Ташкилоти якдилии халқҳои Осиё ва Африқо
Намуди созмон | international non-governmental organization[d] |
---|---|
Санаи таъсис | 1957 |
Веб-сайт | aapsorg.org/en/ |
Ташкилоти якдилии халқҳои Осиё ва Африқо (ТЯХОА) — ташкилоти байналхалқии ҷамъиятиест, ки бо мақсади ба ҳам мутобиқгардонӣ ва пурзӯр намудани муборизаи озодихоҳии халқҳои Осиё ва Африка таъсис ёфтааст. Дар Конференцияи 1-уми якдилии халқҳои Осиё ва Африка (26 декабри 1957—1 январи 1958, Қоҳира) бо номи Совети якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африка ташкил шуд ва дар Конференцияи дуюм (апрели 1960, Конакри) номи ТЯХОА-ро гирифт. ТЯХОА тақрибан 80 ташкилот, партияҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои миллии озодихоҳӣ, комитетҳои якдили ва ғайраро муттаҳид менамояд.
Комитети советии якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африка аз рӯзи таъсис ёфтани ТЯХОА аъзои он аст. Органи олии ТЯХОА—Конгресс (дар се сол як маротиба даъват мешавад). Органҳои роҳбарикунанда — Совет (бо иштироки намояндагони тамоми аъзоёни ТЯХОА) ва Президиум (сессияи Совет соле як маротиба ва сессияи Президиум соле ду маротиба даъват карда мешавад). Органи иҷроияаш Котиботи доимӣ. Котиби генералӣ Н. А. Раззоқ, (Ироқ) мебошад.
Қароргоҳаш шаҳри Қоҳира.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ташкилоти якдилии халқҳои Осиё ва Африка // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).