Темир Раҳимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Темир Раҳимов

Темир Раҳимов (Рахимов Темир Рахимович; 24 апрели 1951, Конибодом) — пизишки тоҷик, номзади илми тиб, ҷарроҳи дараҷаи олӣ, Аълочии тандурустии Тоҷикистон (1993).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Рахимов Темир Рахимович 24 апрели1951 дар шаҳри Конибодом кӯчаи Ҳавзи Баланд хонаводаи шоир Раҳим Қобилов таваллуд шудааст. Рахимов Т.Р аввало дар мактаби русӣ сипас дар мактаби № 7 ба номи Ю. А. Гагарин таҳсил кардааст. Хатмкунандаи 1968 сол. Соли 1974 Донишкадаи тиббии Тоҷикистонро бо баҳои пурра-аъло хатм кард, бо стипендияи Ленинӣ

Солҳои 1974 — 76 ординатори клиники кафедраи ҷарроҳӣ зери роҳбарии акад. К.Тоҷиев. Сольои 1976 −79 аспиранти мақсадии Донишгоҳи аввали тиббии С.Петербург ба номи акад. И. П. Павлов.

Аз соли 1978 аъзои ҷамъияти ҷарроҳони Пирогов дар ш. С.Петербург.

Таҳти роҳбарии профессор А.М Ганичкин рисолаи номзадиашро дар мавзӯъи "Клиника ташхисот ва табобати решҳои ҳодди меъда ва дувоздаҳа 1979 дар Санкт-Петербург дифоъ кардааст.

Солҳои 1979 — 1988 ассистенти кафедраьои ҷарроҳии Донишгоҳи тибби ба номи А. И. Сино, ассистенти К.Тоҷиев буд.

Солҳои 1982-1986 захминони ҷанги афғонро дар госпитали сарҳадчиёни ш. Душанбе табобат кардааст. Солҳои 1982-84 Рахимов Т.Р котиби ҷамъияти ҷарроҳони Тоҷикистон буданд. Аз 1988 ҷарроҳи бемористони ш. Конибодом.

Оиладор соҳиби 4 фарзанд

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Рахимов Т.Р дорандаи ифтихорномаҳои Исҳоқи Ю.Б ва Осимӣ М мебошад. Соли 2012 бо мукофоти давлати «Хидмати шоиста» аз тарафи Президент сарфароз шудааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ҷарроҳия ва асосҳои бемордорӣ. Хуҷанд, 1996.
  • Ҷарроҳияи мусташфо ва дармонгоҳ. Хуҷанд, 2000.
  • Касалиҳои ҷарроҳи Хуҷанд. нашриёти Раҳим Ҷалил, 2002.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]