Нақшаҳое ҳастанд, ки дар оянда дар мавзеи Даштиҷум обанбор ва неругоҳи пуриқтидор сохта, як қисми оби онро ба ҷанубии музофоти Кӯлоб оварда шавад.[18]

Обҳои зеризаминии музофоти Кӯлоб ҳам вобаста ба сохти геологӣ, аломату хосиятҳои релйсф, иқлим дар чуқуриҳои гуногун воқсъ гардидаанд, дар маҳалҳои ҷудогона аз қабили саргаҳи дарёи Сурхоб, Яхшу ва Тоҳироб, инчунин канори маҷрои дарёҳо ба сатҳ баромадаанд, шириноб, шӯр ва ё маъданӣ мебошанд. Дар мавзеъҳои алоҳида обҳои зери заминӣ дар байни қабатҳои хамидаи обгузар ва обногузар хазинаҳои обиро ташкил додаанд, зери фишори паст ва чанде дигарашон зери фишори баланд қарор доранд, ҳангоми кофтани пармачоҳҳо аз чуқуриҳои даҳҳо ва садҳо метр оҳиста ва ё фаввора зада ба сатҳ мебароянд.

Захираи обҳои зеризаминӣ мувофиқи пешгӯиҳо дар ҳавзаи дарёҳои Сурхобу Яхшу 1315 млн. метри мукаабро ташкил медиҳанд. Истифодаи тасдиқшудаи обҳои зеризаминӣ (соли 1986) 328,0 млн. метри мукааб ва ё 25% захираи пешгӯишударо ташкил медиҳанд. Аз ин ҳисоб соле барои корҳои хоҷагию нӯшоӣ, истеҳсолию техникӣ 293 млн. метри мукааб истифода мешавад.

Дар музофоти Кӯлоб байни асрҳои XV-XVIII аз дарёи Панҷ канали Зулмарик, аз дарёи Сурхоб канали Арал, аз дарёи Яхшу канали Ҳукумат сохта об гирифта мешуд.

Соли 1940 аз дарёи Панҷ тавассути канали дарозиаш 17,2 км-и Деҳқонобод сохта шуд, ки 15 ҳазор га заминҳои ноҳияи  Ҳамадонӣ, Фархор, Воссъ ва Кӯлоб обёрӣ гашт ва пурра заминҳои обёрии ноҳия ва аҳолии он аз оби ҳамин канал истифода мебаранд. Оби ин канал дар фаслҳои баҳор ва тобистон бисёр лойолуд омада хокҳои зиёдро ба ҳудуди ноҳия меорад ва аҳолӣ маҷбур мешавад, ки ҳарсол ин каналро аз ҳаргуна партовҳо ва хокҳои зиёд тозакунанд. Аз ин канал боз каналҳои зиёди хурду бузург сохта шудааст, ки барои мисол оли 1974 аз дарёи Панҷ ба музофоти Кӯлоб тавассути канали Арпатуғулдӣ, Бештигирмони Поён, аз Деҳқонобод ба воситаи канали Кафтархона об гузаронида 14,1 ҳазор га замин обёрӣ шуд.[19]


[1] Х. Муњаббатов, Ш. Акобиров, М. Рањимов. Географияи Тољикистон. – Душанбе: Маориф, 2020. – 256 сањ.

[2] https://hikersbay.com/climate/tajikistan/farkhor?lang=ru

[3] Х. Муњаббатов, Ш. Акобиров, М. Рањимов. Географияи Тољикистон. – Душанбе: Маориф, 2020. – 256 сањ.

[4] https://weatherandclimate.com/tajikistan/khatlon/parkhar

[5] Х. Муњаббатов, Ш. Акобиров, М. Рањимов. Географияи Тољикистон. – Душанбе: Маориф, 2020. – 256 сањ.

[6] Муҳаббатов Х.М., Раҳимов М.Р. Географияи Тоҷикистон. Душанбе, «Маориф ва фарҳанг», 2011. 312 саҳ.

[7] https://hikersbay.com/climate/tajikistan/farkhor?lang=ru

[8] М. Раҳимов. Табиат ва сарватҳои табиии Тоҷикистон. Душанбе, ПИК «Офсет», 2001.-142 саҳ.

[9] https://hikersbay.com/climate/tajikistan/farkhor?lang=ru

[10] https://hikersbay.com/climate/tajikistan/farkhor?lang=ru

[11] Х. Муњаббатов, Ш. Акобиров, М. Рањимов. Географияи Тољикистон. – Душанбе: Маориф, 2020. – 256 сањ.

1.    [12] Х. Муњаббатов, Ш. Акобиров, М. Рањимов. Географияи Тољикистон. – Душанбе: Маориф, 2020. – 256 сањ.

[13] Аброров Ҳ., Акмалов М.Ш., Аҳмадов А.Ш., Сафаров Ҳ.А., Музофоти географии Колоб. -Душанбе: «ПРОМЭКСПО», 2015. -132.

[14] Ҳусейн Аброров. Музофоти табию географии Зарафшон. Китоби якум. Тавсифи умумии табиат. Душанбе «Деваштич», 2004. 170 с.

[15] Аброров Ҳ., Акмалов М.Ш., Аҳмадов А.Ш., Сафаров Ҳ.А., Музофоти географии Колоб. -Душанбе: «ПРОМЭКСПО», 2015. -132.

[16] Раҳимов А.И., Баротов Ҷ.Қ.,Мирзоев А.Қ.  Географияи вилояти Хатлон. Хуҷанд «Нури маърифат», 2021. -144 саҳ.

[17] Х. Муњаббатов, Ш. Акобиров, М. Рањимов. Географияи Тољикистон. – Душанбе: Маориф, 2020. – 256 сањ.

[18] Раҳимӣ Ф., Муҳаббатов Х., Ниёзов А.С., Аброров Ҳ.Об, илм ва рушди устувор. Душанбе: Дониш, 2018. – 432 саҳ.

[19] Аброров Ҳ., Акмалов М.Ш., Аҳмадов А.Ш., Сафаров Ҳ.А., Музофоти географии Колоб. -Душанбе: «ПРОМЭКСПО», 2015. -132.

Хок ва захираи замини ноҳияи Фархор

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хок яке аз моддаҳои мураккаб ва омехтаи табиӣ мебошад, ки қабати рӯйи Замин буда қобилияти ҳосилхезӣ дорад, хок номида мешавад. Таркиби хок хеле мураккаб буда, онро илми хокшиносӣ меомӯзад.  Асосгузори ин илм олими рус В. В. Докучаев аст. Мувофиқи таълимоти ӯ омилҳои муҳимтарини хокҳосилкшавӣ иқлим, ҷинси кӯҳӣ, сохти геологӣ, релеф, наботот ва ғайра мебошанд.  Ҳосилшавии он дар зери таъсири бо ҳам пайваст амал кардани ҳодисаҳои мухталиф сурат мегирад. Вобаста ба иқлим пайдошавии хок шакли минтақавӣ дорад.  Аввало ҷинсҳои кӯҳӣ бо таъсири равшании офтоб, гармӣ, намӣ, шамол, об, ҳаво ва мавҷудоти зинда вайрон шуда пора ва майда мешаванд. Инро фарсоиши ҷинсҳои кӯҳӣ мегӯянд. Аввалин мавҷудоти зиндае, ки дар фарсоиши ҷинсҳои кӯҳӣ иштирок мекунанд-гулсангҳои микроскопӣ ва занбӯруғҳо мебошанд. Баъд ба ин ҷараён набототи дараҷаи олӣ иштирок менамоянд. Дар тарқиши сангҳо ва байни сангрезаҳо тухми рустаниҳо афтида месабзанд. Боқимондаи онҳо вайрон шуда, моддаҳои пӯсидаи органикӣ боқӣ мегузоранд, ки порухок ё гумус мегӯянд. Порухок барои бо ҳам пайвастани зарраҳои майдатарини ҷинсҳои кӯҳӣ ҳамчун масолеҳ хизмат мекунад. Инро ҷараёни табдилёбӣ мегӯянд, ки аз фарсоиши ҷинсҳои кӯҳӣ ибтидо ёфта бо ҳосил шудани хок ба итмом мерасад. Дар ҳосил шудани хок кирмҳое, ки дар замин ҳаёт ба сар мебаранд (кирми лойхӯрак, ҳашарот ва ғайра), низ иштирок мекунанд. Ҳангоми кофтукови ғизо ва тайёр намудани ҷои зист онҳо боқимондаҳои органикиро майда намуда бо зарраҳои ҷинсҳои кӯҳӣ омехта менамоянд.[1] (нигаред ба расми 11).

Сипас дар натиҷаи иштироки фаъоли микроорганизмҳо об ва элементҳое, ки дар хок ҳастанд, пайвастагиҳои гуногун ба вуҷуд меоянд, онҳоро рустаниҳо ба осонӣ аз худ менамоянд. Ҳамаи он ҳодисаҳое, ки дар ҷараёни табдили ҷинсҳои кӯҳӣ ва хокҳосилшавӣ иштирок мекунанд, дар зери таъсири ин ё он намуди иқлим амал мекунанд. Дар хокҳое, ки дар иқлими гарми хушк ҳосил шудаанд, аз сабаби кам сабзидани рустаниҳо моддаҳои пӯсида кам ҳосил мешаванд.

Дар сатҳи хок миқдори зиёди намакҳо ҷамъ мешаванд. Баръакс дар он ноҳия ва мавзеъҳое, ки иқлими гарм ва боришоти кифоя доранд, рустаниҳо бештар нашъунамо менамоянд. Вобаста ба ин дар хок моддаи пӯсида зиёдтар мешавад. Дар сатҳи хок намакҳо ниҳоят кам ғун мешаванд. Дигар омиле, ки дар хокҳосилшавӣ ва географияи ҷойгиршавии намудҳои мухталифи он таъсир мерасонад, ин релефи маҳал мебошад. Ҳар қадар, ки қаламрави кӯҳӣ бошад ва фарқи баландии маҳал аз сатҳи баҳр зиёд ва шаклҳои релеф гуногун (водӣ, теппа, адир, дара, сой, кӯҳҳои баланд ва ғайра) бошад, ба бузургии қаламрав нигоҳ накарда хокҳои ҳархела ҳосил мешаванд.  Аз ҳамин сабаб дар мавзеъҳое, ки дар як арзи географӣ ҷойгир гардидаанд, вобаста ба он ки нисбат ба офтоб ва анбӯҳи ҳавои намиоварда чӣ тавр ва ба кадом самт нигарон аст, вобаста ба ҷинси аслӣ (ҷинсҳои кӯҳие, ки вайроншавии онҳо ба пайдоиши хок заминаи аввалин мегузорад), намудҳои гуногуни хок ҳосил мешавад.

Чунончи, ба минтақаи беша хоки хокистарранги бешагӣ хос аст, ки он дар шароити ҳарорати нисбатан паст ва намии зиёд ҳосил мешавад. Шӯрхокҳои биёбонӣ, баръакс, дар шароити намии кам ва гармии зиёд пайдо мешаванд. Пайдоиш ва навъҳои хоки ноҳияи Фархор ба мавқеи географӣ (минтақаи биёбон), релефи кӯҳӣ ва иқлими гарму хушки он алоқаманд аст. Вобаста ба ин омилҳо ва минтақаи амудӣ дар ҳудуди ноҳияи Фархор чунин навъҳои хокро метавон ҷудо кард:

Чунин хокҳо дар ҳамворӣ ва водии Фархор ва теппаи Ӯртабуз то баландиҳои 600 м аз сатҳи баҳр дучор мешаванд ва дараҷаи гумӯснокии он ҳамаги 1-3%-ро ташкил ёфтааст.

Хоки  хокистарранги сиёҳтоб. Чунин навъи хок дар кӯҳҳои Сиёҳкӯҳ (Қаратов), Ҷалолиддини Балхӣ (Тераклитоғ) ва пӯштакӯҳи Олимтой дар баландиҳои 900-1600 м аз сатҳи баҳр дучор мешавад ва даоаҷаи гумӯснокии он то ба 4% мерасад.

Хоки хокистарранги сафедтоб ва ё равшан (кушод) ин навъи хок дар минтақаҳои гармтарин ва хушктарин паҳн шудааст, ки дар он миқдори солонаи боришот аз 150- 200 мм зиёд нест. Онҳо дар баландии 300-400 м аз д аз сатҳи баҳр вомехӯранд. Ин хокҳо дар муқоиса бо дигар хокҳои минтақаи кишоварзии обёришаванда камтар шуста шудаанд. Таркиби химиявии он  СаСО3 мебошад, ки  бештар дар қабати сатҳии он 16-18% зиёд аст. Барои онҳо мавҷудияти миқдори муайяни намакҳои ба осонӣ ҳалшаванда ё гипс дар доираи қабати  хок бо чуқурии зиёди сатҳи обҳои зеризаминӣ хос аст.  Пӯшиши  растанӣ аз ташаккулҳои ксерофитӣ-саҳроӣ ва растаниҳои камшумори эфемерҳо иборат аст. Аз рӯи ҷинсҳои хоксозӣ, ки ҷараёни раванди хоксозӣ ва арзиши хоҷагии хокҳои хокистаррангро муайян мекунанд, онҳо ба 3 зергурӯҳ тақсим мешаванд: хокҳои хурд, рег ва санг (хокҳои скелетӣ). Хоки хурди хокистарранги намакдор аз сатҳи он ранги сафеди қабатӣ дорад (23 см), дар зери он хокҳои регдор, ғафсии  15-20 см мебошад. Таркибаш аз 1-1,5 дарсад порухок иборат аст, ки миқдори карбонатҳо 20 дарсадро ташкил медиҳад. Хокҳои хокистарранги равшани обёришавандаро барои кишти пахта истифода мебаранд. Бештари қисми мавзеъҳои хокашон хокистарранги равшан чарогоҳи зимистонаи чорво мебошад.

Хоки хокистарранги сиёҳтоб (тира) қисми болои минтақаи хоки хокистаррангро ишғол карда, бештар дар суфаҳои баландии дарёҳо, кӯҳдоманҳо ва пасткӯҳҳо (дар баландии 900-1600 м) паҳн шудааст. Хоки хокистарранги тира нисбат ба хокҳои хокистарранги муқаррарӣ ва равшан ҳосилхез аст. Дар ин хок метавон ҳосили хуби зироати лалмӣ рӯёнид. Таркибаш 1,5 - 3,0 дарсад порухок дорад. Дар минтақаи ҳамворию пасткӯҳҳо дигар навъҳои хок низ мавҷуданд (масалан, хокистарранги бӯр, шӯрхок, шӯрзамин), ки масоҳати онҳо кам аст. Азхуд кардани шӯрхокҳо масъалаи муҳим мебошад. Шӯрхокҳоро маъмулан, бо роҳи шустан ва кофтани заҳбур корам мекунанд. Хоки мазкур дар зери шибляк пайдо мешавад, ки дар чунин хок баъзан зироаткории лалмӣ истифода мебаранд.

Захираи заминии ноҳияи Фархор  сарвати бебаҳои табиат - замин ва қисми ҳосилхези он хок мебошад.  Сатҳи хушкии кураи Замин 149 млн км2 буда, инсон фақат 55-56 дарсади онро бо мақсадҳои гуногун истифода мебарад.  Ин ҳаргиз маънои имкониятҳои васеи истифодаи замин дар оянда нест, зеро қисми боқимондаи хушкӣ барои истифодаи хоҷагӣ мувофиқ нест (пиряхҳо, тундра, биёбонҳои кӯҳӣ) ва ё истифодаи он аз ҳад мушкил (биёбон, ботлоқзор ва кӯҳистон) мебошад.  Замин захираи табиии бисёрсоҳа аст.  Вай дар саноат, сохтмон, нақлиёт ҳамчун мавқеи ҷойгиронии объектҳои истеҳсолӣ, дар кишоварзию хоҷагии ҷангал бошад, на танҳо воситаи истеҳсолӣ, балки предмети меҳнат низ ҳисоб меёбад.  Одатан, мафҳуми «захираи заминӣ» тамоми заминҳои мавҷударо не, балки қисми истифодашавандаи онро ифода мекунад. Замин ҳамчун сарвати табии якчанд хусусияти ба худ хос дорад:

Ø якум - ивазшаванда аст;

Ø дуюм - бисёрсоҳа буда, бо мақсадҳои гуногун истифода мешавад (киштзор, марғзор, сохтмон ва ғайра);

Ø сеюм -захираи маҳдуд дошта, хосияти барқароршавандагӣ дорад; 

Замин манбаи муҳими сарвати ҷамъият аст.  Вай моликияти халқ буда, бояд ба манфияти умум истифода шавад. Фонди замин аз рӯйи истифода ба заминҳои кишоварзӣ, ғайрикишоварзӣ, фондҳои давлатии ҷангалу об ва фонди давлатии захиравӣ тақсим мешавад.

Ноҳияи Фархор яке аз минтақаҳои аграрии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, соҳаи кишоварзӣ дар ҳаёти иқтисодии он нақши муҳимро мебозад. Гузариши ҷумҳурӣ ба муносибатҳои бозорӣ ва шароитҳои нави иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ зарурияти тағйир додани хоҷагиҳои коллективии мавҷудаи ноҳияи Фархорро ба шаклҳои нави моликият ва хоҷагидорӣ ба миён овард.  Кишоварзӣ дар иқтисодиёти ноҳияи Фархор нақши хосаро мебозад, зеро 80 % маҳсулоти умумии истеҳсолшудаи ноҳия маҳз ба соҳаи мазкур тааллуқ дорад ва 65% аҳолии қобили меҳнат дар ин соҳа кор ва фаъолият менамоянд.[2]

Фонди умумии заминҳои ноҳия 118,311 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 88,1% (104,280 ҳазор га) заминҳои кишоварзӣ мебошанд. Аз майдони умумии заминҳои кишоварзӣ заминҳои кишт 24562 га буда,74,5% онҳо (18368 га) заминҳои обиро ташкил медиҳанд. Майдони умумии заминҳои наздиҳавлигии ноҳия 3170 га буда, он 2,7% фонди заминҳои ноҳияро ташкил медиҳад.   (нигаред ба расми 12 ).

Арзиши замин ҳамчун сарвати бебаҳо дар Фархор низ сол то сол рӯ ба афзоиш аст. Миқдори заминҳои дар натиҷаи эрозия, шӯрбандӣ, ривоҷи саноати кӯҳӣ, партовҳои истеҳсолӣ ва ғайра корношоямшуда, аз ҳисоби химикатҳо заҳролудшавии замин низ афзуда истодааст. Аз ин рӯ, истифодаи оқилона ва дурусти замин дар Фархор аҳамияти калон дорад. Дар ин бобат ҷорӣ кардани комёбиҳои илмию техникӣ (электронӣ, мелиоратсия ва ғайра) хеле зарур мебошад. Ғайр аз ин, дар ҷумҳурӣ ба мубориза бар зидди эрозияи хок, ҷарҳосилшавӣ ва истифодаи самараноки ҳар як қитъаи хурди замин эътибори ҷиддӣ дода мешавад.[3]


[1] Х. Муњаббатов, Ш. Акобиров, М. Рањимов. Географияи Тољикистон. – Душанбе: Маориф, 2020. – 256 сањ.

[2] Аброров Ҳ., Акмалов М.Ш., Аҳмадов А.Ш., Сафаров Ҳ.А., Музофоти географии Колоб. -Душанбе: «ПРОМЭКСПО», 2015. -132.

[3] Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Фархор барои солҳои 2016-2020. Душанбе: ЉДММ «Контраст»,-116 саҳ.

Олами наботот ва ҳайвоноти ноҳияи Фархор

[вироиш | вироиши манбаъ]

Олами наботот. Релефи мураккаб ва мувофиқати кӯҳу биёбонҳо шароити иқлиму хокро дигаргун карда, барои нашъунамои рустанӣ ва зиндагии ҳайвонот заминаи мухталиф фароҳам меоранд. Аз ин рӯ, олами наботот ва ҳайвоноти ноҳияи Фархор  хеле гуногун мебошанд. Дар ин ҷо шумораи бениҳоят зиёди намуди рустаниҳо нашъунумӯ мекунанд, ки аз қисми зиёдашро рустаниҳои олии гулдор ташкил менамоянд. Дар ҷараёни мубориза барои ҳаёт онҳо ба муҳити гуногуни табий мутобиқ шудаанд. Ин дар паҳнгардии амудӣ ва ба камнамию сернамии мавзеъҳои алоҳида мутобиқ шудани онҳо зоҳир гардидааст. [1]

Дар ҳамворӣ ва водиҳои паст, ки бориш кам мешавад, рустаниҳои ба хушкӣ тобовар месабзанд. Онҳо асосан аз лола, лолахасак, ҷорӯбак, қиёқва хӯшадорон иборатанд. Дар маҳалҳои регзор рустаниҳои хордор, буттаҳои саксавул, черкез ва ғайра месабзанд. Ин гурӯҳи рустаниҳо хусусияти ба худ хос доранд, ки дар зери таъсири муҳити табий ҳосил шудаанд. Барги як қисми онҳо ба хор табдил ёфтааст, ки дар шароити иқлими хушк бо ин восита обро кам бухор мекунад. Барои аз чуқурии зиёд обро гирифтан бошад, решаҳои дароз доранд. Гиёҳҳои бебақо ҳам ба шароити табий нағз мутобиқ шудаанд. Онҳо дар аввали баҳор пас аз об шудани барфҳо ва боридани боронҳои баҳорӣ сабзида дар аввалҳои тобистон хушк мешаванд.

Табиати мавзеъҳои ҳамвор ба туфайли дарёҳое, ки он ҷойҳоро бурида мегузаранд, тамоман аз атроф фарқ мекунад. Дар водии дарёҳо, обдоғ ва ҷазираҳои байни онҳо ғайр аз рустаниҳои ба ин маҳал хос боз рустаниҳое месабзанд, ки ба намии зиёд мӯҳтоҷ мебошанд. Онҳо бо рустаниҳои гуногун якҷоя сабзида, тўғайзорҳоро ба миён овардаанд. Дар ин тўғайзорҳо дарахтони бед, сафедор, ангат, санҷид ва ғайра месабзанд. Аз хӯшадорон, эриантуси қадбаланд ва бисёр гиёҳҳои ботлоқӣ низ дида мешаванд. Ғайр аз ин дар ҳамвориҳои паст тавассути обёрӣ намудани заминҳо бисёр рустаниҳо парвариш карда мешаванд.

Баъзеи ин рустаниҳо барои маҳалҳои аз ҳамвориҳо ба доманакӯҳҳо гузаранда низ хосанд. Фақат ҷойҳои нисбатан баланди он мавзеъҳо бо олами набототи худ аз ҳамвориҳои ҳамшафат ниҳоят фарқ мекунанд. Дар ин маҳалҳо рустаниҳои гуногуни алафӣ бо буттаю дарахтҳо омехта месабзанд. Аз дарахт бодом, писта, дӯлона ва ғайра паҳн гардидаанд. Дар миёнакӯҳҳо баробари баланд шудани сатҳи маҳал боришот меафзояд ва иқлим нисбатан салқин мешавад. Аз ҳамин сабаб ҳам набототи он ҷойҳо мухталиф ва фаровон аст. Дар таркиби он рустаниҳои алафӣ нимбуттаю буттаҳо бартарӣ доранд. Миқдор ва намуди дарахтон низ зиёданд. Онҳо дар мавзеъҳои дорои шароити табиии мусоид ҷангали ҳақиқиро ташкил менамоянд. Дар  байни буттаю дарахтони ҷангал ташкилкунанда писта, дӯлона васеъ паҳн гардидаанд.[2]

Аз дарахтони мевадиҳанда чормағз, себ, тут, анҷир, нок, мурӯд, дӯлона, олуча, ангур дучор мешаванд. Дар баландкӯҳҳо боришот нисбатан кам ва иқлим хунук мешавад. Вобаста ба он дар ин мавзеъҳо рустаниҳои алафӣ ва нимбуттагиҳои ба хунукӣ тобовар бартарӣ доранд. Рустаниҳои буттагӣ кам вомехӯранд. Аз рустаниҳои алафӣ чиммак, ковил, чукурии баргак, явшон, типчоқ, шакарак ва ғайра паҳн гардидаанд. Дар баъзе мавзеъҳо ҳарҷо-ҳарҷо ковили қадпаст месабзад. Аз сабабе, ки дар ин ҷо рустаниҳо дар байни харсангу сангрезаҳо сабзидаанд, онҳо ниҳоят тунуканд. Ҳамин тавр дар қаламрави ноҳияи Фархор мухталифии релеф, гуногунии баландии шаклҳои маъмули он аз сатҳи баҳр ва ба он вобаста ба таври амудӣ тағйир ёфтани иқлим ва олами наботот хос гардидааст. Дар як вақт ивазшавии наботот барои амудӣ паҳншавии олами ҳайвонот мусоидат намудааст.

Дар байни набототи ноҳияи Фархор  навъҳои гуногуни рустаниҳои ба дигар кишварҳо хосбуда дучор мешаванд. Дар ин ҷо якҷоя бо навъҳои маҳаллӣ - писта, явшону шӯрагиҳо навъҳои набототи баҳримиёназаминӣ, монанди дӯлонаи понтонӣ, анҷир ва ғайра паҳн шудаанд. Хусусияти фарқноки набототи ноҳияи Фархор дар бартарии алафҳои гуногун, нимбутта ва буттагиҳои минтақаи биёбон ва  кӯҳҳо зоҳир мегардад. Дигар хусусияти набототи ноҳияи Фархор  дар он аст, ки онҳо на ба таври арзӣ, балки амудӣ  паҳн гардида, ба шароити ҳамворию кӯҳҳо хеле хуб мутобиқ шудаанд. Набототи қисми ҳамворӣ хусусияти биёбонию нимбиёбонӣ дорад. Барги ин рустаниҳо яксар майда ва хордор буда, обро кам бухор мекунад; решаи онҳо бошад, дарозу сершоха аст ва аз чуқурии зиёд обро ҷаббида мегирад. Давраи нашви рустаниҳои биёбону нимбиёбон хеле кӯтоҳ буда, онҳо фақат баҳорон сабзида, то гармиҳои аввали тобистон хушк мешаванд. Ба чунин рустаниҳо ҷорӯбак, чинорак, лолахасак, лола ва баъзе хӯшадорҳо мансубанд. Ғайр аз ин, дар байни регҳо хор (янтоқ) ва дигар рустаниҳои ба хушкӣ тобовар мерӯянд. Дар водии дарёҳо бошад, рустаниҳои гуногун зич рӯйида, тӯғайзорҳоро ба амал овардаанд.[3] (нигаред ба расми ).

Бешаҳои майдадарахт (шибляк) як навъи навъи минтақаи бешазор аст, ки аз дарахтони баргрез, аксар вақт ба хушксолӣ тобовар, буттаҳо ва дарахтони қадпаст бо баландии тақрибан 3-4 метр иборат аст. Дар  ҳудуди қаторкӯҳҳои Сиёҳкӯ (Қаратов) ва Ҷалолиддини Балхӣ (Тераклитоғ) хеле васеъ паҳн шудааст. Асосан аз дарахтони писта, боломи талх, шулаш ва гоҳ-гоҳ дулона ва дигар намуди растаниҳо  иборат аст. Бешаҳои майдадарахт (шибляк) дар давраи  неоген дар баҳри Миеназамини қадим пайдо шудааст.

Дар ноҳияи Фархор  бешазорҳо ниҳоят масоҳати камро ишғол мекунад. Бешазорҳо масоҳати яклухт надоранд ва қитъа - қитъа дар нишебию ёнаи кӯҳҳо ва дараҳо ҷойгир шудаанд, ки қариб ҳамаи онро пистазорҳо ташкил медиҳад ва он дар қисмати ғарбии ноҳия дар кӯҳҳои  Сиёҳкӯҳ (Қаратов) ва Ҷалолиддини Балхӣ (Тераклитоғ) нисбатан бисёранд. [4]

Писта яке аз навъҳои серхаридор ва маъмули маҳсулоти донагист, ки аз витамину минералҳо бой аст. Бояд гуфт, ки минтақаи пайдоиши писта Осиёи Миёна ва мамлакатҳои Шарқ ба ҳисоб меравад. Онро дар Эрон, Афғонистон, Покистон, Суриё, Испания, Италия, Юнон, Туркия ва Амрико парвариш менамоянд. Ҳоло бошад пистаро дар бисёрии мамлакатҳои иқлимаш гарм ҷорӣ намуда истодаанд. Дар вақти пухта расидан меваи писта кушода мешавад, аз ҳамин лиҳоз онро пистаи хандон мегӯянд. Мағзи писта болаззату хушбӯй ва таркибаш серғизою фоидабахш буда, зиёда аз ду ҳазор сол парвариш карда мешавад.[5]

Туғайзор ин  қитъаҳое, ки террасаҳои водиҳои дарёҳои  Осиёи Миёна ва Марказӣ мебошад, ки ҳангоми обхезиҳо пайдо мешаванд. Дар ин ҷо ҷангалзорҳои туғай, чарогоҳҳо, растаниҳои ботлоқ хеле зиёд паҳн шудааст. Дар он  дарахтони патта, санҷид  ва қамишзорҳо иборат аст. Тугайҳо ҳамчун чарогоҳ истифода мешаванд. Аҳамияти бузурги ҳифзи гуногунии набототу ҳайвонотро  дорад. Туғайзорҳо дар ҳудуди ноҳия хеле васеъ паҳн шуда буданд. Асосан дар резишгоҳ ва соҳили дарёҳои Панҷ ва Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ), ки дар давраҳои ҳокимияти Шӯравӣ қисми зиёди онҳо нобуд карда шуд. дар баробари он олами наботот ва ҳайвоноти нодири ин минтақа ба нестӣ дучор шуд.  Ҷангалҳои туғай мӯъҷизаи табиат мебошанд, ки дар байни биёбонҳо ба вуҷуд омадаанд.

Олами ҳайвонот. Дар Осиёи Марказӣ воқеъ гардидани қаламрави Тоҷикистон, гуногунии релеф, иқлим, наботот ба ташаккул ва инкишофи олами ҳайвоноти он мусоидат намудааст, ки олами ҳайвоноти ноҳияи Фархор низ ба ҳамин вобаста мебошад. Ҳоло дар қатори ҳайвоноти маҳаллӣ дар Тоҷикистон намудҳои ҳайвоноте паҳн гардидаанд, ки аз қаламрави минтақаҳои мухталифи зоогеографӣ ба ин ҷо дохил мешаванд. Аз ҷумла намояндагони олами ҳайвоноти Ҳиндуафриқоӣ, Ҳиндумалайӣ, Баҳри Миёназаминӣ, Аврупоию Сибирӣ, Аралукаспигӣ ва ғайра дучор мешаванд, ки аз баъзеи онҳо дар ҳудуди ноҳияи Фархор дида мешавад. Онҳо бо намудҳои маҳаллӣ омехта шуда ба олами ҳайвоноти Тоҷикистон гуногунқиёфагӣ бахшидаанд ва ба гуногун намудии олами ҳайвонот оварда мерасонад. Дар ин ҷо аз соддатаринҳо саркарда то намудҳои ҳархелаи мӯҳрадорон хеле васеъ паҳн гардидаанд. Дар айни замон дар олами ҳайвоноти ноҳияи Фархор намудҳои гуногуни  ширхӯрон, паррандагон, хазандагон, бемӯҳрагон   ташкил менамоянд. Бояд хотирнишон намуд, ки ҳайвоноти минтақаи кӯҳҳо аз ҳамвориҳо дида бо микдор ва намуди худ фарқ мекунад. Ҳайвоноти кӯҳҳо гуногун  буда, дар байни онҳо намудҳои Аврупоисибирӣ ва Осиёи Шарқи зиёданд. Дар ҳамвориҳо бошад, микдор ва намуди ҳайвонот нисбатан кам буда, дар дохилашон намудҳои Ҳиндумалайй, Баҳри Миёназаминӣ ва Ҳиндуафрикой мушоҳида карда мешаванд.[6]

Ҳайвоноти ҳамвориҳо хусусияти хос доранд. Онҳо ба шароити иқлими гарми хушк ва муҳити камалаф мутобиқ шудаанд. Дар чунин шароит аз хазандагон боҳтур, сангпушт, сусмор, кубро, мори афъй, мори печони даштӣ, тирмор, калтакалос, кӯрмор ва ғайра паҳн гардидванд. Аз ширхӯрон шағол, гург, рӯбоҳ,  гурбаи қамишзор, оҳу, гӯсфанди кӯҳӣ, ҷайра вомехӯранд. Дар натиҷаи аз худ намудани тўғайзорҳо саршумори бисёри ҳайвоноти нодир  кам гардидааст. Олимон роҳҳои дар минтақаи кӯҳҳо паҳн ва парвариш кардани онро кор карданд. Ин имконият медиҳад, ки микдори ин ҳайвони нодирро зиёд намоем. Ғайр аз он гурӯҳҳои ҳайвонҳое, ки ёдрас намудем, дар ҳамвориҳо намудҳои гуногуни хояндагон ва заргӯшшаклҳо низ вомехӯранд. Онҳо дар заминҳои кушод, водии дарёҳо, доманакӯҳҳо ҳаёт ба сар мебаранд. Хусусан мушҳои саҳроӣ, хонагӣ, каламушҳои думдароз, мушу регзор, ҷайра, харгӯш, ва ғайра васеъ паҳн шудаанд. [7]

Тақсимоти амиқи релеф, гуногунии минтақаҳои ландшафтӣ ва камарбанди амудии иқлими хокӣ-ботаникӣ сарвати олами ҳайвонотро дар қаламрави нисбатан хурди ноҳияи Фархор ба вуҷуд меорад. Аз хусусиятҳои умумии олами ҳайвоноти ноҳияи Фархор бояд таркиби гуногуни генетикии онро қайд кард. Олами ҳайвоноти кӯҳҳо аз ҳамворӣ бойтар аст ва шумораи зиёди унсурҳои аврупоӣ-сибирӣ ва осиёи шарқиро дар бар мегирад. Дар ҳайвоноти биёбонҳои гарми пастӣ унсурҳои зиёди ҳиндумалайӣ, эфиопӣ ва баҳри миёназамин мавҷуданд. Аз ин рӯ, фаунаи ноҳияро дар доираи як минтақаи ягонаи зоогеографӣ баррасӣ кардан ғайриимкон аст, гарчанде ки қаламрави ҷумҳурӣ пурра ба минтақаи палеарктикӣ дохил мешавад. Хусусияти дигари олами ҳайвонот дар он аст, ки дар он эндемикҳои дигар мавҷуданд ва он дар қаламрав ва дар камарбанди амудӣ нобаробар тақсим шудааст, гӯё  ки минтақавии шароити иқлимӣ ва ботаникии хокро такрор мекунад.

Дар ҳамворӣ ва водиҳои паст дар қатори ширхӯрон, хазандагону хояндагон, инчунин намудҳои гуногуни паррандагонро дидан мумкин аст, ки аз рӯи тарзи ҳаётгузарониашон ба муқимӣ ва мавсимӣ ҷудо мешаванд. Аз паррандагони муқимӣ, гунҷишк, кабӯтар, мусича, тазавр, лойхӯрак, ҳавосил, акка ва ғайра ҳаёт мегузаронанд.

Воҳаҳо, дарёҳо ва кӯлу обанборҳо, ки дар ҳамвориҳо ва доманакӯҳҳо воқеъ гардидаанд, барои бисёр паррандаҳо ҳамчун макони дамгирӣ ва зимистонгузаронӣ истифода мешаванд.  Аз ҷумла турна, чӯлон мурғобиҳо, лойхӯрак ва баъзе дигар паррандагон барои зимистонгузаронӣ дар он мавзеъҳо мемонанд парида меоянд.  Дар доманакӯҳҳо одтан аз паррандагони хушхон булбул, бедона, свъва, заргулдор, соч ва ғайра дучор мешаванд. Дар обанборҳо, ҳавзҳо ва дарёҳо моҳиҳои маҳаллӣ ва овардашуда ҳаёт ба сар мебаранд. Дар оби дарёҳои ноҳия моҳиҳои маҳаллӣ ба монанди ширмоҳӣ, харамуля, лақамоҳӣ, сихболмоҳӣ ва ғайра хеле зиёд паҳн гардидааст. Аз Шарқи Дур ва дигар ноҳияҳо ба дарёҳо, обанборҳо, кӯлҳо ва ҳавзҳои ҷумҳурӣ моҳиҳои амури сафед, загорамоҳӣ, моҳии зиндазой, лақамоҳичаи туркистонӣ, мӯйлабмоҳӣ, мормоҳиро оварда сар доданд.

Ҳайвоноти минтақаи кӯҳҳо нисбат ба ҳамворию доманакӯҳҳо гуногунанд баа ин иқлими мӯътадил, марғзорҳо ва ҷангалзорҳо мусоидатм менамоянд. Хусусан ширхорон ва паррандагон васеъ паҳн гардидаанд. Аз ширхӯрон дар минтақаи кӯҳҳо (дар ҷангалзор ва буттазорҳои кӯҳӣ) хуки ёбоӣ, гург, харгӯш, рӯбоҳ, қашқалдоқ,  оҳу, гӯсфанди ёбоӣ ва ғайра хеле хуб мутобиқ гардидванд. Аз хазандагон дар байни санг ва тарқиши кӯҳҳо гурза, сусмор, калтакалос, сангпушт, боҳтур, мори печон, кубро, мори афъӣ ва ғайра хеле зиёд  дучор мешаванд. Парандагон дар ин минтақа ба муҳити гуногу мутобиқ шудаанд. Бинобар онҳоро дар кӯҳҳо,  кўлу водии дарёҳо дидан мумкин аст. Кабки ҳилол, сўфитурғай, қози кӯҳӣ, мурги ҳумо, акка, зоғ, уқоб ва ғайра аз қабили онҳо мебошанд.[8]

Бо сабаби ба замини корам табдил шудани дашту биёбонҳо ва шикори ғайриоқилона шумораи баъзе навъҳои олами ҳайвонот торафт кам шуда истодааст. Масалан, паланг тамоман нест шуда, шерпаланг, оҳу, морхўр, архар ва ғайра дар арафаи маҳвшавӣ мебошанд, ки дар ҳудуди ноҳия баъзе аз онҳо дар асри гузашта зиндагӣ мекарданд. Алҳол барои ҳифзи табиат ва набототу ҳайвоноти муфид дар минтақаҳои гуногун мамнуъгоҳ, паноҳгоҳ ва пойгоҳҳои илмӣ ташкил карда шудаанд, ки бо онҳо дар бобҳои оянда шинос хоҳем шуд.[9]  Ҳамин тавр ҳайвоноти ноҳия хеле гуногун буда, як қисми онҳо аҳамияти хоҷагӣ доранд.  Мо бояд онҳоро ҳифз ва миқдорашонро зиёд намоем.


[1] М. Раҳимов. Табиат ва сарватҳои табиии Тоҷикистон. Душанбе, ПИК «Офсет», 2001.-142 саҳ.

[2] Р. Селиванов. Табиат ва сарватҳои табиии Тоҷикистон.  Сталинобод, П «Нашриёти давлатии Тоҷикистон», 1959.-138 саҳ.

[3] Р. Селиванов. Табиат ва сарватҳои табиии Тоҷикистон.  Сталинобод, П «Нашриёти давлатии Тоҷикистон», 1959.-138 саҳ.

[4] Х. М. Саидмурадов, А. П. Недзвецкий, Г. П. Винниченко и др. Таджикистан : Природа и природные ресурсы. - Душанбе : Дониш, 1982. - 601 стр.

[6]Р. Селиванов. Табиат ва сарватҳои табиии Тоҷикистон. Сталинобод, П «Нашриёти давлатии Тоҷикистон», 1959.-138 саҳ.

[7] Х. М. Саидмурадов, А. П. Недзвецкий, Г. П. Винниченко и др. Таджикистан : Природа и природные ресурсы. - Душанбе : Дониш, 1982. - 601 стр.

[8] Х. М. Саидмурадов, А. П. Недзвецкий, Г. П. Винниченко и др. Таджикистан : Природа и природные ресурсы. - Душанбе : Дониш, 1982. - 601 стр.

[9]А-20. Х. Муњаббатов, Ш. Акобиров, М. Рањимов. Географияи Тољикистон. – Душанбе: Маориф, 2020. – 256 сањ.

Ҳифзи табиат ва минтақаи ҳифзшаванда

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳифзи табиат, истифодаи одилона ва барқарорсозии захираҳои он, беҳдошти муҳити зист вазифаи аввалиндараҷаи давлат, кори ҳамаи одамон ва қарзи ахлоқии ҳар як шаҳрванд аст.[1] Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда — қитъаҳои замин, об ва фазои онҳоро иҳотакардае, ки дар онҳо комплексҳо ва объектҳои табиии дорои аҳамияти махсуси ҳифзи муҳити зист, илмӣ, фарҳангӣ, эстетикӣ, рекреатсионӣ ва солимгардонӣ ҷойгир буда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ва ё қисман аз истифодабарии хоҷагидорӣ гирифта шудаанд ва барои онҳо низоми махсуси ҳифз муқаррар шудааст.[2] Инкишофи илму техника, суръати баланди афзоиши аҳолӣ ва торафт ба миқдори ниҳоят зиёд истифода шудани боигариҳои гуногуни табий, боиси вайрон гардидани мувозиноти табиат ва талафи олами набототу ҳайвонот гардид. Дар натиҷаи бемасъулиятии одамон то замони мо бисёр намудҳои нодири набототу ҳайвонот нест шуданд ва қисме аз он дар ҳолати нестшавианд. Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда 75% ҳайвоноти ширхӯр ва 86% парандагони сайёра дар натиҷаи фаъолияти бераҳмонаи инсон нобуд шудаанд. Ҳоло бошад қариб 600 намуди ҳайвоноту парандагон дар зери хавфи нестшавианд.

Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки дар замонҳои қадим олимон ва ходимони давлатӣ ба масъалаи ҳифзи олами набототу ҳайвонот диққати ҷиддӣ медоданд. Ҳатто дар давраи ҳукмронии сулолаи Сомониён дар мавзеъҳои махсус пардизҳо таъсис ёфта буданд, ки дар онҳо то як давраи муайян шикор мань карда мешуд.

Минбаъд одамон хуб дарк намуданд, ки дар ин ва ё он гӯшаи табиат нест шудани олами набототу ҳайвонот сабаби фарсоиши замин, камҳосилии хок, коҳиш ёфтани захираи об, нестшавии микроорганизмҳо ва умуман номусоид шудани вазъияти экологӣ мегардад. Бинобар дар бисёр гӯшаю канори дунё баҳри ҳифзи намудҳои подири набототу ҳайвонот мамнӯъгоҳ, парваришгоҳ ва боғҳои миллӣ таъсис дода шудаанд.[3]

Парваришгоҳи давлатии Қаратов ягона парваришгоҳ ва минтақаи табии махсус муҳофизатшавандаи ноҳияи Фархор ба шумор рафта  масоҳаташ 14,4 ҳазор гектар буда дар сарҳади вилояти биогеографии Тоҷикистони Ҷанубӣ дар қисми марказии қаторкӯҳи Сиёҳкӯҳ (Қаратов) воқеъ буда, дар соҳили рости  дарёи Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ) аз шимол ба чануб кариб 10 километр тӯл кашидааст. Парваришгоҳ комплекси буда соли 1972 ташкил карда шудааст. Ҳудуди парваришгоҳ нишебиҳои ғарбӣ ва ҳавзаи қаторкӯҳҳои шимолии ағбаи Сардоба-Кӯшалро дар масофаи тақрибан 35 километр бо баландии аз 700-800 метр то 1500 метр аз сатҳи баҳр дарбар мегирад. Аз соли 1960 cap карда, дар қаторкӯҳи Сиёҳкӯҳ (Қаратов) гурӯҳи махсуси Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон оид ба омӯхтани экология ва динамикаи саршумори навъҳои гуногуни ҳайвоноти хурди ширхӯр ва дар навбати аввал ҳайвоноти вахшии сумдорони урал, гӯсфанди кӯҳӣ ва ғизол тадқиқоти мунтазам гузаронда мешавад. Натиҷаи ин корҳо барои тайёр кардани тавсияҳо оид ба ташкили парваришгоҳ, ки соли 1972 ҳукумат тасдиқ карда буд, асос гардид. Мақсадҳои асосии ташкили парваришгоҳи комплексии Қаратов дар қаторкӯҳи Сиёҳкӯҳ (Қаратов) ин ҳифзи экосистемаҳои эфемерии дорои қабати шибялак ва комплексҳои табиии ҷангалзорҳои писта, инчунин чунин намудхои нодири ҳайвоноти вахшӣ, ки  ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил карда шудаанд ба монанди кафтор, паланги Осиёи Миёна, ғизол, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ ё гӯсфанди тоҷикӣ ва ғайра. Қаторкӯҳи Сиёҳкӯҳ (Қаратов)  системаи хоси пасткӯҳҳои депрессияи Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ мебошад. Нишебиҳои шарқии қаторкӯҳҳо ба дарёи Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ) фуромада, шохаҳои ҷанубӣ ба дарёи сарҳадии Панҷ мерасанд. Қисми асосии он қариб тамоман беоб аст. Танҳо дар ин ҷо дар масофаи хеле дур аз ҳамдигар чашмаҳои шӯроби хурд-хурд вомехӯранд ва дар аксари об шӯр ва талх аст. Қайд кардан зарур аст, ки беобӣ танҳо дар фасли тобистон, ки дар ин ҷо кариб 5—6 моҳ давом мекунад, ҳис мешавад. Дар давраи боронгарии баҳору зимистон дар ҳама ҷои қаторкӯҳҳ ҷамъшавии муваққатии оби борон ё барфро пайдо кардан мумкин аст, ки дар кӯлҳои хурд, ки дар санги табиӣ ҷамъ мешаванд  дар қад-қади дараҳо хеле зиёданд. Дар ин ҷо релефи умумии қисми ҳавзаи қаторкӯҳҳо ҳамвор шудааст ва  асосан пистазорро ташкил медиҳанд, ки дар нишебиҳо хеле зиёд  буда шароити хуби нашунамо доранд ва дараҳои чуқур хеле зиёд мебошад. Набототи комплекси ландшафти умумии  парваришгоҳро ташкил дода бешазори нодири пистазор, ки асосан дар қад-қади кӯҳҳо воқеъ аст, ифода мекунад. Бодомҳои талхи бухороӣ, шулашҳо ва дулона ба миқдори хеле кам омехта карда мешаванд. Танҳо дар як ҷо як гурӯҳи дарахтони арғувонӣ мерӯянд. Бодомҳои бухороӣ ва буттаҳои бодомҳои хурд бештар дар нишебиҳои самти ғарбӣ ва шарқӣ қаторкуҳ вомехӯранд. Пӯшиши алафзор бо эфемерҳо ва эфемероидҳо ифода ёфтааст. Майдони пистазори Қаратови Фархор дар ҳақиқат нотакрор аст, ки чунин ҳодисаҳое ҷой доранд, ки танаи дарахтони алоҳидаи писта ба баландии 5—6 метр ва аз ин ҳам зиёд, баландии онҳо ба 5—7 метр мерасад. Пистаи азим бо вуҷуди пиронсолиашон, ки зиёда аз 500—600 сол аст, меваи хуб медиҳад. Шохаҳои поён кариб ба замин фуруд меоянд.  Аммо он ҷо ҳатто дар гармтарин соатҳои тобистон салкин аст.  Дар зери буттаи писта ҳар моҳ растаниҳои зиёди  қаторкӯҳҳои Сиёҳкӯҳ (Қаратов) хушк мешаванд, аммо дар ин ҷо растаниҳои сабз дарозтар нигоҳ дошта мешаванд, ки асосан аз ғалладонагиҳо - бумус, ҷавҳои худрӯй иборатанд.  Дар сарҳади поёнии парваришгоҳ дар баландии 800-1000 м (баъзан то 1200 м) маятлик , ки бештар намули марғзорӣ  ва сиёҳ маъмул аст. Бо баланд шудани алаф тамоми сатҳ пӯшида мешавад ва дар ин ҷо чунин навъҳои гиёҳҳои шифобахш ба монанди камол(, рова, ферула), катран, ҷави худрӯй, тархун (явшон) ва ғайра мерӯянд.

Тавре ки аллакай зикр гардид, олами ҳайвоноти парваришгоҳ низ беназир аст, ки на танҳо дар байни ширхӯрон вомехӯранд балки дигар намуди ҳайвонотҳо ҳам мавҷуданд. Дар қаторкӯҳҳо аз намудҳои нодири хазандагонсусмори  хокистарранг, мори аъфӣ  ва эҳтимол мори холдори сарсиёҳ  (боига) зиндагӣ мекунанд. Морҳои заҳрдор ба монанди гурза ҳам хеле зиёд паҳн шудааст. Уқоби мор (зернамуди Туркистон) дар дарахтони писта лона месозад ва хеле зиёд вомехӯрад. Дар дараҳои санглоху нишеби тез-тез мурғи ҳумо (бородач) ва гилхокхои грифон (Белоголо́вый сип)-ро дидан мумкин аст, ки дар болои лонаҳояшон парвоз мекунанд. Айни замон саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ кам мондаанд,  гӯсфанди кӯҳии бухороӣ  (уриал)-ҳо - то 200 сар, ғизол (джеран) - камтар аз 100 ададро ташкил медиҳад мумкин, ки ягон шумораи онҳо ҳоло мавҷуд набошанд. Сабаби асосии кам шудани саршумор дар он аст, ки корҳои танзимнашавандаи чаронидани ҳайвоноти хонагӣ, асосан гӯсфандон, камтар аспҳо ва зиёд буридани дарахтҳо мебошад.  Қаторкӯҳи Сиёҳкӯҳ (Қаратов) яке аз минтақаҳои асосии чарогоҳҳои зимистонаи гусфандпарварии кишвар мебошад.

Ҳатто баъди тасдиқ карда шудани режими тартибот ба чаронидани чорво маҳудидият  дода намешавад, ки ин омил дар ҳифзи захираҳои об, ҳайвоноту наботот як қатор окибатҳои манфиро ба вуҷуд меорад. Дарахтони писта бурида мешаванд, чарогоҳҳо дар натиҷаи аз ҳад зиёд чаронидани чорво ва саршумори зиёд хароб гардида, саршумори бисёр намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ кам  ва ё нест мешавад.

Парваришгоҳи Қаратов, табиат ва оламиҳхайвоноти он аз ҷиҳати илмӣ хеле ҷолиби диққат буда, барои омухтани просессҳои эволютсионӣ бо ба назар гирифтани таъсири пурзури омилхои антропогенӣ мавҷуд аст. Нисбатан вактҳои охир дар натиҷаи азхуд кардан ва азхуд карда шудани қитъаҳои алоҳидаи каторкуххо ба амал омад, ки ба дигаргунсозии куллии табиати парваришгоҳ ва ноҳия оварда расонид.

Парваришгоҳи давлатии Қаратов ягона парваришгоҳ ва минтақаи табии махсус муҳофизатшавандаи ноҳияи Фархор ба шумор рафта  масоҳаташ 14,4 ҳазор гектар буда дар сарҳади вилояти биогеографии Тоҷикистони Ҷанубӣ дар қисми марказии қаторкӯҳи Сиёҳкӯҳ (Қаратов) воқеъ буда, дар соҳили рости  дарёи Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ) аз шимол ба чануб кариб 10 километр тӯл кашидааст. Парваришгоҳ комплекси буда соли 1972 ташкил карда шудааст. Ҳудуди парваришгоҳ нишебиҳои ғарбӣ ва ҳавзаи қаторкӯҳҳои шимолии ағбаи Сардоба-Кӯшалро дар масофаи тақрибан 35 километр бо баландии аз 700-800 метр то 1500 метр аз сатҳи баҳр дарбар мегирад. Аз соли 1960 cap карда, дар қаторкӯҳи Сиёҳкӯҳ (Қаратов) гурӯҳи махсуси Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон оид ба омӯхтани экология ва динамикаи саршумори навъҳои гуногуни ҳайвоноти хурди ширхӯр ва дар навбати аввал ҳайвоноти вахшии сумдорони урал, гӯсфанди кӯҳӣ ва ғизол тадқиқоти мунтазам гузаронда мешавад. Натиҷаи ин корҳо барои тайёр кардани тавсияҳо оид ба ташкили парваришгоҳ, ки соли 1972 ҳукумат тасдиқ карда буд, асос гардид. Мақсадҳои асосии ташкили парваришгоҳи комплексии Қаратов дар қаторкӯҳи Сиёҳкӯҳ (Қаратов) ин ҳифзи экосистемаҳои эфемерии дорои қабати шибялак ва комплексҳои табиии ҷангалзорҳои писта, инчунин чунин намудхои нодири ҳайвоноти вахшӣ, ки  ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил карда шудаанд ба монанди кафтор, паланги Осиёи Миёна, ғизол, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ ё гӯсфанди тоҷикӣ ва ғайра. Қаторкӯҳи Сиёҳкӯҳ (Қаратов)  системаи хоси пасткӯҳҳои депрессияи Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ мебошад. Нишебиҳои шарқии қаторкӯҳҳо ба дарёи Сурхоби Ҷанубӣ (Қизилсӯ) фуромада, шохаҳои ҷанубӣ ба дарёи сарҳадии Панҷ мерасанд. Қисми асосии он қариб тамоман беоб аст. Танҳо дар ин ҷо дар масофаи хеле дур аз ҳамдигар чашмаҳои шӯроби хурд-хурд вомехӯранд ва дар аксари об шӯр ва талх аст. Қайд кардан зарур аст, ки беобӣ танҳо дар фасли тобистон, ки дар ин ҷо кариб 5—6 моҳ давом мекунад, ҳис мешавад. Дар давраи боронгарии баҳору зимистон дар ҳама ҷои қаторкӯҳҳ ҷамъшавии муваққатии оби борон ё барфро пайдо кардан мумкин аст, ки дар кӯлҳои хурд, ки дар санги табиӣ ҷамъ мешаванд  дар қад-қади дараҳо хеле зиёданд. Дар ин ҷо релефи умумии қисми ҳавзаи қаторкӯҳҳо ҳамвор шудааст ва  асосан пистазорро ташкил медиҳанд, ки дар нишебиҳо хеле зиёд  буда шароити хуби нашунамо доранд ва дараҳои чуқур хеле зиёд мебошад. Набототи комплекси ландшафти умумии  парваришгоҳро ташкил дода бешазори нодири пистазор, ки асосан дар қад-қади кӯҳҳо воқеъ аст, ифода мекунад. Бодомҳои талхи бухороӣ, шулашҳо ва дулона ба миқдори хеле кам омехта карда мешаванд. Танҳо дар як ҷо як гурӯҳи дарахтони арғувонӣ мерӯянд. Бодомҳои бухороӣ ва буттаҳои бодомҳои хурд бештар дар нишебиҳои самти ғарбӣ ва шарқӣ қаторкуҳ вомехӯранд. Пӯшиши алафзор бо эфемерҳо ва эфемероидҳо ифода ёфтааст. Майдони пистазори Қаратови Фархор дар ҳақиқат нотакрор аст, ки чунин ҳодисаҳое ҷой доранд, ки танаи дарахтони алоҳидаи писта ба баландии 5—6 метр ва аз ин ҳам зиёд, баландии онҳо ба 5—7 метр мерасад. Пистаи азим бо вуҷуди пиронсолиашон, ки зиёда аз 500—600 сол аст, меваи хуб медиҳад. Шохаҳои поён кариб ба замин фуруд меоянд.  Аммо он ҷо ҳатто дар гармтарин соатҳои тобистон салкин аст.  Дар зери буттаи писта ҳар моҳ растаниҳои зиёди  қаторкӯҳҳои Сиёҳкӯҳ (Қаратов) хушк мешаванд, аммо дар ин ҷо растаниҳои сабз дарозтар нигоҳ дошта мешаванд, ки асосан аз ғалладонагиҳо - бумус, ҷавҳои худрӯй иборатанд.  Дар сарҳади поёнии парваришгоҳ дар баландии 800-1000 м (баъзан то 1200 м) маятлик , ки бештар намули марғзорӣ  ва сиёҳ маъмул аст. Бо баланд шудани алаф тамоми сатҳ пӯшида мешавад ва дар ин ҷо чунин навъҳои гиёҳҳои шифобахш ба монанди камол (рова, ферула), катран, ҷави худрӯй, тархун (явшон) ва ғайра мерӯянд.[4]

Тавре ки аллакай зикр гардид, олами ҳайвоноти парваришгоҳ низ беназир аст, ки на танҳо дар байни ширхӯрон вомехӯранд балки дигар намуди ҳайвонотҳо ҳам мавҷуданд. Дар қаторкӯҳҳо аз намудҳои нодири хазандагонсусмори  хокистарранг, мори аъфӣ  ва эҳтимол мори холдори сарсиёҳ (боига) зиндагӣ мекунанд. Морҳои заҳрдор ба монанди гурза ҳам хеле зиёд паҳн шудааст. Уқоби морхӯр (зернамуди Туркистон) дар дарахтони писта лона месозад ва хеле зиёд вомехӯрад. Дар дараҳои санглоху нишеби тез-тез мурғи ҳумо (бородач) ва гилхокхои грифон (Белоголо́вый сип)-ро дидан мумкин аст, ки дар болои лонаҳояшон парвоз мекунанд. Айни замон саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ кам мондаанд,  гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал)-ҳо - то 200 сар, ғизол (джеран) - камтар аз 100 ададро ташкил медиҳад мумкин, ки ягон шумораи онҳо ҳоло мавҷуд набошанд. Сабаби асосии кам шудани саршумор дар он аст, ки корҳои танзимнашавандаи чаронидани ҳайвоноти хонагӣ, асосан гӯсфандон, камтар аспҳо ва зиёд буридани дарахтҳо мебошад.  Қаторкӯҳи Сиёҳкӯҳ (Қаратов) яке аз минтақаҳои асосии чарогоҳҳои зимистонаи гусфандпарварии кишвар мебошад.

Ҳатто баъди тасдиқ карда шудани режими тартибот ба чаронидани чорво маҳудидият  дода намешавад, ки ин омил дар ҳифзи захираҳои об, ҳайвоноту наботот як қатор окибатҳои манфиро ба вуҷуд меорад. Дарахтони писта бурида мешаванд, чарогоҳҳо дар натиҷаи аз ҳад зиёд чаронидани чорво ва саршумори зиёд хароб гардида, саршумори бисёр намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ кам  ва ё нест мешавад.

Парваришгоҳи Қаратов, табиат ва оламиҳхайвоноти он аз ҷиҳати илмӣ хеле ҷолиби диққат буда, барои омухтани просессҳои эволютсионӣ бо ба назар гирифтани таъсири пурзури омилхои антропогенӣ мавҷуд аст. Нисбатан вактҳои охир дар натиҷаи азхуд кардан ва азхуд карда шудани қитъаҳои алоҳидаи каторкуххо ба амал омад, ки ба дигаргунсозии куллии табиати парваришгоҳ ва ноҳия оварда расонид. [5]

Мувофиқи «Консепсияи инкишофи шабакаи ҳудудҳои ҳифзшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба як қатор парваришгоҳҳо дар оянда мақоми мамнӯъгоҳ дода мешавад. Дар Тоҷикистон ҳар сол барои амалӣ гардонидани муҳофизати табиат ва ҳалли масоили экологӣ маблаги зиёд сарф карда мешавад.

Муҳофизати табиат тадриҷан ба кори ҳар як фарди солим фикр табдил ёфта истодааст. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ будани муҳофизати табиат ва сарватҳои он қайд гардидааст. Дар ин кори хайр ҷоннок кардан ва ғанӣ гардонидани анъанаҳои миллӣ аҳамияти бузург дорад.

Сарзамини Тоҷикистон дорои захираҳои нодиру нотакрори набототу ҳайвонот мебошад. Ҳифзи ин захираҳои нодир яке аз вазифаҳои муҳиму масъулиятноки ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад.[6]


[1] https://www.tajmedun.tj/tj/soli-rushdi-sayyehi-va-hunarhoi-mardumi/ifzi-tabiat-yedgori-oi-takhrikh-va-far-ang/

[2] Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»

[3] Муҳаббатов Х.М., Раҳимов М.Р. Географияи Тоҷикистон. Душанбе, «Маориф ва фарҳанг», 2011. 312 саҳ.

[4] Сапожников Г., Мухаббатов Х. Заказники Таджикистана. –Душанбе: “Ирфон”, 1989. 160 стр.

[5] Сапожников Г., Мухаббатов Х. Заказники Таджикистана. –Душанбе: “Ирфон”, 1989. 160 стр.

[6] Муҳаббатов Х.М., Раҳимов М.Р. Географияи Тоҷикистон. Душанбе, «Маориф ва фарҳанг», 2011. 312 саҳ.

Таъсири муаммоҳои  экологӣ дар рушди ноҳия

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳит ва табиате, ки моро иҳота кардааст, манбаи ҳаёт дар кураи Замин ва асоси тараққиёти ҷамъияти инсониро ташкил мекунад. Табиат ва муҳити атроф дар баробари ин нахустин сарчашмаи қонеъ гардонидани талаботи моддию маънавии одамон мебошанд. Яъне инсон ва муҳити атроф қисмҳои ягонаи олами моддиро ташкил мекунанд. Одамон ба табиати атроф дар муносибатҳои махсус сарукор доранд. Зеро инсон чун ҷузъи биологӣ дар дохили муҳит буда, дар худ таъсири қонунҳои онро санҷида аз неъматҳои он ғизо мегирад ва худро ба шароитҳои он мутобиқ мегардонад. Вале инсон чун ҷузъи иҷтимоӣ дар навбати худ маҳсули инкишофи ҷамъият мебошад.

Инсон бо табиат дар алоқамандии том вуҷуд дорад ва табиат асоси зисту зиндагӣ, саломатӣ ва зебогии инсон аст. Аз рӯи мушоҳидаи олимон дар инкишофи робитаи мутақобили инсон бо муҳити зист се давраи асосӣ ба назар мерасад: Давраи якум бо тамоми вуҷуд мутеъии инсон ба муҳити зист. Дар ин давра инсон бинобар оҷизӣ дар назди қонунҳои табиат, бо он воситаҳои рӯзгузароние, ки аз табиат мегирифт қаноат мекард. Бо мурури замон аз минтақаҳои тропикӣ (ки дар он ҷойҳо тамоми фаслҳои сол иқлими гарм ва ҳама гуна навъҳои мева фаровонанд) барои аз тобсияти муҳити атроф берун шудан қадамҳои нахустин мегузорад.[1]

Сел. Дар ноҳияи Фархор ҳодисаи омадани сел ва пайдоиши обхезӣ зуд-зуд такрор шуда, боиси нигаронии ҷиддӣ талафи молию ҷонии одамон мегардад. Бештар селҳои лойқаю сангомез ташаккул меёбанд, қобилияти вайронкориашон ниҳоят калон мебошад. Бештари селҳо ба моҳҳои апрелу май ҳангоми боридани боронҳои пуршиддати баҳорӣ, вале обхезии дарёи Панҷ ба моҳҳои июну июл ҳангоми ба дараҷаи баланд гарм шудани ҳаво ва бо шиддат об шудани барфу пиряхҳои кӯҳӣ алоқаманд мебошанд.[2]

Селе, ки 19 майи соли 2018 дар деҳаи Сурхоб дар натиҷаи боридани борони пуршиддат рух дода буд, басо харобиовар буд. Дар натиҷа хонаҳои истиқоматӣ, фермаҳои чорводорӣ, заминҳои кишт зери лойқаи сел монд ва 1 нафар одамон ҷон бохтанд. Солҳои мухталиф чунин селҳо дар деҳаҳои Сурхоб,  Нурмат Сафаров, Кӯҳдоман, Ваҳдат, Шӯҳратёр ва ғайра рух дода, ба хоҷагии халқ ҳисороти калон ворид намуда буданд.

Обхезӣ. Ҳодисаи обхезӣ дар ҳавзаи дарёи Яхшу ва Панҷи ноҳияҳои Ҳамадонию Фархор сари чанд вақт такрор шуда меистад. Обхезӣ гуфта, пуробшавии дарёҳоеро (ё ҳавзаи ҷудогонаи онҳоро) меноманд, ки миқдори оби онҳо аз нишондоди миёнаи пуробшавӣ бештар гардида аз маҷро берун мебарояд, як муддати муайян маҳалҳои ҷудогона, деҳаву шаҳрҳо, объектҳои саноатию кишоварзӣ, роҳу каналҳо ва ғайраҳоро пахш намуда, зери об мемононад, бо ҳамин ба хоҷагии халқ зарари ҷиддӣ ворид мекунад.

Моҳи апрели соли 2004 ҳангоми обхезӣ дар дарёи Сурхоби Ҷанубӣ ба ноҳияи Фархор зарари зиёди моддӣ ворид намуд. Дар вақти обхезӣ системаҳои обёрикунӣ, роҳи мошингард, 3 пул, 42 га киштзор ва 680 метр иншоотҳои соҳилмустаҳкамкунӣ зиёни ҷиддӣ дид. Зарари умумӣ 161 ҳазор сомониро ташкил дод. Обхезие, ки соли 2005 дар ноҳияи Фархор рух дода буд, ба андозаи 5.2 млрд сомонӣ зарар овард. Оби дарёи Сурхоби Ҷанубӣ аз андозаи муқаррарӣ хеле афзуд, сатҳи оби дарё хеле баланд гашт, суръати ҳаракати об тез ва қобилияти соҳилшӯи афзун гардид, лойолуди бештар шуд. Дар минтақаи сустҷараёни дарё масолеҳи шусташуда, таҳшин шуда, сатҳи маҷро ва ҳам сатҳи обро баланд бардошт, дар натиҷа об аз соҳил берун баромад. заминҳои атрофро пахш намуд. [3]

Тазаккур бояд дод, ки то вақтҳои наздик дар мамлакат диққати асосиро баҳри бартараф намудани оқибатҳои селу обхезӣ равон мекарданд, вале барои пешгирӣ ва паст намудани оқибатҳои онҳо диққати лозими дода намешуд. Агар нисфи маблағҳои дар боло зикршударо барои бартараф намудани оқибатҳои селу обхезӣ, баҳри соҳилмустаҳкамкунӣ, тадбирҳои агромелиоративӣ, сохтани сарбанду обшиканҳо, росту тоза намудани маҷрои дарёҳо ва ғайра сарф карда мешуд, шояд чунин ҳодисаҳои даҳшатбор рух намедоданд ва ё ба ин дараҷа зарар пайдо намешуд, ва солҳои минбаъда чунин ҳодисаҳо сахт коҳиш меёфтанд, хароҷотҳои солона баҳри бартараф намудани ин оқибатҳо камтар мешуд. Хурсандибахш аст, ки солҳои охир баҳри пешгири намудани пайдошавии селу обхезӣ чораю тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.

Эрозияи Хок. Хок сарвати бебаҳост, сабзишу инкишофи чӣ набототи табиӣ ва чӣ набототи маданӣ ба хок-замин алоқаманд аст. Дар бахши «Хок» иброз доштаем, ки дар ноҳияи Фархор тип ва хелҳои гуногуни хокҳои хокистарранг, ҷигарранг ва хокҳои даштию маргзорӣ паҳн шудаанд, ҳар кадоми онҳо хосиятҳои ба худ хоси химиявӣ, физикавӣ, биологӣ ва ҳосилхезии табиию иқтисодӣ доранд. Ҳаёт пеш меравад, аҳоли афзоиш меёбад, талабот ба васеъ намудани заминҳои кишоварзӣ бештар мегардад. Лозим меояд, ки аҳолии афзоишёбандаро бо нсъматҳои кишоварзӣ-хурока, пушока хубтару беҳтар таъмин карда шавад. Барои ноил шудан ба ин матлаб, лозим меояд, ки бо ду роҳ (самт) пеш равем:

·       якум - баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои киштшаванда;

·       дуюм - вассъ намудани майдонҳои кишт.

Барои амали шудани матлаби боло пеш аз ҳама бо баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои киштшаванда ноил шудан лозим аст. Аз ин лиҳоз масъала ба миён меояд, ки навъҳои нави зироатҳои серҳосил рӯёнида шавад ва аз ҷониби дигар лозим аст, ки пеши пастшавии ҳосилхезии замин (хок) аз эрозия ва дигар равандҳои харобиовар боздошта шавад. Ҳангоми ба хок муносибати оқилона намудан, чун асбоби корӣ бо гузашти замон корношоям намешавад, аз кор намебарояд, балки хосияти ҳосилхезии он мунтазам меафзояд. Ба ин маънӣ хок воситаи абадии истеҳсолот мебошад. Ҳифзи хок аз эрозия (обшуйшавӣ ва бодлесшавӣ) яке аз қисмҳои таркибии масъалаи ҳифз ва истифодаи оқилонаи замин мебошад. Эрозия на танҳо ҳосилхезии хокро паст мекунад, балки заминҳои истифодашавандаро коҳиш медиҳад, аз доираи истеҳсолот мебарорад.

Эрозияи ирригатсионӣ бештар аз 30% заминҳои обёришавандаи Тоҷикистонро фаро гирифтааст. Ин навъи эрозия дар водии Фархор ва Уртабуз бештар дида мешавад. Чуноне, ки мебинем эрозияи об дар ноҳияи Фархор масоҳати калонро фаро гирифтааст, он ба фаъолияти нодурусти кишоварзон, вассъ будани майдонҳои кишти лалмӣ, боронҳои пуршиддатии баҳорӣ, ки боиси селу обхезӣ мегарданд, то рафт кам шудани ҷангалу буттазорҳо, поймол шудани набототи алафӣ зери чаронидани барзиёдатии чорво ва ғайра алоқаманд мебошанд.

Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ баҳри пешгирии эрозияи обу бод чораҳои таъхирнопазир нокифоя андешида мешаванд, тадбирҳои аз тарафи олимон пешниҳод шуда, ба осонӣ ва сари вақт ҳалли худро намеёбанд, кишоварзон ба меъёри обмонии зироатҳо, пурра риоя намскунанд. Тадбирҳои зидди эрозионӣ ва селхезӣ, ки аз тарафи Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ҳоҷагии ҷангал ва обӣ ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд, нокифоя буда, ба талаботи рӯз ҷавоб намедиҳанд. Ба ҷораҳои муҳими пешгирикунандаи эрозияи хок ин киштгардон, чораҳои агротехникӣ, ҷангалу мелиоративӣ ва гидротехникӣ мебошанд.

Кишттардони зиддиэрозиониро бештар бо растаниҳои бисёрсола ва гоҳо бо набототи яксола (мош, лубиё, нахуд, боқила) ҳам гузаронидан аз манфиат холи нест. Таҷрибаҳои истеҳсолӣ нишон медиҳанд, ки ба таври қитъавӣ гузаронидани киштгардон самараи хуб дода метавонад. Бо ин мақсад нишебзаминҳои маҳалҳои истифодашавандаро ба 4-6 қитъа тақсим намуда, дар аввал зироати бисёрсола (юнучқа), баъдан онро шудгор намуда, зироати яксолаи ғалладона ва боз зироати киштгардон бо тартиб идома меёбад, пас аз 2-3 сол ҷои қитъаҳои кишт шуда иваз карда мешавад. Агар ин усул аз як тараф хокро аз эрозияи обу бод ҳифз намояд, аз ҷониби дигар ҳосил- хезии замин афзун мегардад.

Ҳамин тариқ натиҷаи тадқиқотҳои хокшиносию зироаткорӣ, киштгардон, коркарди зидди эрозионии хок, кашидани ҷӯякҳои ангорӣ, минтақаҳои мобайнӣ (буферӣ), суффасозӣ, бунёди боғу токзорҳо, ҷангалпарварӣ ва ғайраҳо, хокро аз эрозияи обу бод ҳифз, ҳосилнокии зироат ва боғу токзорҳо афзоиш медиҳад. Аз ин лиҳоз кишоварзонро лозим аст, ки тавсияҳои илмии олимонро дар таҷрибаи истеҳсолӣ вассъ истифода намоянд, он гоҳ ҳосилнокии меҳнаташон фузунтар мегардад, фоида бештар ба даст меояд.[4]

Ҳуҷуми малахҳо.  Ғайр аз ин масъалаҳои экологӣ дар ҳудуди ноҳия боз ҳуҷуми малахҳо хеле зиёд дида мешавад, ки аз аввали асри ХХ ҳудуди ноҳия бо ҳамлаҳои малахҳо хеле зиёд шудааст, ки аҳолии маҳалӣ ба онҳо мубориза мебаранд. Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали муттаҳид ҳушдор медиҳад, ки ба истилоҳ бадтарин хуруҷи минтақа дар даҳсолаҳои охир натиҷаи афзоиши шумораи малахҳо мебошад, ки ба амнияти озуқаворӣ ва воситаҳои зиндагӣ дар сайёра таҳдиди бузург аст.

Тибқи изҳороти ахири ҳукумат дар бораи паҳншавии малахҳо, вазъи кунунӣ метавонад аз ҳисоби гардиши нави насл, ки боиси сирояти малах дар вилояти Хатлон ва аз ҷумла дар ноҳияи Фархор эҳтимолан минбаъд мегардад, боз ҳам бадтар шавад.

Дар фасли баҳор асосан моҳҳои апрел ва май, ки бо номи таназзул маъруфанд, малахҳо одатан бо чарогоҳҳои замистона, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар намуди киштзорҳо, ки ҳамасола камтар аз 200 мм бориш меборад ва замистон хеле мулоим ва бе хунукиҳо мегузарад барои хеле зиёд паҳн шудани малахҳо мусоидат мекунад.

Бо вуҷуди ин, панҷ солҳои охир аз ҳарвақта гармтар буд. Ҳамлаҳои харобиовари малах, ки ба ноҳияҳои ҷануби вилояти Хатлон аз ҷумла ноҳияи Фархор зарари калон расонидаанд, дар ҳоле ки дар биёр ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки иқлимашон гармтар мебошад зарари хеле зиёд диданд. [5]


[1] Муҳаббатов Х.М., Раҳимов М.Р. Географияи Тоҷикистон. Душанбе, «Маориф ва фарҳанг», 2011. 312 саҳ.

[2] Аброров Ҳ., Акмалов М.М., Аҳмадов А, Ш., Сафаров Ҳ, А., Музофоти географии Колоб -Душанбе: «ПРОМЭКСПО», 2015. -132 с

[3] Аброров Ҳ., Акмалов М.Ш., Аҳмадов А.Ш., Сафаров Ҳ.А., Музофоти географии Колоб. -Душанбе: «ПРОМЭКСПО», 2015. -132.

[4] Аброров Ҳ., Акмалов М.Ш., Аҳмадов А.Ш., Сафаров Ҳ.А., Музофоти географии Колоб. -Душанбе: «ПРОМЭКСПО», 2015. -132.

[5] Кори Фахриёр Хуҷамбердиев, Тағйирёбии иқлим, муаммоҳо ва роҳҳои пешгирии он (дар мисоли ноҳияи Фархор)

Тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мо барои тағирёбии иқлимро фаҳимидан ба як мақолае,ки дар сомонаи расмии СММ нашр шудааст дида бароем:  “Тағирёбии иқлим тағирёбии дарозмуддати ҳарорат ва тағирёбии шароити обу ҳаворо дар назар дорад. Ин тағиротҳо метавонанд табиӣ бошанд, ки дар натиҷаи тағирот дар фаъолияти Офтоб ё таркишҳои калони вулқонҳо ба вуҷуд омадаанд. Бо вуҷуди ин, аз солҳои 1800-ум фаъолияти антропогенӣ омили асосии пешбарандаи тағирёбии иқлим аст, асосан аз ҳисоби сӯзондани сӯзишвории истихроҷшаванда, аз қабили ангишт, нафт ва газ. Дар натиҷаи сӯхтани сӯзишвории фосилавӣ партовҳои газҳои гулхонаӣ ба вуҷуд меоянд, ки ба монанди парда Заминро пӯшонида, ҷисми офтобро нигоҳ медоранд ва ҳароратро баланд мекунанд.

Газҳои асосии гулхонаӣ, ки боиси тағирёбии иқлим мешаванд, гази карбон ва метан мебошанд. Онҳо, масалан, ҳангоми истифодаи бензин дар автомбилҳо ё ангишт барои гарм кардани биноҳо ба вуҷуд меоянд. Тоза кардани замин ва ҷангалҳо инчунин метавонад боиси озод шудани гази карбон гардад. Манбаи асосии партовҳои метан кишоварзӣ, саноати нафт ва газ мебошад. Истеҳсолкунандагони асосии партовҳо энергетика, саноат, нақлиёт, биноҳо, кишоварзӣ ва истифодаи замин мебошанд. Масъулияти гармшавии глобалӣ ба дӯши мардум аст, ки олимони иқлимшинос исбот карданд, ки инсон барои қариб тамоми гармшавии глобалӣ дар 200 соли охир масъул аст. Фаъолияти инсон дар боло зикршуда боиси пайдоиши газҳои гулхонаӣ мегардад, ки ҳадди аққал дар ду ҳазор соли охир ҷаҳонро аз ҳарвақта зудтар гарм мекунанд.

Ҳоло Замин нисбат ба охири солҳои 1800 (пеш аз инқилоби саноатӣ) 1,1°С гармтар ва аз ҳарвақта дар 100 соли охир гармтар аст. Даҳсолаи гузашта (2011-2020) гармтарин дар таърих буд ва ҳар яке аз чаҳор даҳсолаи охир нисбат ба ҳар даҳсолаи қаблӣ аз соли 1850 гармтар буд. Гарчанде ки бисёриҳо фикр мекунанд, ки тағирёбии иқлим маънои ҳарорати баландтарро дорад, болоравии ҳарорат танҳо оғози ҳикоя аст. Азбаски Замин системаест, ки ҳама чиз бо ҳам алоқаманд аст, тағирот дар як соҳа метавонад ба тағирот дар ҳама дигарон таъсир расонад.

Дар айни замон, ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла, хушксолии шадид, норасоии об, сӯхторҳои шадид, баланд шудани сатҳи баҳр, обхезиҳо, обшавии яхҳои қутбӣ, тӯфонҳои фалокатбор ва коҳиши гуногунии биологӣ дохил мешаванд. Одамон бо оқибатҳои гуногуни тағирёбии иқлим рӯ ба рӯ мешаванд. Тағйирёбии иқлим метавонад ба саломатии мо, қобилияти парвариши зироатҳои ғизоӣ, манзил, амният ва кор таъсир расонад. Баъзеи мо ҳоло ба таъсири тағирёбии иқлим осебпазиртарем, ба монанди одамоне, ки дар давлатҳои хурди ҷазира ва дигар кишварҳои рӯ ба тараққӣ зиндагӣ мекунанд. Оқибатҳо ба монанди болоравии сатҳи баҳр ва интрузияи обҳои шӯр ба дараҷае расиданд, ки тамоми ҷамоатҳо маҷбур шуданд кӯч банданд ва хушксолии тӯлонӣ одамонро ба гуруснагӣ таҳдид мекунад. Дар оянда афзоиши "гурезаҳои иқлимӣ" дар назар аст.

Ҳар як дараҷаи иловагии гармшавии глобалӣ аҳамият калон дорад. Дар гузоришҳои Созмони Милали Муттаҳид ҳазорон олимон ва коршиносони ҳукуматӣ розӣ ҳастанд, ки маҳдуд кардани болоравии ҳарорати ҷаҳонӣ дар сатҳи на бештар аз 1,5°C бо ҳамдигар  кӯмак мекунад, ки аз бадтарин оқибатҳои иқлим канорагирӣ кунем ва иқлими зистро нигоҳ дорем. Бо вуҷуди ин, чораҳои имрӯза нишон медиҳанд, ки гармшавии глобалӣ то охири аср ба 2,8°C мерасад.

Гарчанде ки партовҳое, ки тағирёбии иқлимро ба вуҷуд меоранд, дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон ба вуҷуд меоянд ва ба ҳама таъсир мерасонанд, баъзе кишварҳо онҳоро нисбат ба дигарон ба миқдори зиёдтар истеҳсол мекунанд.

Бисёре аз қарорҳои тағирёбии иқлим метавонанд на танҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар бошанд, балки ҳаёти моро беҳтар ва муҳити зистро муҳофизат кунанд. Мо инчунин сохторҳо ва созишномаҳои глобалӣ дорем, ки дар асоси онҳо кӯшишҳо барои пешрафт ба монанди ҳадафҳои рушди устувор, конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағирёбии иқлим ва Созишномаи Париж амалӣ карда мешаванд. Се категорияи васеи амалҳо мавҷуданд:

·       кам кардани партовҳо,

·       мутобиқшавӣ ба оқибатҳои тағирёбии иқлим

·       маблағгузории чораҳои зарурии мутобиқшавӣ.

Гузаронидани системаҳои энергетикӣ аз сӯзишвории фоиданок ба истифодаи энергияи барқароршаванда, ба монанди офтоб ё шамол, партовҳои тағирёбии иқлимро коҳиш медиҳад. Аммо мо бояд фавран оғоз кунед. Бо вуҷуди густариши эътилофи кишварҳое, ки ӯҳдадор шуданд, ки то соли 2050 ба сатҳи сифрӣ бирасанд, тақрибан нисфи чораҳои коҳиши партовҳо бояд то соли 2030 амалӣ карда шаванд, То гармшавӣ дар сатҳи камтар Аз 1,5°C нигоҳ Дошта Шавад. Ноил шудан ба ин ҳадаф маънои коҳиши назарраси истифодаи ангишт, нафт ва газро дорад: зиеда аз се ду ҳиссаи захираҳои собитшудаи сӯзишвории истихроҷшаванда бояд то соли 2050 дар замин нигоҳ дошта шаванд, то сатҳи фалокатбори тағиребии иқлим пешгирӣ карда шавад.

Ҳадафи мутобиқшавӣ ба таъсири тағирёбии иқлим ҳифзи одамон, манзилҳо, корхонаҳо, манбаъҳои рӯзгор, инфрасохтор ва экосистемаҳои табиӣ мебошад. Ин фаъолият на танҳо ба оқибатҳои кунунӣ, балки ба онҳое, ки эҳтимолан дар оянда дучор меоянд, дахл дорад. Гарчанде ки чораҳои мутобиқшавӣ бояд дар ҳама ҷо андешида шаванд, дар айни замон ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ, ки барои муқовимат ба таҳдидҳои иқлим захираҳои камтар доранд, афзалият додан лозим аст.

Тадбирҳои иқлим аз ҳукуматҳо ва доираҳои тиҷоратӣ сармоягузории назарраси молиявиро талаб мекунанд. Аммо, бефаъолиятии иқлим хеле гаронтар аст. Яке аз қадамҳои муҳим ин аст, ки кишварҳои саноатӣ ӯҳдадориҳои худро дар бораи додани 100 миллиард доллар дар як сол ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ иҷро кунанд, то онҳо тавонанд мутобиқ шаванд ва ба иқтисоди "сабз" гузаранд.” [1]

Кишвари азизи мо ҳамаи инро ба инобат гирифта дар ин соҳа яке аз кишварҳои пешсаф мебошад. Дар замони имрӯза проблемаҳои ҷаҳонӣ хеле зиёданд махсусан гармшавии иқлим, ки ин ба проблемаи норасогии оби нӯшокӣ ва обшавии пиряхҳо оварда мерасонад. Дар ин соҳа Тоҷикистони азизи мо бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як чанд ташаббусҳои сатҳи ҷаҳони намедааст, ки он аз тарафи созмони бонуфӯзи ҷаҳони Созмони миллали муттаҳид қабул гардидааст.

Якумин ташабусе, ки аз ҷониби кишвари мо бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 54-уми маҷмаи умумии СММ (1 октябри 1999) – эълон намудани соли 2003 – Соли оби тоза аст, ки дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми маҷмаи умумии СММ соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. 29 август – 1 сентябри соли 2003  дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид. 

Дувумин ташаббусе, ки аз ҷониби кишвари мо бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба элон намудани солҳои 2005-2015-ро ҳамчун даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” аст, ки  23 декабри соли 2003 маҷмаи умумии СММ дар асоси эъломияи Душанбе қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015 –ро ҳамчун даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон карда шуд.

Сеюмин ташаббусе, ки аз ҷониби кишвари мо бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон намудани соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об (20 декабри 2010). Тибқи ташабусси мазкур 20-21 августи 2013 Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об дар ш. Душанбе баргузор гардид. Дар натиҷа як қатор санадҳои ниҳоӣ қабул шуданд:

  • Эъломияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об;
  • Барномаи амали Конфронси Душанбе оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об
  • Натиҷаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об

Чорумин ташаббусе, ки аз ҷониби кишвари мо бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон намудани даҳсолаби байнанмилалии амал “Об бараои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028, ки 21 декабри соли 2016, ки аз ҷониби созмони бонуфузи ҷаҳони СММ қабул гардидааст.

Панҷумин ташаббусе, ки аз ҷониби кишвари мо бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин эълон намудани соли байнанмилалии “Ҳифзи пиряхҳо” мебошад, ки  декабри соли  2022 бо як овоз қабул гардид ва 21-уми мартро ҳамчун рӯзи байнанмилали пиряхҳо қайд карда мешавад.

Ин ҳама ташабусҳое, ки аз ҷониби кишвари мо бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш бурда шудааст, ин  нафақат ғами аҳолии кишвари мо балки ғами тамоми аҳолии ҷаҳонро ба ӯҳда гирифтааст, ки иназ шахси башардӯст будани Пешвои миллат гувоҳи медиҳад.

Чунончӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як чорабинии таърихие, ки ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмиллалии амал “ Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”, санаи 22 – юми марти соли 2018 дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка баргузор гардида буд, чунин иброз намуда буданд: “ Имрӯз дар ҷаҳон минтақае нест, ки дар масъалаи захираҳои об мушкилот надошта бошад ва ба нақши ин неъмати бебаҳо дар рушди устувор аҳамияти махсус надиҳад. Зеро тамоми самтҳо ва соҳаҳои фаъолияти инсонӣ бо захираҳои об алоқаи зич доранд.

Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки захираҳои об на танҳо неъмати бебаҳо, балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд ва ин амр фаъолияти дастаҷамъона ва муносибати ҷиддиро ба истифода ва ҳифзи ин захираҳо ба хотири наслҳои оянда тақозо дорад”.


[1] https://www.un.org/ru/climatechange/what-is-climate-change

     Омўзиши табиат ва хоҷагии халқи Тоҷикистон асосан дар нимаи дуюми асри ХIХ, баъди ба Русия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна оғоз ёфтааст. Тоҷикистон сарзамини ниҳоят қадим ва дорои таърихи чандинҳазорсола аст, вале доир ба омўзиши табиат ва хоҷагии халқи дар замонҳои гузашта ба ҷуз навиштаҷоти сайёҳон ва баъзе маълумоти таърихӣ асари алоҳидае нест. Маълумотҳои аввалин дар бораи Осиёи Миёнаро мо дар асарҳои олимимони Юнони Қадим Ҳеротод, Страбон, Батлимус (Клавадий Птломей) дида мешавад. Аввалин бор географияи Тоҷикистон ба тарзи илмӣ аз тарафи олимони рус И. Ханников, Г. Грумм-Гржимайло, В. Ошанин, А. Федченко, А. Воейков омўхта шудааст. Дар таҳқиқи олами ҳайвонот А. Берг, Н. Северсов, олами наботот Л. Комаров, В. Липский, С. Коржинский саҳми босазо гузоштаанд. Таҳқиқоти нахустини геологиро дар қаламрави Тоҷикистон И. Мушкетов, А. Архангелский, Д. Наливкин ва дигарон гузарониданд. Таҳқиқоти васеи географии Тоҷикистон ба солҳои Ҳокимияти Шўравӣ рост меояд.

  Дар ин рисолаи хатм ман оиди табиат ва сарватхои табии мавқеи географӣ ноҳияи Фархор чӣ дар кураи арз ва чи дар харитаҳои Авруосиё ва минтақаи Осиёи Марказӣ пушди нохун барин ҷойро ишғол менамояд гӯем, шояд хато накаунам. Барои ба мавқеи ҷойгиршавии он баҳои дуруст дода шудааст.

    Релефи ноҳияи Фархор  натиҷаи тараққиёти бисёрмиллионсолаи қишри замин мебошад. Дар давоми таърихи геологии замин вай мунтазам тағйир ёфта, шакли ҳозираи худро гирифтааст. Симои онро асосан қаторкӯҳҳои Сиёҳкӯҳ (Қаратов) ва Ҷалолиддини Балхӣ (Текраклитоғ), пуштакӯҳи Олимтой, теппаи Ӯртабуз ва ҳамвориҳои байникӯҳӣ водии Фархор муайян мекунанд. Ноҳияи Фархор  ҳамчун як гӯшаи зебоманзари Ватанамон дорои табиати бой ва рангоранг мебошад. Алалхусус, захираҳои сарватҳои зеризаминии минтақа фаровонанд. Дар қаламрави минтақа даҳҳо конҳои сарватҳои зеризаминӣ кашф карда шудаанд.

Ноҳияи Фархор аз обҳои дохилӣ ғанӣ нест, ин ҷо пиряхҳо вуҷуд надоранд, дарёҳо камоб ва хуле шӯр ба ғайр аз дарёи Панҷ вуҷуд доранд. Обҳои дохилӣ маҳсули релеф ва иқлим мебошад. Дар зери таъсири мутақобилаи онҳо дар қаламрави Тоҷикистон пиряхҳо, обҳои зеризаминӣ, дарёҳо, кӯлҳо, ботлоқҳо ташаккул ёфтаанд, ки ҳамаи онҳоро дар маҷмӯъ обҳои дохилӣ меномем. Онҳо аз ҷиҳати пайдоиши худ фарқ кунанд ҳам, аммо бо ҳам алоқаманд мебошанд. Дар якҷоягӣ комплекси сарватҳои обии ноҳияро ташкил менамоянд. Гуногунии захираҳои сарватҳои обӣ, тақсимот ва ҷойгиршавии онҳо омили муҳими истифодаи қаламрави ноҳия ва ташаккулёбии хусусияти ба худ хоси географи хоҷагии он мебошад.

Инкишофи илму техника, суръати баланди афзоиши аҳолӣ ва торафт ба миқдори ниҳоят зиёд истифода шудани боигариҳои гуногуни табий, боиси вайрон гардидани мувозиноти табиат ва талафи олами набототу ҳайвонот гардид. Дар натиҷаи бемасъулиятии одамон то замони мо бисёр намудҳои нодири набототу ҳайвонот нест шуданд ва қисме аз он дар ҳолати нестшавианд. Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда 75% ҳайвоноти ширхӯр ва 86% парандагони сайёра дар натиҷаи фаъолияти бераҳмонаи инсон нобуд шудаанд. Ҳоло бошад қариб 600 намуди ҳайвоноту парандагон дар зери хавфи нестшавианд.

Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки дар замонҳои қадим олимон ва ходимони давлатӣ ба масъалаи ҳифзи олами набототу ҳайвонот диққати ҷиддӣ медоданд. Ҳатто дар давраи ҳукмронии сулолаи Сомониён дар мавзеъҳои махсус пардизҳо таъсис ёфта буданд, ки дар онҳо то як давраи муайян шикор мань карда мешуд.

Адабиёт (Маводи мазкур аз тарафи Хуҷамбердиев Фахриёр ғолиби озмуни ҷумҳуриявии "Илм-фурӯғи маърифат" ҷамъоварӣ карда шудааст.)

[вироиш | вироиши манбаъ]

1.  Будыко, М. И. Глобальная экология / М. И. Будыко. – М. : Мысль, 1977. – 327 с.

2.   Голицын Г.С. Климат на протяжении 4 млрд. лет / Г.С. Голицын // Вестник РАН. – 1997. – № 2. – С. 105-109.

3.   Голубчиков С.С. Глобальное изменение климата / С.С. Голубчиков // Энергия. – 2004. – № 8. – С. 52-57.

4.   Дмитрук М. От парника до ледника / М. Дмитрук // Свет. – 2001. - № 7. – С. 32-35.

5.   Ершов Э.Д. Деградация мерзлоты при возможном глобальном потеплении климата / Э.Д. Ершов // Соросовский образовательный журнал. – 1997. - № 2. – C. 70-74.

6.   Зубаков В.А. Климат в истории биосферы / В.А. Зубаков //  Вестник РАН. – 2001. – № 2. - С. 130-138.

7.   Каплин, П. А. Морские побережья в ХХI в. / П. А. Каплин, Ю. А. Павлидис, А. О. Селиванов // Природа. – 2000. – № 3. – С. 37–44

8.   Клименко, В. В. Энергия, природа и климат / В. В. Клименко. – М. : МЭИ, 1997. – 214 с.

9.   Кондратьев, К. Я. Глобальный климат / К. Я. Кондратьев. – СПб. : Наука, 1992. – 359 с.

10.         Копылов И.П. Вращение Земли, климат и… (одна из версий потепления) / И.П. Копылов // Энергия. – 1993. - № 8. – С. 10-16.

11.         Котляков, В. М. Глобальные изменения за последний ледниково-межледниковый цикл / В. М. Котляков, К. Лориус // Изв. АН СССР. – 1992. – № 1. – С. 7–14. Вестник Белорусско-Российского университета. 2010. № 2(27)

12.         Логинов, В. Ф. Причины и следствия климатических изменений / В. Ф. Логинов. – Минск : Навука i тэхнiка, 1992. – 320 с.

13.         Найдёнов В.И. Вода же усиливалась и умножалась на Земле… / В.И. Найдёнов, В.И. Швейкина // Наука в России. – 2000. – № 5. – С. 44-49.

14.         Переведенцев, Ю. П. Основы экологии атмосферы : учеб. пособие / Ю. П. Переведенцев, Ю. Л. Матвеев, В. Д. Тудрий. – Казань : Изд-во Казанского ун-та, 2001. – Ч. 2. – 60 с.

15.         Петрукович А. М. Прогноз погоды XXI века: ожидаются магнитные облака и электронные осадки / А.М. Петрукович // Наука и жизнь. – 2002. - № 5. – С. 3-8.

16.         Пешвои миллат: Масоили об, иқлим  ва экология. Душанбе: “Дониш”, 2022.-134

17.         Р.Ғ.Забиров. Экология: китоби дарси барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ. Душанбе «Эр-граф» 2013,480с.

18.         Сорохтин О.Г. Парниковые газы в атмосфере не вызывают потепление климата / О.Г. Сорохтин // Наука в России. – 2001. - № 4. – С. 41-47.

19.         Фархор.Энсиклопедия. –Душанбе: “Ирфон”, 2011.-540 саҳ.

20.         Фeҳристи истифoдaи oби дaрёи Панҷ (Китoби I, Душaнбe, 1987. – 48 с.)

21.         Шабакаҳои интернетӣ

  1. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 22 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.