Толибҷон Аҳадов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Толибҷон Аҳадов
Толибҷон Абдуллоевич Аҳадов
Санаи таваллуд:

2 июл 1950(1950-07-02) (70 сол)

Зодгоҳ:

Самарқанд , ҶШС Ӯзбекистон, СССР

Мамлакат:

Русия

Фазои илмӣ:

тиб

Ҷойҳои кор:

Институти ёрии таъҷилии ш. Маскав, Институти илмӣ-таҳқиқотии рентгенологии Академияи илмҳои тибби СССР, Лабораторияи томографии магнитӣ-резонансии Беморхонаи клиникии марказии назди Академияи тиббии Русия, Институти илмӣ-таҳқиқотии хирургия ва тавматологияи зудамали кудакон назди Департаменти тандурустии ш. Маскав

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои тиб

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино СССР

Ҷоизаҳо:

«Духтури шоистаи Русия» (2000) ва «Арбоби шоистаи илми Русия» (2007)

Толибҷон Абдуллоевич Аҳадов (02.07.1950, ш. Самарқанд) — доктори илми тиб (1995), профессор (1999), «Духтури шоистаи Русия» (2000) ва «Арбоби шоистаи илми Русия» (2007)

Зиндагинома[вироиш]

Толибҷон Аҳадов соли 1974 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм намуда, дар ординатураи Институти ҷарроҳии дилу раги ш. Маскав донишашро такмил бахшидааст. Солҳои 1977-1985 духтур ва мудири шуъбаи ангиографии фаврии Институти ёрии таъҷилии ш. Маскав, 1985-1989 духтур-рентгенологи Институти илмӣ-таҳқиқотии рентгенологии Академияи илмҳои тибби СССР, 1989-1990 мудири лабораторияи томографияи компютерии ҳамин институт кор кардааст. Аз соли 1990 то 2007 мудири лабораторияи томографии магнитӣ-резонансии Беморхонаи клиникии марказии назди Академияи тиббии Русия буд. Аз соли 1996 дар Академияи таҳсили баъдипломии тиббии Русия лексия мехонад. Баъд аз ташкил шудани Институти илмӣ-таҳқиқотии хирургия ва тавматологияи зудамали кудакон назди Департаменти тандурустии ш. Маскав (2003) (русӣ Научно-исследовательский институт неотложной детской хирургии и травматологии Департамента здравоохранения города Москвы), аз соли 2007 роҳбарии институтро ба ӯхда дорад.[1]

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Толибҷон Аҳадов муаллифи зиёда аз 400 таълифоти илмӣ, аз ҷумла 11 монография, аз он 2 тоаш ба забонҳои хориҷӣ тарҷума шудааст. Таҳти роҳбарии ӯ 3 рисолаи докторӣ ва 11 рисолаи номзадӣ дифоъ шудааст.[2] Аз аввалинҳост, ки ҳанӯз даврони шӯравӣ хадамоти сайёри томографии компютериро роҳандозӣ намудааст, мутахассиси намоёни диагностикаи шӯъоӣ мебошад. Пажӯҳишаш бобати томографияи магнитӣ-резонансӣ ва истифодаи он дар табобати сутунмӯҳра, ҳароммағз, захми гурда, заъфи рагҳои дили кӯдакон ва ғайра шоистаи ситоиш аст. Иштирокдори зиёда аз сӣ конгресси ҷаҳонӣ ва аврупоӣ дар соҳаи тиббу биология ва ташкили хадамоти тандурустӣ мебошад.

Осор[вироиш]

  • Ангиогеографическая диагностика травмы почек. – М., 1984;
  • Магнитно-резонанская томография заболеваний позвоночника и спинного мозга: Дисс…доктора медицин. наук. – М., 1995;
  • Опыт использования парамагнитного средства «Магневист». – М., 1996 (соавтор);
  • Магнитно-резонансная томография травмы коленного сустава. – Новосибирск, 2003 (соавтор);
  • Магнитно-резонансная томография при опухолях головного мозга. – М., 2003;
  • Лучевая диагностика новаообразований опорно-двигательного аппарата. – Красноярск, 2005 (соавтор);
  • Магнитно-резонансная томография в диагностике острой черепно-мозговой травмы. – Омск, 2007 (соавтор);
  • Лучевая диагностика. Детские болезни. – М., 2010 (соавтор);
  • Применение концентрата клеток пуповинной крови в лечении последствий тяжелой черепно-мозговой травмы у детей. – М., 2011 (соавтор);
  • Use of cord cells concentrate in the treatment ofconsequences of severe craniocertbral trauma in children / ZB Semenova, L. M., G. N. Sushkevich.T. A. Ahmadovetal. / inboor: The rapeutic potential of umbilical cord

Мукофот[вироиш]

  • «Духтури шоистаи Русия» (2000)
  • «Арбоби шоистаи илми Русия» (2007)

Эзоҳ[вироиш]