Торон
Торон | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест. Параметрҳои parent ва rangро пур кунед.
|
||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||
Polygonum coriarium Juss., 1789 | ||||||
|
Торон, тору торонак, торони даббоғӣ (лот. Polygonum coriarium) — як навъ гиёҳи худрӯест аз оилаи торониҳо.
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пояаш сершох, то 1,8 м қад мекашад. Моҳҳои июн — август гул карда тухм мебандад. Дар Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон гиёҳи маъмул аст. Одатан дар минтақаи буттаву бешазор ва ноҳияҳои субалпӣ ва ғайра (1200—3400 м аз сатҳи баҳр) мерӯяд.
Торон гиёҳи хӯрданист. Пояи навраси он хуштаъм ва барои организм (алалхусус узвҳои ҳозима) хеле муфид аст. Торон дар дунё яке аз беҳтарин растаниҳои даббоғӣ мебошад. Бехи он манбаи моддаҳои даббоғист (15—32 %). Баргашро барои ранг карданя мӯина (зарду сабз) истифода мебаранд. Гулаш сершаҳд. Торони наврасро моли майда наға мехурад. Баргу пояаш 15,8 % протеин, 13,87 % сафеда, баргаш 419,6 мг% ва пояаш 185 мг% витамини С дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Торониҳо / М. Хоҷиматов, М. Саидов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).