Jump to content

Табақоти Носирӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Табақоти Носирӣ
Нависанда Минҳоҷ Сироҷи Ҷӯзҷонӣ
Забони навиштаҷот ё осор/асар форсӣ
Таърихи интишор 1260

«Табақоти Носирӣ» (форсӣ: طبقات ناصری‎) — асари таърихии Абӯумар Минҳоҷуддин Усмон ибни Муҳаммад Сироҷуддини Ҷузҷонӣ, ки соли 1260 ба забони форсӣ таълиф кардааст.

«Табақоти Носирӣ» ба яке аз подшоҳони Ҳиндустон Носируддин Маҳмудшоҳ (ҳукмронӣ 1246—65) бахшида шудааст. Асар аз 23 боб (табақа) иборат буда, мавзӯи асосии он таърихи умумии олам аст. Боби якум ба таърихи пайғамбарон, боби дуйюм ба таърихи чор халифаи араб, боби сеюм ба таърихи сулолаи Умавиён, боби чорум ба таърихи сулолаи Аббосиён, боби панҷум ба таърихи шоҳони қадими форс, боби шашум ба таърихи шоҳони Яман, боби ҳафтум ба таърихи сулолаи Тоҳириён, боби ҳаштум ба таърихи сулолаи Саффориён, боби нӯҳум ба таърихи сулолаи Сомониён, бобҳои даҳум — сездаҳум ба таърихи хонадонҳои Дайламиён, Сабуктегиниҳо, Салҷуқиён ва Санҷариҳо, боби чордаҳум ба таърихи шоҳони Нимрузу Систон, боби понздаҳум ба таърихи ҳокимови курд, боби шонздаҳум ба таърихи сулолаи Хоразмшоҳиён, боби ҳабдахум ба таърихи хонадони Шансабониҳо ва шоҳони Ғур, бобҳои ҳаждаҳум — бистум ба таърихи хонадонҳои Шансабониҳои Тахористону Ғазна, Муиззиҳои Ҳиндустон, бобҳои бистуякуму бистудуюм ба таърихи хонадонҳои Шамсиҳои Ҳиндустон. волиҳои султонҳои Шамсӣ, боби бистусеюм ба ҳуҷуми муғулҳо оиданд. Ҷузҷонӣ, ки дар давраи хуҷуми муғулҳо зиндагӣ мекард, дар бораи ҳамлаи муғул ба Эрон ва хонҳои муғул то аҳди Ҳалоку маълумоти муфассал медиҳад. «Табақоти Носирӣ» солҳои 1864 дар Калкатта, 1049—53 дар Лоҳур, 1963—64 дар Кобул нашр шуд. Ба забонҳои англисию русӣ тарҷума шудааст.