Jump to content

Таваҳҳум

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Таваҳҳум
МКБ-10 R4444.
МКБ-9 780.1780.1
DiseasesDB 19769
MedlinePlus 003258
eMedicine / 
MeSH D006212

Таваҳҳум, фиреби эҳсос, ҳаллюсинасия (лот.нав: hallucinatio < лот. alucinatio) — дарке, ки бидуни мавҷудияти объекти ҳақиқӣ ҳангоми бемориҳои рӯҳиву сироятӣ, заҳролудӣ, осеби майна, изтироби сахти рӯҳӣ ва ғайра ба амал меояд.

Таваҳҳум шунавоӣ (ном гирифта ҷеғ задан, мағал, овозҳои ҳархела), босиравӣ (ба назар расидани одамон, мурдаҳо, ҳайвонот, махлуқҳои ғайритабиӣ, ҳодисаву воқеаҳо), машомӣ (ба димоғ расидани бӯйи бад ё бӯйи хуш), ломисавӣ (ҳис кардани рутубат, вазиши бод, халидани сӯзан, дар рӯйи пӯст ҷунбидани чизе ва ғайра), чашоӣ (бидуни истеъмоли ғизо дар даҳон ҳис шудани таъми ногувор), ҳисси умумӣ (дар шикам ва сари сина ҳаракат кардани чизе) мешавад. Баъзе таваҳҳумҳо ранга, образнок ва равшан мебошанд. Аз ин лиҳоз, онҳоро аз идроки ҳақиқӣ фарқ кардан душвор аст (таваҳҳумҳои ҳақиқӣ). Таваҳҳумҳои дигарро бемор ботинан дарк мекунад. Дар натиҷаи ин доираи шуурро ҳиссиёти дурӯғин фаро мегирад ва боиси ба вуҷуд омадани таваҳҳум мегардад. Инро таваҳҳуми дурӯғин (псевдогаллютсинатсия) меноманд. Зери таъсири таваҳҳум ба гӯши бемор овозҳои амркунанда мерасанд. Дар чунин ҳолат ӯ метавонад нисбат ба атрофиён ё ҳаёти худ рафтори хатарнок содир намояд. Таваҳҳум аломати муҳим ва асосии бисёр бемориҳои рӯҳист. Дар мавриди таваҳҳум (хусусан, ҳангоми таваҳҳуми шадид) беморро оҷилан дар беморхонаи амрози рӯҳӣ бистарӣ ва муолиҷа кардан лозим аст.

  • Гиляровский В. А. Учение о галлюцинациях. М., 1949;
  • Гулямов М. Г. Синдром психического автоматизма Кандинского в рамках различных клинико-нозологических форм психозов. Д., 1965;
  • Кандинский В. Х. О псевдогаллюцинациях. М., 2001;
  • Гиляровский В. А. Учение о галлюцинациях. М., 2003.