Jump to content

Тазкираи Шуарои Хуҷанд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Тазкираи Шуарои Хуҷанд - Китобест аз профессори зиндаёд Абдулманнон Насриддини Хуҷандӣ. Дар ҳаҷми 512 саҳифа соле пеш дар Хуҷанд ба нашр расидааст. Марҳум Абдулманнон Насриддин аз ҷумлаи маъруфтарин пажуҳишгарони осори адабиёти классикии тоҷик буд, ки хеле бармаҳал дида аз олам баст.

«Тазкираи шуарои Хуҷанд»-и Абдуманнон Насриддинов муҳимтарин ва ҷомеътарин таълифест, ки дар заминаи маърифати суханварони Хуҷанд ба қалам омадааст. Китоб дар шинохти мақоми донишмандони тоҷик дар ташаккули илму адаби ҷаҳонӣ, таҳаввули назму насри форси тоҷикӣ, мероси нодири илмӣ- адабӣ, заминаҳои илмӣ дар таълифи таърихи ҷомеи адабиёт ва фавоиди дигар манбаи хеле арзишманд мебошад. Китоб барои адабиётшиносон, муҳаққиқони таъриху фарҳанги миллӣ ва ҳамаи дилбастагони маърифат нукоти тозаву омўхтаниро арза медорад. Профессор Абдуманнон Насриддинов муаллифи 25 монография, аз қабили "Шарҳнигорӣ дар адабиёти форсу тоҷик", "Донишмандон ва сухансароёни Хуҷанд", "Достонҳо аз "Бӯстон"-и Саъдӣ", "Шарҳи "Гулистон"-и Саъдӣ", Фарҳанги тафсилии "Шамс-ул- луғот", Фарҳанги мушкилоти адабиёт, "Сухани фаришта", "Сеҳри мубин" ва беш аз 500 мақолаю рисолаҳои илмӣ буда, яке аз маъруфтарин адабиётшиносон ва муҳаққиқони адабиёти класскии тоҷик ба шумор меравад. Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон ба профессор Абдулманнон Насриддин ҳамроҳ бо ду тани дигар аз устодони барҷастаи забон ва адабиёти форсӣ дар саросари ҷаҳон, ҷоизаи "Чеҳраи боризи забон ва адабиёти форсӣ"-ро эъто карда буд. Доктори илмҳои филологӣ, профессор Замира Ғаффорова дар хотироташ менависад, ки "соли 2003 аз ҷониби Абдулманнон Насриддин китобе бо номи "Донишмандон ва сухансароёни Хуҷанд" рӯи чоп омад, ки дертар бо номи "Тазкираи шоирони Хуҷанд" ду маротиба ба хатти форсӣ дарҶумҳурии Исломии Эрон чоп шуд, ки воқеан ин дастоварди беназире дар шинохти ҳавзаи адабии Хуҷанд дар қаламрави таърих маҳсуб меёбад".[1]

  1. нусхаи бойгонӣ. 9 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 Декабри 2020.