Jump to content

Терроризм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Террорист)
Амали террористии 11 сентябри соли 2001 (МТҶ)

Терроризм — сиёсат, бар асоси истифодаи мунтазами террор[1][2][3]. Новобаста аз қувваи ҳуқуқии истилоҳи «терроризм», таърифи он то кунун духӯра боқӣ мемонад[4]. Вожаи «террор» (лот. terror — ҳарос, даҳшат) дар забони форсӣ-тоҷикӣ ба унвони «ваҳшатафканӣ»[5], «даҳшатафканӣ»[6], ё «ҳаросафканӣ» ном бурда шудааст.

Истилоҳоти «террор» ва «терроризм» нахустин маротиба дар Инқилоби Кабири Фаронса солҳои 1793–1797 аз тарафи якобинчиён ба кор бурда шудааст, вале гумон меравад, ки ин вожа шакли дигаргуншудаи  калимаи арабии «таррор» аст. Таррор дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба маънои роҳзану одамкуш, кисабуру дузд ва маҷозан ба маънои ҳилагар, маккор, айёр оварда шудааст[7]. Шояд аврупоиён калимаи «террор»-ро ба маънои даҳшатафканӣ ва хунрезӣ аз калимаи «таррор» гирифта бошанд[8].

Намудҳои терроризм

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз рӯйи ҷуғрофия терроризм ба терроризмҳои давлатӣ, фаромиллӣ, маҳалӣ ва фардӣ тақсим мешавад, вале ин ягона тақсимбандӣ нест. Олимон боз терроризмро ба терроризми сиёсӣ, динӣ, миллигароӣ, терроризми ҷаҳонӣ, наркотерроризм, кибертерроризм ва терроризми ҳастаӣ, кимиёвию биологӣ тақсим намудаанд.

Кишварҳо аз терроризм бештар зарардида

[вироиш | вироиши манбаъ]

Кишварҳои дар солҳои 1994—2004 аз терроризм бештар зарардида[9]

Ҷой дар

раддабандӣ

Кишвар Шумораи кушташудагони ҳамалоти терористӣ дар солҳои

1994—2004

Шумораи кушташудагони ҳамалоти терористӣ

(ба 1 млн аҳолии кишварҳо)

1 ИМА 3238 011,0211,02
2 Русия 2111 014,5414,54
3 Ҳиндустон 1928 001,811,81
4 Исроил 1274 219,3219,3[10]
5 Колумбия 1135 026,8226,82
6 Ироқ 1122 044,2244,22
7 Алжир 869 027,0527,05
8 Покистон 783 004,924,92
9 Уганда 471 017,8417,84
10 Шри-Ланка 409 020,5520,55
  1. Oxford English Dictionary Second Edition 1989.
  2. Согласно словарю Даля: «устращивание, устрашение смертными казнями, убийствами и всеми ужасами неистовства».
  3. Online Etymology Dictionary. Etymonline.com (20 октябри 1979). 10 августи 2009 санҷида шуд.
  4. Д.
  5. معنی وحشت افکنی - دیکشنری آنلاین آبادیس(форсӣ). dictionary.abadis.ir. 9 июни 2017 санҷида шуд.
  6. Тундгароӣ, ифротгароӣ, даҳшатафканӣ ва роҳҳои мубориза бо онҳо | Омӯзгор(тоҷ.). www.omuzgor-news.tj. 9 июни 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 июни 2016.
  7. Таррор чист? Маънои вожаи таррор(тоҷ.). vazhaju.com. Вожаҷӯ. 31 июли 2018 санҷида шуд.
  8. З. Давлатов. Дар шинохти башари манфури тероризм. www.mts.tj. 9 июни 2017 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  9. По данным газеты «Коммерсант», № 169/П [3008] от 13.09.2004 г.
  10. Без учета населения Западного берега реки Иордан и сектора Газа.
Сомонаҳои вижа