Тандурустӣ дар Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

То соли 1917 нигаҳдории тандурустӣ дар Тоҷикистон ҳамчун системаи давлатӣ вуҷуд надошт. Баъди ба Русия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна ҳукумати подшоҳӣ барои хидматрасонии тиббии аҳолии ин сарзамин ба ҳар сари кас соле 14 тин ҷудо мекард. Аморати Бухоро бошад, барои ниёзмандии тандурустии мардум фалсе харҷ намекард. Шароити хеле вазнини моддию маишии мардум, зиндагонии қашшоқона, бесаводӣ, таъсири хурофот, вазъияти беҳдошти бади маҳалу манзилҳо, ифлосӣ ва пурсироятии муҳити атроф – об, ҳаво ва хоку хӯрок боиси паҳн гардидани бисёр бемориҳои гузаранда – сорию вогир, касбию иҷтимоӣ – безгак, чечак, вабо, тоун, ришта, ҳасба, домана, кузоз, ҳорӣ, хуноқ, сулфакабудак, сурхакон, махмалак, сил, зотулҷанб, исҳоли хунин, фалаҷ ва амсоли инҳо мегардиданд. Соли 1913 дар ҳудуди Тоҷикистони ҳозира 1 беморхона, ки 40 кат, 13 духтур ва 32 нафар корманди миёнаи тиббӣ дошт, амал мекард. Солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ ба Тоҷикистон аз дигар ҷумҳуриҳо, аксаран аз Федератсияи Русия ва Украина кормандони тиб фиристода шуданд. Соли 1924 Комиссариати халқии нигаҳдории тандурустии ҶМШС Тоҷикистон таъсис ёфт. Пас аз ташкил ёфтани ҶШС Тоҷикистон бисёр бемориҳои иҷтимоӣ ва сироятӣ тамоман аз байн рафтанд. Солҳои сиюми садаи XX аввал дар Хуҷанд, баъд дар Сталинобод (ҳозира Душанбе) техникумҳои тиббӣ ва соли 1939 дар Сталинобод Институти тиббӣ таъсис ёфтанд. Соли 1946 аввал ба Вазорати нигаҳдории тандурустӣ ва баъдан ба Вазорати тандурустии ҶШС Тоҷикистон ва аз соли 2013 ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном намуд.

Вазъи тандурустӣ дар даврони шӯравӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳолати баамаломада дар соҳаи тандурустии кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба доир намудани ислоҳоти соҳаи тиб шурӯъ намояд. Ислоҳоти соҳаи тандурустиро шартан метавон ба 4 марҳала тақсим кард. Марҳалаи аввал солҳои 1993–97-ро дар бар мегирад ва аз марҳалаҳои душвортарин маҳсуб меёбад, ки кумакҳои фаврии давлат барои дарёфти доруворӣ, ваксинаҳо ва дигар васоити бандубастӣ дар ҳалли бисёр масоили мубрами тандурустӣ нақши муҳим дош танд. Марҳалаи дуюми ислоҳоти соҳа солҳои 1997–99 маҳсуб меёбад, ки дар ин давра дигаргунсозиҳои соҳа дар вазъияти нисбатан ором идома ёфтанд. Дар ин марҳала вазорат барои таҳияи дурнамои муайянкунандаи рушди минбаъдаи соҳа ва меъёрҳои ҳуқуқии он мутобиқ ба иқтисодиёти бозорӣ корҳои бисёреро анҷом дод. Бори нахуст дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ то соли 2005, Барномаи соҳавии ислоҳоти нигаҳдории тандурустӣ барои солҳои 1997–2001 таҳия ва ба тасвиб расиданд. Марҳалаи сеюми ислоҳоти соҳа солҳои 1999–2006-ро фаро мегирад. Дар ин солҳо аввалин лоиҳаҳои инвеститсионӣ бо мадади Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва Бонки Умумиҷаҳонӣ оғоз гардиданд. Ба иллати нокифоя будани маблағҳои буҷети давлатии барои соҳаи тандурустӣ тахсисдодашуда зарурати ҷалби маблағҳо аз ҳисоби ниҳодҳои молиявӣ ва ташкилотҳои байналмилалии мададрасон ба миён омад. Дар ин давра дар доираи ислоҳоти соҳа «Стратегияи маблағгузории соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005–2015» таҳия ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Дар пешбурд ва татбиқи дигаргунсозиҳои соҳа дар ин давра Барномаи таҷдиди сектори иҷтимоӣ, ки солҳои 1999–2014 дар кишвар амалӣ гардид, саҳми бузург гузошт. Дар доираи татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ корҳои сохтмониву барқарорсозии бештар аз ва муассисаи тиббии қисме аз навоҳии ҷумҳурӣ анҷом ёфтанд. Дар ин давра дар татбиқи ислоҳоти соҳа Маркази идораи барномаи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ – Бонки Осиёии Рушд, Маркази ҳамоҳангсозии Барнома оид ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва дастгирии тибби оилавӣ (Барномаи Сино), Барномаи Здрав Плюс, Бунёди Оғохон, Хазинаи Глобалӣ, Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (WHO), Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF), Барномаи НОРЕ (Барномаи USAID оид ба мубориза зидди бемории сил), Бонки рушди Олмон, CARE INTERNATIONAL, CARITAS Сафорати Ҷопон саҳми арзишманд гузоштаанд. Дар натиҷаи татбиқи барномаи мутазаккира бештар аз 100 нафар мутахассис дар хориҷи кишвар омӯзонда, 36 муассисаи тиббӣ сохта шуда, 320 муассисаи табобатию профилактикӣ дар 41 шаҳру навоҳии вилоятҳои Хатлону Суғд таҷҳизонида шуда, 88 адад нақлиёти санитарӣ даст рас гардиданд. Марҳалаи чоруми ислоҳоти тандурустӣ аз соли 2006 оғоз гардида, то ҳоло идома дорад. Рисолати асосии ин марҳала мукаммал намудани сохти идоракунӣ ва маблағгузории соҳа, рушди тибби оилавӣ, мустаҳкам кардани заминаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ, таҳкими системаи иттилоотии соҳа ва амсоли инҳо мебошад. Ба мақсади беҳтар намудани вазъи саломатии аҳолӣ, бо мадади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин санадҳои меъёрии дорои аҳаммияти ба тасвиб расидаанд. Дар солҳои охир соҳаи хидматрасонии тиббии кишвар ба азнавсозии заминаҳои ташхисиву табобатӣ, неруманд намудани инфрасохтори муассисаҳо, таъмини дастрасии хидматрасонии ташкилӣ, муолиҷавию пешгирӣ ва ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобатӣ самт гирифт. Дар пайи ин гирифтор шудани аҳолӣ ба баъзе бемориҳо, аз ҷумла домана, гулӯзиндонак, сулфакабудак, сурхча, гепатитҳои вирусӣ мутаносибан коҳиш ёфтааст. Яке аз самтҳои муҳимми мубориза алайҳи бемориҳои гус турда дар ҷумҳурӣ – мубориза бар зидди бемории сил мебошад. Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010–2015 идомаи Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013–2010 буда, барои фароҳам овардани тамоми шароит ҷиҳати беҳтар намудани хидматрасонии зиддисилӣ ба аҳолӣ равона шудааст.

Дар доираи ин барнома дастрасии аҳолӣ ба доруҳои табобати бемории сил беҳ гардид, хидматрасонии ташхисӣ низ равнақ гирифт, озмоишгоҳҳои бактериоскопӣ хуб таҷҳизонида шуданд, беморхонаҳои ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сил таъмиру таҷдид гардида, бо олот сомони тиббии муосир ҷиҳозонида шуданд. Баъдан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд» қабул шуда, Барномаи мубориза бар зидди диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Минбаъд 3 барномаи миллӣ оид ба мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд. Бо мақсади беҳтар намудани вазъи бемориҳои омосҳои бадфарҷом дар ҷумҳурӣ, коҳиш додани гирифторшавӣ ба ин беморӣ ва фавт аз он, ёрии таъҷилӣ ва таскинӣ, дастрасии тамоми намудҳои табобат, омода кардани мутахассисони соҳа Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории саратон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010–2015 ба тасвиб расид. Тайи солҳои охир дар муассисаҳои В. усулҳои нави табобат ҳангоми нақсҳои вазнини модарзодии дил ҷорӣ гардиданд. Ҳамчунин бори аввал дар кишвар амалиёти иваз намудани гурда, буғуми рон ва зону ба буғуми сунъӣ, тавассути ҳуҷайраҳои бунёдӣ, муолиҷаи бемории дилу рагҳо, усулҳои нави ҷарроҳии чашм, ҷоғу рӯй ва саратони хирной гузаронида шуданд. Нахустин бор дар ҷумҳурӣ бидуни ҷарроҳӣ бо сӯзани махсус таҳти назорати ултрасадо оризаҳои ҷигар ва ғадуди зери меъда табобат карда шуданд. Ба мақсади пайванд намудани узву бофтаҳо дар заминаи озмоишгоҳи Маркази ҷумҳуриявии илмии хун типикунонии антагенҳои эритроситҳо ва типикунонии иммунологии бофтаҳо (HLA-антигенҳо) доир карда шуд. Бо назардошти рушди таҷрибаи ғании тибби ниёгон «Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ» таъсис дода шуд. Ҳифозат намудани тандурустии модару кӯдак аз рисолати муҳимми В. буда, вобаста ба ин маром чандин қонунҳои мушаххас ба тасвиб расидаанд, ки ҷиҳати паст намудани сатҳи беморшавӣ ва фавти модарон дар навоҳии кӯҳистон ва дигар ноҳияҳое, ки мутахассисон намерасанд, равон намудани «Корвони саломатӣ» ва ташкили марафон – сабқати ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Кӯдаки солим – миллати солим» аз натоиҷи ин иқдоманд. Дақиқан беҳбуди хидматрасонии тиббиву фарматсевтӣ аз бисёр ҷиҳатҳо ба сатҳу сифати омодагии касбии кадрҳои тиббиву фарматсевтӣ марбут мебошад. Барои тарбияи мутахассисони соҳаи тандурустӣ чандин санадҳои меъёрӣ қабул гардиданд, ки Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар солҳои 2006–2015, Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010–2020 аз ҷумлаи онҳоянд. Солҳои охир дар баробари ворид намудани маводди доруворӣ самти дигари соҳаи фарматсевтӣ – истеҳсоли маводди дорувории ватанӣ низ рушд ёфт; дар мамлакат КВД «Тоҷикфарминдустрия» таъсис ёфт, ки дар ҷумҳурӣ маводди дорувориро истеҳсол менамояд. Айни замон дар мамлакат коргоҳҳои фарматсевтии ватанӣ – Корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши «Помир», Ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди «Тиб барои шумо», «Шабнам ШАР», «Ҳаким», «Сахо», «Авитсенна», «Фармико», ҶСК «Фароз», ҶСП «Аввалин» ба истеҳсоли маводди доруворӣ пардохтаанд.[1]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Таджиев Я. Т. Здравоохранение Таджикистана. Д. 1974; Ҳамон. Здравоохранение // Таджикская Советская Социалистическая республика. Д., 1984;
  • Салимов А. Ф., Исупов С. Ҷ., Содиқова Д. Н., Ҷобирова С. Б., Раҳмонов С. Б., Мирзоева А. С. Рушди соҳаи тандурустӣ дар 20 соли истиқлол. Д., 2011.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • moh.tj — вебгоҳи расмии Тандурустӣ дар Тоҷикистон(тоҷ.)(рус.)
  1. Здравоохранение Таджикистана(рус.). tajik-gateway.org. 28 июни 2019 санҷида шуд.