Ноҳияи Қубодиён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ноҳияи Қубодиён
Ноҳияи Қубодиён дар нақшаи Тоҷикистон
Донистаниҳо
Кишвар : Тоҷикистон
Вилоят : Хатлон
Марказ: Қубодиён
Замони таъсис : 27 октябри 1939
Раиси ноҳия: Сабурзода Мирзодавлат
Абдолӣ (аз 2023)[1]
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : 1834,4 км²
Шумораи шаҳракҳо : 1
Шумораи ҷамоатҳо : 6
Мардум
Аҳолӣ (2022) : 195,1 ҳаз. кас[2]
Забони расмӣ : тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикӣ, ӯзбeкӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ
Нишониҳо
Сарвожа : KA
Код ISO : TJ.KТ.KA
Пешшумора : +992 3251
Нишонии почта : 735140
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : .tj
Шумораи мошинҳо : 03РТ

Ноҳияи Қубодиён (форсӣ: ناحیۀ قبادیان‎) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Ин ноҳия 27 октябри соли 1939 дар бахше аз вилояти Сталинобод дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта[3] ва дар солҳои 19301970 ба ёди Анастас Микоян, яке аз раҳбарони шӯравӣ, ноҳияи Микоянобод номида мешуд[4].

Аз 4 январи соли 1944 ин ноҳия бахше аз вилояти Қӯрғонтеппа шуд.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Қубодиён (форсӣ: قبادیان‎) аст, ки дар канори рӯди Кофурниҳон, шохоби рости рӯди Панҷ, 94 км ҷанубу ғарбтар аз Бохтар ва 2 км дуртар аз истгоҳи роҳи оҳан ҷой дорад. Аз Қубодиён то Душанбе 198 км роҳ аст. Ин шаҳрак дар солҳои 1930 — 1970 Микоянобод ном дошт.

Ҷойгоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ноҳияи Қубодиён бо сарзамине 1834,4 км² дар дараи рӯди Кофурниҳон ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Рӯдакӣ, дар шарқ — бо ноҳияи Дӯстӣ, дар ғарб — бо ноҳияи Шаҳритӯс аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дар ҷануб — бо ноҳияи Қалъаи Зол аз ноҳияҳои Вилояти Қундузи Афғонистон ҳаммарз аст.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Мардум дар дараи рӯди Кофурниҳон аз нимаи дувуми ҳазораи I пеш аз милод маскун буда ва шабакаи густардаи обёрӣ падид оварда будаанд. Киштзори каронаи рости ин рӯдро ҷӯйе обёрӣ мекардааст, ки саргаҳаш 18 км шимолтар аз шаҳраки Қубодиён ҷой дошта аст. Як ҷӯи дигар киштзори каронаи чапи рӯдро обёрӣ мекардааст[5].

Номи Қубодиён дар манобеъи садаҳои миёна ба гунаҳои форсӣ: «قبادیان»‎, форсӣ: «قوادیان»‎ ва форсӣ: «قباذیان‎» омада ва дар он замон сарзамини миёни рӯдҳои Сурхондарё ва Вахшро меномиданд.

Нахустин бор аз Қубодиён ба гунаи форсӣ: «قبادیان»‎ дар «Торихи Табарӣ», навиштаи Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, дар замони лашкаркашии Асад ибни Абдуллоҳ ба Хутталон дар соли 725 ёд шудааст[6].

Дар садаи IX м. Қубодиён яке аз бахшҳои Хутталон[7], ва дар садаи X м. дар замони аморати Сомониён — бахше аз вилояти Чағониён[8] будааст.

Бино бар навиштаи ас-Самъонӣ, Қубодиён дар садаи XII м. «ноҳияе ободон» аз бахшҳои Балх будааст. Қубодиён дар садаҳои миёна яке аз калонтарин шаҳрҳои Мовароуннаҳр буда. Сарзамини Қубодиён чанд шаҳри бузургу ободон доштааст, ки дар миёни кӯҳсор дар поёноби рӯди Кофурниҳон ва начандон дур аз Омударё ҷой доштаанд[9].

Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Қубодиён бахше аз вилояти Қурғонтеппа гардид ки то соли 1929 вуҷуд дошт. Вилояти Қурғонтеппа дар он сол ба округ табдил дода шуд. Соли 1931 округи Қурғонтеппа барҳам дода шуд ва сарзамини он тобеъи ҷумҳурӣ шуд. Аз 4 январи соли 1944 ин ноҳия бахше аз вилояти Қурғонтеппа шуд.

Мардум[вироиш | вироиши манбаъ]

Мардуми Қубодиён ба забони тоҷикӣ ва ӯзбeкӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2016, ноҳияи Қубодиён 169,8 ҳаз. тан ҷамъият дошт.[10].

Сол 2021 2022
Аҳолӣ,
ҳазор наф.
191,4 195,1

Бахшбандӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Қубодиён 1 шаҳрак ва 6 ҷамоат[11]. дорад:

Ҷамоатҳои ноҳияи Қубодиён[12]
Ҷамоат Аҳолӣ,
2015
Қубодиён, шаҳрак 12 200 (2020)
Заркамар 11 787
Навобод 11 200
Носири Хусрав 35 248
Эшмурод Ниёзов 18 682
Тахти Сангин 36 769
20-солагии Истиқлол 20 889 (2010)
Ӯтақара Назаров 22 107 (2017)

Ҳукумат[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарвари ноҳияи Қубодиён Раиси Ҳукумати он аст, ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Қубодиён Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Қубодиён барои 5 сол интихоб мекунанд.

Иқтисодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Омӯзишу парвариш[вироиш | вироиши манбаъ]

Ниҳодҳои фарҳангӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Беҳдошту беҳзистӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ат-Табари, Абу Джафар Мухаммад ибн Джарир. «История пророков и царей», пер. В. И. Беляева, О. Г. Большакова, А. Б. Халидова. Ташкент. Фан. 1987
  • Abu Аli Ahmad ibn Omar ibn Rosteh. Kitab al-a’lak an-nafisa. Ed. M. J. de Goeje. Bibliotheca geographorum arabicorum. Pars 7. — Lugduni Batavorum: E. J. Brill, 1967.
  • Shamsaddin Abu Abdullah Mohammad ibn Ahmad al-Moqaddasi. Descriptio Imperii moslemici. Ed. M. J. de Goeje. Bibliotheca geographorum arabicorum. Pars 3. — Lugduni-Batavorum, 1967.
  • Дьяконов М. М. Археологические работы в нижнем течении реки Кафирнигана (Кобадиан). Труды Таджикской археологической экспедиции. Т. 2. — М. — Л.
  • Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX — начала XIII вв. Ташкент: «Узбекистон». 1996.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Указы Президента Республики Таджикистан | НИАТ "Ховар" (ru-RU). 11 Январ 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Январ 2023.
  2. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 22 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
  3. СТАЛИНАБАДСКАЯ ОБЛАСТЬ
  4. Введенский Б.А. Большая советская энциклопедия, Том 27 — Большая Советская Энциклопедия Второе издание. 1 октябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 феврали 2015.
  5. Дьяконов М. М. Археологические работы в нижнем течении реки Кафирнигана (Кобадиан). Труды Таджикской археологической экспедиции. Т. 2. — М. — Л., — с. 252; 292
  6. Ат-Табари, Абу Джафар Мухаммад ибн Джарир. «История пророков и царей», пер. В. И. Беляева, О. Г. Большакова, А. Б. Халидова. Ташкент. Фан. 1987
  7. Abu Аli Ahmad ibn Omar ibn Rosteh. Kitab al-a’lak an-nafisa. Ed. M. J. de Goeje. Bibliotheca geographorum arabicorum. Pars 7. — Lugduni Batavorum: E. J. Brill, 1967. — P. 1—230. — с. 93
  8. Shamsaddin Abu Abdullah Mohammad ibn Ahmad al-Moqaddasi. Descriptio Imperii moslemici. Ed. M. J. de Goeje. Bibliotheca geographorum arabicorum. Pars 3. — Lugduni-Batavorum, 1967. — 498 p. — с. 49, 284
  9. Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX — начала XIII вв.
  10. Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2016 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.. 1 октябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.
  11. Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 332 с.
  12. Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — с.115-116