Тугмагули иберӣ
Тугмагули иберӣ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||
ХАТО: Параметрҳои parent ва rangро бояд пур кунед.
|
||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||
|
Тугмагули иберӣ (англ. Centaurea iberica) - як намуди тугмагул мебошад. Ватани он Аврупои ҷанубу шарқӣ ва ҷанубу ғарби Осиё мебошад. Он дар дигар ҷойҳо ҳамчун як намуди ҷорӣ ва алафи зараровар маълум аст.
Тавсифи биологӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Гиёҳи дусола, ки ба оилаи мураккаб тааллуқ дорад. Пояаш рост, 20—70 см уад мекашад. Қисми болоии пояаш шохадор, сербарг мебошад. Канори баргаш доғдор, хордор, баргҳои пеш аз реша парро доранд ва баргҳои дар пояаш мисли лансет бурида мешаванд. Гулҳо ранги сурх доранд, ки дар як гулдастаи пурра ҷамъоварӣ шудаанд. Решааш рост буда, дар чуқурии 1 м дар хок ҷойгир аст.
Аз июн то август гул карда, ҳосил медиҳад. Он аз тухм мерӯяд. Дар Осиёи Миёна низ паҳн шудааст. Онро дар зироатҳои ғалладона ва чарогоҳҳо, инчунин дар хандақҳо, канори роҳҳо, заминҳои бекорхобида, боғу токзорҳо дидан мумкин аст. Он дорои флавоноидҳо, сапонинҳо ва дигар пайвастҳои кимиёӣ мебошад.Дар тибби халқӣ онро дар табобати эпилепсия истифода мебаранд.
Тадбирҳои мубориза: шудгор кардани замин, ҳангоми хушк шудани алафҳо, кор карда баромадани байни қаторҳо ва пошидани алафкуш (гранстар — моеъи корй 200—300 л/га; банвел — 0,3—0,5 л/га).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ The Plant List (ингл.) — 2010.