Турби кӯҳӣ
Росан | ||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Armoracia.
|
||||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||||
Armoracia rusticana G.Gaertn., B.Mey. & Scherb., 1800 | ||||||||||||||||
Мутародифот | ||||||||||||||||
|
Турби кӯҳӣ, хрен (лот. Armorácia rusticána) — гиёҳи бисёрсолаест aз оилаи чилликгулҳо дар шароити зироат — гиёҳи як ё дусола.
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пояаш рост, аз 50 то 160 см қад мекашад. Барги бехи пояаш калони паршакл (дарозиаш 30—60 см, бараш 10—15 см), гулаш майдаи сафед, ғилофакаш гирдаи дупалла (паллааш 4— тухма). Pосани худрӯй дар кишварҳои Европа мерӯяд. Дар Кавказ ва Сибир Pосани кишта дар баъзе ноҳияҳо худрӯй шудааст. Дар ҷойҳои сернам ва соҳили дарёҳо месабзад. Май — июл гул мекунад.
хрен чун гиёҳи нуқлӣ ва тавобил дар асри 1 мелодӣ маъмул буд. Ҳоло онро дар бисёр мамлакатҳои дунё — Ҳиндустон, Амрико, Русия (вилоятҳои Ярослав, Иванов) ва ғайра мекоранд. Хрен чун сабзавот ва зубуда махсусан дар кишварҳои Осиё, баҳри Миёназамин ва Европа маъмул аст. Хренро аз қаламча (дарозиаш 10—15 см) мерӯёнанд. Қаламчаро аввали баҳор ё тирамоҳ (байни қаторҳо 60—70 см, байни ниҳолҳо 25—30 см) мешинонаяд. Дар замини сернам ва серпору хуб месабзад. Бехашро сентябр-октябр меғундоранд. Аз ҳар га хрензор 100—300 с ҳосил мегиранд. Бехи хрен ғафс, сермағз аст. Онро хом ё ҷӯшонда бо таом истеъмол мекунанд. Бехи тари хрен бӯй ва таъми тунди хосе дорад. Шакидаи бехи тар ва хушки хрен таомро хушбӯю хуштаъм мекунад. Баргашро ҳам ҳангоми консервонӣ ва очоронии бодиринг, помидор, занбӯруғ ва ғайра истифода мобаранд.
Хосиятҳои доруӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]хрен гиёҳи доруӣ аст. Дар тибби халқӣ бо бехи хрен касалиҳои обхӯра (истисқо), пайвандак (ревматизм), саратон, зангила, мафосилро табобат мекунанд. Шакидаи бехаш (як чойчумчааш бо асал) омили иштиҳоовар (мушаҳҳӣ) аст. Ғайр аз ин, аз шакидаи он марҳам сохта ҳангоми радикулит ба миёи мебанданд. Хрен хусусияти хуби фитонтсидӣ дорад. Бактерияҳои касалиангезро нобуд мекунад. Шакидаи хрен хусусияти фитонтсидии худро то 20 рӯз нигоҳ медорад. Бехи хрен 100—171 мг% витамини С, каротин, витаминҳои гурӯҳи В, ангиштоб, равғани эфир, намакҳои минералӣ (асосан Са, К, Р), гликозидиси ширин, ферменти мирозин, пайвастҳои сулфурдор, баргаш 526 мг% витамини С, ширааш моддаи лизотсим ва витамини С (0,25 %) дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Росан / М. Ҳоҷиматов. С. Бобохоҷаева // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).
- Минаева Г., Лекарственные растения Сибири, Новосибирск, 1970;
- Скляревский Л. Я., Целебные свойства пищевых растений, М., 1972;
- Вехов В. Н., Губанов И. А., Лебедева Г. Ф., Культурные растения СССР М., 1978.