Таърихи Кирмон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Таърихи Кирмон
Нависанда Афзали Кирмонӣ
Таърихи интишор 1189

«Таърихи Кирмон» — асари таърихии муаррих ва адиби асрҳои 12—13 форс-тоҷик Афзали Кирмонӣ, ки ҳодиса ва воқеаҳои сиёсию таърихии замони ҳукмронии Салҷуқиёнро дар бар мегирад.

Асар соли 1189 ба забони тоҷики таълиф шуда, аз 5 боб иборат аст. Боби 1 аз таърихи ҳукмронии Салҷуқиён дар Кирмон, боби 2 аз лашкаркашиҳои ҳоким Ғур — Малик Динор ба Кирмон ва зафар ёфтани ӯ, боби 3 аз тасвири мамолики Кирмон ва шарҳи ҳолу ахлоқи ҳокимони он, боби 4 аз шарҳи ҳоли вазири донишманду фозил — Қавомуддин ва хонадони ӯ, боби 5 аз тарҷумаи ҳоли муаллиф нақл мекунад.

Муаллиф зимни баёни воқеаҳон сиёсию таърихии замонаш, бештар ба панду ахлоқ пардохта, фикрашро бо шеър ҷамъбаст мекунад. «Таърихи Кирмон» солҳои 1676 ва 1932 дар Теҳрон нашр шуда, бобҳои алоҳидааш ба забони франсавӣ тарҷума гардидааст. «Таърихи Кирмон» барои омӯхтани таърихи давраи ҳукмронии Салҷуқиён сарчашмаи боэътимод мебошад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Таърихи Кирмон // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).