Толиби Ҷоҷармӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Толиби Ҷоҷармӣ

Мавлоно Муҳаммад Толиби Ҷоҷармӣ (форсӣ: طالب جاجرمی[1]; ? — 1450, Шероз) — шоири форс-тоҷик, шогирди Озарии Тӯсӣ.

Таълифот[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба чанд ғазали Саъдӣ ва Ҳофиз ҷавоб гуфтааст. Муаллифи маснавии «Гӯй ва Чавгон». Мувофиқи маълумоти «Маҷолису-н-нафоис»-и Навоӣ, дар болои қабраш чунин абёти худаш сабт шудааст:

Дар кӯчаи ошиқӣ ба паймони дуруст
Мегуфт ба ман аҳли диле рӯзи нахуст:
«Толиб, маталаб касе, ки он ғайри ту ҷуст,
Ту толиби Ӯ бош, ки Ӯ толиби туст!»

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. کتابخانه تخصصی ادبیات. literaturelib.com. 13 апрели 2024 санҷида шуд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Толиби Ҷоҷармӣ / А. Раҳмонов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).