Jump to content

Таърихи Банокатӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Унсури Викидода мавҷуд нест

«Таърихи Банокатӣ» — асари Банокатӣ, ин соли 1317 ба забони форсӣ-тоҷикӣ таълиф кардааст. Мазмуни асарро воқеа ва ҳодисаҳои таърихию асотирии аз давраи ҳазрати Одам то давраи муаллиф ташкил медиҳад. «Таърихи Банокатӣ» аз муқаддима ва нӯҳ боб (қисм) иборат аст. Боби аввал ба таърихи анбиёю авлиё, боби дуюм ба таърихи подшоҳони қадими эронӣ, боби сеюм ба таърихи пайғамбари ислом ва халифаҳои он, боби чорум ба салотини Эрон ва муосирони хулафои Аббосиён, боби панҷум ба таърихи подшоҳони яҳудӣ, боби шашум ба таърихи масеҳиёну фарангиён, тасвири шаҳрҳою мавзеъоти Арманистон ва мамлакатҳон фаранг (Европа), боби ҳафтум ба таърихи Ҳиндустон, дину оийн мардуми он, шарҳу тафсири иқлими ҳинд, боби ҳаштум ба таърихи мулки Чин, тафсири иқлим, дину оини онҳо, боби нӯҳум ба таърихи муғулҳо ва ҳуҷуми онҳо ба Осиёи Миёна бахшида шудааст. «Таърихи Банокатӣ» дар байни асарҳои таърихи яке аз аввалин китобҳоест, кн дар он ҳодиса ва воқеаҳои таърихин берун аз доираи мамлакатҳои исломи баён шудааст. Банокатӣ ҳангоми шарҳи мазҳаб ва оинҳои мухталиф дар хусуси онҳо бетаассуб гап мезанад. Муаллифи асар дар навиштани он аз «Ҷомеъ-ут-таворих»-и Рашидудини Фазлуллоҳи Ҳамадонӣ бештар истифода бурдааст. Забон ва услуби ишнои «Таърихи Банокатӣ» нисбатан содда буда, аз таъбиру ибораҳои душворфахми арабӣ орӣ мебошад. «Таърихи Банокатӣ» барои омӯхтани воқеа ва ҳодисаҳои таърихию асотирӣ аз сарчашмаҳои боэътимод ба шумор меравад. Ин асар соли 1677 дар Берлин нашр ва ба забонҳои уйғурӣ, англисӣ, лотинӣ, франсавӣ тарҷума шудааст.

  • Таърихи Банокатӣ / У. Тоиров // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).