Туйғун Расулов
Туйғун Расулов | |
|---|---|
| Туйғун Расулов | |
| Таърихи таваллуд | 25 апрел 1964 (61 сол) |
| Зодгоҳ | ноҳияи Айнӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
| Кишвар |
|
| Фазои илмӣ | иқтисод |
| Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон |
| Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои иқтисод |
| Унвонҳои илмӣ | дотсент |
| Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин |
Туйғун Расулов (25.04.1964, н. Айнӣ) — омӯзгор ва ҳуқуқдон, номзади илмҳои иқтисод, дотсент.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Туйғун Расулов солҳои 1981 – 1982 дар китобхонаи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Қурғонтеппа китобдорӣ кардааст. Солҳои 1982 – 1985 донишҷӯи шуъбаи рӯзонаи донишкадаи барномарезии иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 1987 – 1988 донишҷӯи донишкадаи барномарезии иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Солҳои 1988 – 1989 муҳосиби калони шуъбаи сохтмони капиталии заводи трасформатори шаҳри Қурғонтеппа кор кардааст. Солҳои 1989 – 1990 котиби озоди Кумитаи комсомолии трести Қурғонтеппасохтмон буд. Солҳои 1990 – 1992 муовини сармуҳосиби муассисаи яс-3/1 Идораи ислоҳоти кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Солҳои 1992 – 1993 сардори шуъбаи таъминоти Мактаби Олии милитсия ва дар солҳои 1993 – 1996 муовини сардори шуъбаи моливу иқтисодии Мактаби олии милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Солҳои 1996 – 2001 сардори шуъбаи моливу иқтисодии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2001-2002 Омӯзгори калони кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2002 – 2009 сардори шуъбаи моливу иқтисодӣ, сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва муовини фармондеҳи Қушунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2009 – 2011 Омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи мактаби таҳсилоти умумии рақами 98-и шуъбаи маорифи н. Фирдавсии шаҳри Душанбе. Солҳои 2011 – 2013 мудири кафедраи муҳосиба, таҳлил ва аудити Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ. Солҳои 2013 – 2017 дотсенти кафедраи Назарияи иқтисодии Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур. Солҳои 2018 – 2019 дотсенти кафедраи мудирияти молии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон. Аз соли 2019 дотсенти кафедраи муҳосибаи таҳлил ва аудити Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аст. Вай муаллифи 16 китоби дарсӣ, беш аз 121 мақолаи илмӣ аст. Бо Ифтихорномаҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005), Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008) ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015) сарфароз шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Основы бухгальтерского учета и судебно-бухгальтерская экспертиза. Д.,1997;
- Бухгальтерский учет в бюджетних организациях (учебное пособия). Д., 2000;
- Назарияи иқтисодӣ. Д., 2004;.
- Назарияи омор. Д., 2006;
- Таҳлили иқтисодӣ. Д., 2008;.
- Назарияи ҳисобгирии муҳосибӣ. Д., 2012;
- Луғати истилоҳотии баҳисобгирию иқтисодӣ. Д., 2015;
- Баҳисобгирии муҳосибӣ (молиявӣ) ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ. Д., 2015;
- Баҳисобгирии муҳосибии идоракунӣ. Д., 2015;.
- Педагогика. Д., 2015;
- Назарияи иқтисодӣ. Д., 2004 (ҳаммуаллиф);
- Баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит. Д., 2019 (ҳаммуаллиф);
- Асосҳои баҳисобгирии бухгалтерӣ ва экспертизаи судӣ. Д., 2019 (ҳаммуаллиф);
- Баҳисобгирӣ ва ҳисобот дар хазинадорӣ. Д., 2019 (ҳаммуаллиф);
- Стандартҳои байналмиллалии ҳисоботи молиявӣ. Д., 2019 (ҳаммуаллиф);
- Ташхиси (экспертиза) муҳосибӣ судӣ. Д., 2019 (ҳаммуаллиф).
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зодагони 25 апрел
- Зодагони соли 1964
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Айнӣ
- Номзадҳои улуми иқтисод
- Олимон аз рӯи алифбо
- Иқтисоддонҳо аз рӯи алифбо
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Иқтисодшиносони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Олимони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон