Талимарҷон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Талимарҷон [Talimarjān] — номи кӯли калони водии Кешрӯд, ки ҳоло дар ҳудуди вилояти Қашқадарёи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва дар резишгоҳи дарёи Кеш ва шохобҳои он дар соҳили рости Амударё қарор дорад. Имрӯз низ яке аз кӯлҳои калони ин водӣ ба ҳисоб меравад. Талимарҷон калимаи мураккаб буда, аз ҷузъҳои тал ва марҷ таркиб ёфта, ба маънии теппаи сарсабз, баландии обод далолат менамояд ва ин калимаҳо тоҷикӣ мебошанд. Дарвоқеъ, кӯли Талимарҷон дар анбӯҳи дашти беканору биёбони беодам қарор дорад ва аз дур ободу сарсабз менамояд. Номи гидроним ба ҳамин маънӣ созмон ёфтааст. Дар айни замон дар гирду атрофи ин мавзеи ҷуғрофӣ нерӯгоҳи обӣ, шаҳраки истиқоматӣ бунёд гардидааст, ки ин мавзеъро боз ободтар намудааст.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Ҳомидов Д.Р. Таҳқиқи забоншиносии гидронимҳои мавзеъҳои таърихии тоҷикнишин/Рисолаи докт. илми филол. — Душанбе, 2018. — С. 129. — 470 с. (тоҷ.)