Тирамоҳ
Тирамоҳ | |
| Пас аз | тобистон |
|---|---|
| Пеш аз | зимистон |
| Такрори баргузорӣ | 1 annum |
| Хештеги | fall |
| Наққош | Seasons Room Autumn[d] |
| Моҳ | Март, Апрел, Май, Сентябр, Октябр ва Ноябр |
| Лексема-субъект | Lua error in Модул:Wikidata at line 301: Неизвестный тип сущности.. |
| Муқобили | баҳор |

Тирамоҳ, пойиз, хазон — яке аз чаҳор фасли иқлими муътадил. Дар нимкураи шимолӣ бо бурҷҳои Мизон, Ақраб ва Қавс; моҳҳои меҳр, обон ва озар баробар аст.
Пойиз аз назари ситорашинохтӣ байни ду нуқтаи эътидоли пойизӣ ва инқилоби зимистонӣ аст. Аз назари гоҳшумории хуршедӣ, дар рӯзи якуми Меҳр оғоз мешавад ва то поёни Озар идома меёбад.
Бар пояи тақвими милодӣ фасли пойиз дар асл дар нимкураи шимолии ҷаҳон дар ҳудуди 23 сентябр (1 меҳр) ва дар нимкураи ҷанубӣ пиромуни 21 март (1 фарвардин) оғоз мешавад. Замони поёни он дар нимкураи шимолӣ 21 декабр (30 озар) ва дар нимкураи ҷанубӣ 21 июн (31 хурдод) аст.
Ба ҳангоми пойиз бисёре аз анвои гиёҳон баргҳои худро аз даст медиҳанд ва ба истилоҳ хазон мекунанд. Ҳарорати ҳаво низ дар фасли пойиз то андозае пойинтар аз тобистон аст. Дар пойиз, рӯзҳо кӯтоҳтар ва шабҳо дарозтар мешаванд. Дар бахшҳое аз ҷаҳон дар ин фасл мизони бориш зиёдтар мешавад.
Вожашиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Хазон дар форсӣ вомвожа аз суғдӣ аст ва моҳи шашуми солшумории хуршедии суғдӣ Хазононч [Xazānānc̆] ном дошт. Ин Хазононч аз *haxa-zāna- дар эронии бостон боз монда, ки аз *haxa- «мева; бор» + *zāna- исми феъл аз zā- «рафтан; расидан» сохта шудааст ва маънояш «замони расидани меваву бор» аст. Ҳамин *haxa-zāna- дар суғдӣ бо уфтодани ha-, ки дар суғдӣ қоидае умумӣ аст, xazān «хазон — (замони) расидан» шуда ва бо пасванди -anc̆ номи моҳи Xazānānc «пурбор; ҳосилхез» шуда, ки дар куҳантарин замонҳо севумин моҳи тобистон ва бо шаҳривармоҳ (23 август — 22 сентябр) баробар буда, вале сипас бо нахустин моҳи пойиз — меҳрмоҳ (23 сентябр — 22 октябр) ҳамзамон шудаву маънояш «баргрезон» гаштааст[1].
Аммо «пойиз» бозмонда аз pātēz дар порсии миёна аст, ки зоҳиран дар эронии бостон *pāti-z(a)ya- буда ва *pāti- пешванду *z(a)ya- «зимистон» ва маънояш «наздики зимистон» аст[2].
Бознигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Боголюбов М. Н. Труды по иранскому языкознанию: избранное / М. Н. Боголюбов; сост., отв. ред. О. М. Чунакова; Ин-т восточных рукописей РАН; Вост. фак. СПбГУ. — М. Вост. лит., 2012. — 503 с. ISBN 978-5-02-036526-1. — С. 388.
- ↑ Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ / Фарҳангистони забону адаби форсӣ. — Теҳрон: Нашри осор, 1393. — ҷ. 2. — ISBN 978-600-6143-57-6. — С. 629