Тӯрахон Аҳмадхон
| |
Таърихи таваллуд: | 1 июн 1935 (90 сол) |
Зодгоҳ: | деҳаи Шаршар, ноҳияи Данғара, ҶШС Тоҷикистон |
Касб: | ҳунарпеша |
IMDb: | ID 14986551, ID 7582210 ва ID 12115003 |
Тӯрахон Аҳмадхонов (зод. 1 июни соли 1935, деҳаи Шаршар, ноҳияи Данғара, ҶШС Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр, коргардон ва драматург, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон. Узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон (1995)[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҳмадхонов Тӯрахон соли 1935, дар деҳаи Шаршари ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Тӯрахон ҳунарпешаи театр, коргардон ва драматург, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон мебошад. Соли 1960 шуъбаи акёрии Институтити давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи шаҳри Маскав ва соли 1971 курси олии коргардонии Театри марказии тамошобини навраси шаҳри Маскавро хатм намудааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳунарпешаи Театри мазҳакаи мусиқии Хуҷанд ва Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ (1960-70), саркоргардони Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон (1972-74).Аз соли 1975 коргардон ва ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи Абулқосим Лоҳутӣ
Эҷод
[вироиш | вироиши манбаъ]Беҳтарин намоишномаҳои таҳиякардааш: «Ҷон модаракон»-и А. Қаҳҳор, «Эраҷ-паҳлавон»-и Ш. Қиёмов, «Баҳори понздаҳум»-и Зак ва Кузнетсов, «Бонги хатар»-и А. Атобоев, «Муаллими рақс»-и Лопе де Вега, «Шоҳ Лир»-и У. Шекспир, «Роҳзанҳо»-и Ф. Шиллер, «Бахтатро бедор кун»-и Н. Бақозода, «Қиёми Лоҳутӣ»-и А. Атобоев, «Ганҷи ранҷ», «Чаманзори ваҳдат».
Театр
[вироиш | вироиши манбаъ]Нақшҳои асосии бозидааш дар саҳнаи театр: Кайковус («Рустам ва Суҳроб»-и Ғайрат Абдулло, Турио ("Ду веронагӣ)-и В. Шекспир, Куйбишев («Ҳуррият»-и Ғайрат Абдулло, Хоҷа («Хизматгори ду хоҷа»-и Голдонӣ, Искандар («Мурдаҳо»-и Урдубодӣ), Эраҷ («Эраҷ-паҳлавон»-и Ш. Қиёмов.
Филмҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар кинофилмҳои «Достони Сиёвуш» (1976), «Вохӯрӣ дар назди масҷиди куҳна» (1969), «Одам пӯсташро иваз мекунад» (1979), «Буду набуд» (2001, муаллифи филнома), силсилафилмҳои телевизионии «Муҳаббат» (2008), «Беҳуда хорам мекунӣ» (2009) нақшҳо бозидааст.
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҳмадхонов муаллифи асарҳои драмавӣ ва намоишномаҳои афсонавии «Олами пурасрор» (1967), «Карим Девона» (1970), «Қиссаи муш ва гурба» (1972), «Ҷӯгидухтар» (1974), «Оилаи аскар» (1975), «Гилеми кабуд» (1979), «Мулки меросӣ» (1980), «Кафшҳои Абулқосим» (1982), «Бе пир марав» (1984), «Сафар Амиршоев» (1985), «Баҳроми чӯбина» (1995), «Мастӣ-пастӣ» мебошад, ки дар театрҳои ҷумҳурӣ рӯйи саҳна омадаанд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ АҲМАДХОН ТӮРАХОН. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. 2 июни 2025 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аҳмадхонов Тӯрахон // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.