Тахти Қубод
Тахти Қубод — димнаи атиқаест дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, дар соҳили рости дарёи Аму.
Солҳои 1950—51 як гурӯҳ кормандони Экспедисияи археологии Тоҷикистон бо роҳбарии М. М. Дяконов тадқиқ намуд. Тахти Қубод росткунҷа буда, аз куҳандиз ва бошишгоҳи на он қадар калони атрофи он иборат аст. Тахти Қубод борҳо дар адабиёти илмии тореволюсионию советӣ зикр шудааст. Олимон тахмин мекунанд, ки аз харобаҳои ёдгорь эҳтимол хизонаи Амударё ёфт шуда бошад.
Бинобар ин димна диққати онҳоро ба худ ҷалб намуд. Аз Тахти Қубод маснуоти гуногуни сафолӣ, пойсутунҳои сангӣ, дошхо ёфт шуданд, ки онҳо ба давраи атиқа мансубанд. Баъзе муҳаққиқон ақида доранд, ки Тахти Қубодро ҳамчун қалъа истифода бурда, гузаргоҳи дарёи Амуро аз ҳуҷуми душманон муҳофизат мекардаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.