Тахористон
Тахористон – давлатест, ки дар ду соҳили дарёи Панҷ ҷойгир буд, сарзамини имрўзаи Афғонистони шимолӣ, Тоҷикистону Ўзбекистони ҷанубӣ.[1]
Тахориҳо ба Бохтар якҷоя(давлати Юнону Бохтар) якҷоя бо қабилаҳои массагетҳову сакоиҳо омада дар озодкунии кишвар аз юнониён ва ҳаёти минбаъдаи сиёсӣ кишвар нақши калон бозиданд. Аз асри IV мелодӣ сар карда Бохтар-Тахористон номида мешуд. Тахориҳо чун чузъи асосӣ ба халқи нав ташаккул ёфтаистодаи тоҷикон дохил мегарданд. Сипас Тахористон якчоя бо қисми зиёди Осиёи Марказӣ, қаламрави Афғонистони ҳозира ва Ҳиндустони шимолӣ дар ҳайати давлати бузург Шоҳаншоҳии Кушониён бо сарварии сулолаи Кӯшониён дохил шуда буд. Ин замони нашъунамои иқтисодиёту маданият, ривоҷёбии алоқаҳо бо Аврупои шарқӣ, Рум, Чин ба ҳисоб меравад. Ёдгориҳои бостоншиносии замони Кӯшониён пайвастани санъати осиёмиёнагӣ, юнонӣ ва ҳиндиро инъикос менамоянд.
Дар бораи мулкҳои ҷудогонаи Тахористон – мулки Хуттал, Вахон, Шуғнон, Чағониён, Шумон сайёҳ ва зоири дигари буддоӣ Хой-Чао, ки соли 726 ба Вароруд омада буд, маълумот медихад. Тахористон навохии имрўзаи ҷанубии Тоҷикистону вилояти Сурхандарёи Ўзбекистон ва қисматҳои шимолии Афғонистонро дар бар мегирифт. Ин давлат аз ҷиҳати масоҳат ба собиқ кишвари Бохтари қадим шабоҳат дошт. Тахористон ҳарчанд кишвари калону фарох ба ҳисоб равад ҳам, вале аз нигоҳи сиёсӣ мамлакати номутамарказу пароканда буд. Дар сари ҳар як мулк як волӣ ё малики мустақил ҳукм меронд. Ба таври дигар Тахористонро конфедератсияи номуназзам ё иттиҳоди мулк - давлатҳои соҳибихтиёр гуфтан мумкин аст.[2]
Пайнавишт
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Memoirs of a Malayan Family p. 87 http://books.google.com.tj/books?id=FT2EAAAAIAAJ
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]