Толиб Ваҳҳобов
Таърихи таваллуд | 2 июн 1950 (74 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Масчо |
Толиб Ваҳҳобов (зод. 2 июни 1950, деҳаи Ронҷ, ноҳияи Масчо) — забоншиноси тоҷик, доктори илмҳои филология (2006), профессор (2008). Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики УДТ (1974). Ходими илмии Осорхонаи Айнӣ (1974-75), муҳаққиқ-коромӯзи ИЗА ба номи Рӯдакии АИ ҶШС Тоҷикистон (1975-77), аспиранти Институти забоншиносии АИ ИҶШС (Маскав, 1977-80), ходими хурди илмӣ (1981-85), ходими калони илмӣ (1985-89, 1992-97), докторант (1989-92)-и ИЗА ба номи Рудакӣ. Солҳои 1981-83 дар Афғонистон хидмат кардааст. Муаллими мактаби миёнаи № 17-и ноҳияи Масчо (1997—2003), дотсент (2003-08) ва мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (аз 2008).
Пажӯҳишҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар доираи пажӯҳиши Толиб Ваҳҳобов асосан ҷанбаҳои иҷтимоии забони адабии тоҷикӣ дар солҳои 20-30 асри 20, масъалаҳои ташаккул, рушду такомул ва амалкарди забони тоҷикӣ дар робита бо ҳаводиси ҷамъиятии он айём, демократикунонии забони адабии тоҷикӣ, таъйини меъёрҳои забон, манбаъҳои истилоҳот мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд рисолаҳои «Ҷанбаҳои функсионалии рушди забони адабии тоҷикӣ (дар мисоли маводди солҳои 20-30-юми қарни XX»). Д., 1989, ба забони русӣ; «Ҷанбаҳои сотсиолингвистии рушди забони адабии тоҷикӣ дар солҳои 20-30-юми асри XX» (иборат аз ду китоб — «Баҳс дар атрофи забони адабии тоҷикӣ дар солҳои 20-30 асри XX»; 2005; «Масоили ислоҳоти алифбо дар солҳои 20-30 асри XX», 2006).
Ҷанбаи дигари фаъолияти Толиб Ваҳҳобов баргардон, таҳия ва танзими маводди забоншиносии марбут ба давраи мазкури таърихӣ мебошад (маҷмуаи «Масоили сохтмони забони адабии тоҷикӣ дар солҳои 20-90-уми асри XX» (дар се китоб ва китоби 3 иборат аз ду ҷилд — «Нахустин Анҷумани илмӣ-забоншиносии тоҷик», «Мубоҳиса дар атрофи баъзе масъалаҳои забон дар солҳои 30-юми асри XX». Китоби III. Баҳс дар атрофи масоили мубрами ҳусни калом. Ҷилди 1 (солҳои 50-70) ва ҷилди 2 (солҳои 80-90). Толиб Ваҳҳобов дар пажӯҳиши масъалаҳои муҳимми назариявии забони тоҷикӣ ва рушди ҳамаҷонибаи он фаъолона ширкат варзида, бо мақолаи «Бозсозӣ ва статуси забони тоҷикӣ» (ноябри 1988) дар сафи нахустин ташаббускорони ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ ҷой гирифт.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба қалами ӯ китобҳои пурарзиши «Фарҳанги мухтасари русӣ ба дарӣ» (1983), «Фарди фарҳанг», «Муҳаққиқи ҳусни калом» (ҳар ду — 1992), «Ҳақиқат зодаи баҳс аст» (2010), дастурҳои таълимиву методии "Асрори номҳо дар «Шоҳнома» (1989), «Мақоми филологҳои барҷаста дар забоншиносии тоҷик» (2010), «Муқаддимаи лексикологияи забони тоҷикии адабӣ» (2010, дар ҳаммуалифӣ), «Шефтаи илми забон» (2013), «Вазъи амалкарди забони тоҷикии адабӣ (пеш аз Инқилоби Октябр). Китоби I» (2013), «Вазъи амалкарди забони тоҷикии адабӣ (дар солҳои 20-30-и садаи XX), китоби II» (2013), таҳия ва танзими китобҳои «Забон ва замон» (1977, дар ҳаммуаллифӣ), «Ш. РустамоТолиб Ваҳҳобов Библиография» (1992) ва беш аз 150 мақола ва даҳ рисолаи илмӣ мутааллиқанд. Дар конференсияву ҳамоишҳои гуногуни илмии байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ кардааст. Таҳти роҳбарии Толиб Ваҳҳобов даҳҳо аспиранту унвонҷӯён рисолаҳои номзадию докторӣ навишта, чанд нафарашон рисолаҳои хешро дифоъ кардаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ваҳҳобов Толиб / Ш. Шокирзода // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.