Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Таърихи Рашидӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Таърихи Рашидӣ
Таърихи таъсис асри XV
Сарлавҳа форсӣ: تاریخ رشیدی
Мавзӯъи асосӣ таърихи Осиёи Марказӣ[d]
Нависанда Мирзо Муҳаммад Ҳайдари Дуғлот
Кишвари созанда
Забони асар ё навишта форсӣ
Вазъияти ҳуқуқи муаллифӣ 🅮[d]

«Таърихи Рашидӣ» (форсӣ: تاریخ رشیدی‎) — асари Мирзомуҳамад Ҳайдар, ки таърихи Кошғар, Ҳафтрӯд, қисман Мовароуннаҳр ва Афғонистонро дар бар мегирад.

«Таърихи Рашидӣ» ба забони форсӣ навишта шуда, аз 2 қисм (дафтар) иборат аст. Дар қисми якум таърихи Муғулистону Кошғар дар миёнаҳои асрҳои 14—16 ва дар қисми дуюм воқеаҳои муҳими сиёсии солҳои 1609—1651 дар Мовароуннаҳр, Кошғар, Афғонистон, ки худи муаллиф шоҳиди онҳо буд, тасвир ёфтаанд. Дар «Таърихи Рашидӣ» таъсиси хони Қазон, сабабҳои барҳам хӯрдани давлати ӯзбекҳои бодиянишин зикр ёфта, инчунин дар бораи ҳукуматдорони узбекҳои бодиянишпн ва Муғулистон (асри 16), муносибати муғулу қалмоқҳо ва Кошғару Бадахшон маълумот ҳаст. Солҳои 1849—1850 «Таърихи Рашидӣ»-ро Муҳаммадсодиқ ба забони уйғурӣ, 1895—1898 Денисон Росс ба забони англисӣ тарҷума кардаанд. Баъзе қисмҳои «Таърихи Рашидӣ» ба забонҳои русӣ, франсавӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ низ тарҷума шудаанд.

  • Таърихи Рашидӣӣ / А. Валиев // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).