Баҳор
Баҳор | |
| Пас аз | зимистон |
|---|---|
| Пеш аз | тобистон |
| Такрори баргузорӣ | 1 annum |
| Наққош | Seasons Room Spring[d], The Spring[d] ва Primavera[d] |
| Моҳ | Сентябр, Октябр, Ноябр, Март, Апрел ва Май |
| Муқобили | тирамоҳ |

Баҳор — яке аз чаҳор фасл дар минтақаҳои муътадил, пеш аз тобистон ва пас аз зимистон аст. Дар нимкураи шимолӣ, баҳор ҳамдавра бо пойиз дар нимкураи ҷанубӣ аст ва баръакс. Дар эътидоли баҳорӣ, рӯзҳо ва шабҳо тақрибан дувоздаҳ соат тӯл мекашанд ва бо пешрафти фасл ва афзоиши тӯли рӯз, тӯли шаб коҳиш меёбад.
Фарҳанг
[вироиш | вироиши манбаъ]Бисёре аз мардум фасли баҳорро оғози зиндагии дубораи табиат медонанд. Дар фасли баҳор ҷонвароне, ки дар хоби зимистонӣ ҳастанд ва ҳамчунин, дарахтон аз хоби зимистонӣ бедор шуда ва зиндагиро дубора оғоз мекунанд. Дарахтон шукуфа зада ва ҷонварон низ дар ин фасл шурӯъ ба тавлиди мисл мекунанд.
Дар фарҳанги умумии бархе аз кишварҳо, мисли Эрон ва Афғонистон ба ин фасл бисёр аҳаммият медиҳанд, ба тавре ки ҳатто, соли нави онҳо дар ин фасл ва бо расидани хуршед ба нуқтаи эътидоли баҳорӣ (якуми фарвардин, маъмулан мутобиқ бо 21 март) шурӯъ мешавад. Онҳо шурӯъи ин солро бо маросиме ба номи Наврӯз ҷашн мегиранд, ки сездаҳ рӯз тӯл мекашад (Сездаҳбадар). Ин аҳаммият дар адабиёт низ нумуди зиёде дорад ва баҳор яке аз муҳимтарин сужаҳои ҳунарӣ ва адабӣ мебошад.
Дар ин фасл дар Тоҷикистон низ якчанд идҳоро ҷашн мегиранд, аз ҷумла 8 март — Рӯзи модар, 21 март — 24 март — ҷашни Наврӯз, 1 апрел — рӯзи ханда, 9 май — рӯзи Ғалаба, 23 май — рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва ғайра.
Дар васфи баҳор адибони зиёде шеърҳо гуфтаанд. Дар бораи фасли баҳор шоири барҷастаи тоҷик Мирзо Турсунзода чунин гуфтааст:
|
|
Баҳор аз се моҳ иборат аст. Аз ҷумла март, апрел, май, Дар фасли баҳор дарахтон гул мекунад, замин ҷомаи нав ба бар мекунад ва табиат аз нав зинда мешавад. Дар фасли баҳор дили ҳар як шахс аз нав зинда мешавад, мисли замин.
|
|