Тухориён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Тухориён
 Парвандаҳо дар Викианбор

Тухориён, тахориён (дар манбаъҳои юнонӣ, арабӣ — тохар, ҳиндӣ — тукхара, хитоӣ — тухуло, тибетӣ — тхогар) — яке аз халқҳои ҳиндуаврупоӣ, ки дар аҳди қадим дар Туркистони Шарқӣ мезист.

Тахориён дар Осиёи Миёна солҳои 140—129 то мелод пайдо шуда, якҷоя бо баъзе қабилаҳои эронии шарқӣ соли 130 то мелод Подшоҳии Юнонии Бохтарро торумор карданд. Соли 128 то мелод ба Порт ҳуҷум овардаанд, вале шикаст хӯрданд. Асрҳои 2—1 то мелод тахориён дар Бохтар дар 5 мулк зиндагӣ мекарданд. Тақрибан охирҳои асри 1 то мелод— асри 1 мелодӣ тахориён дар зери ҳокимияти пешвоёни яке аз мулкҳо — Кушон муттаҳид гашта, давлати Кушониёнро ташкил доданд. Аз ҳамон вақт тахориёнро бисёр вақт Кушониён меномиданд. Номи баъзе ҳокимони ин подшоҳӣ масалан, Кадфизи I ва Кадфизи II, Канишка маълум аст. Тахориён ба забони гурӯҳи эронӣ (эронии шарқӣ) ҳарф мезаданд. Алифбои онҳо дар асоси хати юнони буд. Забони тахориён то охири ҳазораи I вуҷуд дошт. Бино ба ақидаи як гурӯҳ олимон тахориён халқҳои таҳҷоии Осиёи Миёна буда, аз шимолу шарқии Осиёи Миёна ба Бохтар рафтаанд. Вале аксарияти муҳаққиқон бо йӯҷиҳо айният доштани тахориёнро таъкид менамоянд; онҳоро гунаҳо аз Туркистоии Шарқй ба Осиёи Миёна (тақрибан 165—140 то м.) танг карда баровардаанд. Яӯҷиҳои ба Осиёи Миёна омада йӯҷиҳои бузург ва йӯҷиҳои дар Туркистони Шарқӣ маскуншуда «йӯҷиҳои хурд» ном доштанд. Баъзан тахмин меравад, ки йӯҷиҳо аҷдоди тахориён буданд ва дар Осиёи Миёна забони эрониро аз худ намудаанд. Бино ба фарзияи дигар тахориён — йӯҷиҳо як шохаи халқияти эронинажод — массагетҳо будаанд. Ғайр аз ин бо массагетҳо айният доштани аҷдодони тахориҳоро низ тахмин мекунанд, ки онҳо инчунин як халқи алоҳида (бо халқҳои дар боло номбурда алоқае надоранд) буда метавонанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]