Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ташкилоти кишварҳои содиркунандаи нафт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт — (англ. The Organization of the Petroleum Exporting Countries; кӯтоҳ ОПЕК, англ. OPEC) — созмони байнулмилалӣ ва байниҳукуматиест, ки онро кишварҳои истихроҷкунандаи нафт барои саҳмиябандии истихроҷи нафт ташкил додаанд. То моҳи марти соли 2020 13 кишвар узви ОПЕК буданд: Алҷазоир, Ангола, Венесуэла, Габон, Ироқ, Эрон, Конго, Қувайт, Либиё, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, Нигерия, Арабистони Саудӣ, Гвинеяи Истивоӣ. Қароргоҳи ин созмони дар шаҳри Вена, пойтахти кишвари Австрия ҷой гирифтааст.


Кишварҳои узви ОПЕК камубеш 2/3 ҳиссаи захираҳои нафти дунёро идора мекунанд. ~35 % аз истихроҷи ҷаҳонии нафт ва нисфи содироти ҷаҳонии нафт бар дӯши онҳост. Захираҳои исботшудаи нафти кишварҳои узви ОПЕК ҳоло 1199,71 миллиард баррелро ташкил медиҳанд.[1]

  1. ↑ https://ru.m.wikipedia.org/wiki/%D0%9E%D1%80%D0%B3%D0%B0%D0%BD%D0%B8%D0%B7%D0%B0%D1%86%D0%B8%D1%8F_%D1%81%D1%82%D1%80%D0%B0%D0%BD_%E2%80%94_%D1%8D%D0%BA%D1%81%D0%BF%D0%BE%D1%80%D1%82%D1%91%D1%80%D0%BE%D0%B2_%D0%BD%D0%B5%D1%84%D1%82%D0%B8