Тағоймурод Раҷабов
Раҷабов Тағоймурод | |
|---|---|
| Тағоймурод Бобоқулович Раҷабов Раҳимов | |
| Таърихи таваллуд | 15 феврал 1954 (71 сол) |
| Зодгоҳ | Чароғчӣ, ноҳияи Ёвон, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
| Кишвар |
|
Тағоймурод Бобоқулович Раҷабов (тав. 15 феврали 1954, Чароғчӣ, ноҳияи Ёвон, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС) — педагог, номзади илмҳои педагогӣ (1989), дотсент (1991).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1971–1976 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1976–1979 муаллими кафедраи методикаи таълими математика, 1979–1982 аспирант, 1982– 1989 ассистент, 1989–1991 муаллими калони кафедраи номбурдаи донишкадаи омӯзгории пойтахт буд. Солҳои 1991–2007 ҳамчун дотсенти кафедраи методикаи таълими математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ кор кардааст. Аз соли 2007 мудири кафедраи методикаи таълими ибтидоии донишгоҳи мазкур мебошад. Оид ба ташаккули маҳорат ва малакаҳои тадқиқотии хонандагон ҳангоми таълими геометрия дар мактабҳои асосӣ кори илмӣ бурдааст. Муаллифи 80 кори илмию методӣ, аз ҷумла 12 васоити таълимӣ аст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Такрори математикаи мактабӣ. Қ. 1–2, Д., 1988;
- Корҳои контролӣ аз математикаи элементарӣ ва методикаи таълими математика, Д., 1994;
- Арифметика, Д., 1999;
- Математика (Китоби дарсӣ), Д., 2002;
- Маводи дидактикӣ аз математика барои синфҳои 5-9, Д., 2010.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]
| Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |
- Зодагони 15 феврал
- Зодагони соли 1954
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Ёвон
- Олимон аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои хурд дар бораи донишмандон
- Маорифшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон