Тухтамет Тухтаметов
![]() |
Тухтаметов Тухтамет Гафурович | |
Таърихи таваллуд: | 1918 |
Зодгоҳ: | вилояти Омск, Русия |
Таърихи даргузашт: | 16 июл 1998 |
Маҳалли даргузашт: | Уфа |
Кишвар: |
![]() |
Фазои илмӣ: | таърих |
Ҷойҳои кор: | Институти театрию рассомӣ, мактаби ҳаракати иттифоқҳои касаба, Донишкадаҳои омӯзгории ба номи В.Г. Белинский ва Низомии шаҳри Тошкент, Институти таърихи ба номи А. Дониши АИ ҶШС Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи такмили ихтисоси муаллимони ҶШС Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ: | профессор |
Алма-матер: | Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (Тошкент) |
Ҷоизаҳо: | «Ходими хизматнишондодаи маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон» (1979), унвони «Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1997) |
Тухтамет Ғафурович Тухтаметов (тав. 1918, ноҳияи Галаперскии вил. Омск – ваф. 16.07.1998, ш.Уфа), муаррихи тоҷик, доктори илмҳои таърих (1970), профессор (1971). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ.
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Соли 1948 факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (Тошкент)-ро хатм намудааст. Солҳои 1949–1964 дар Институти театрию рассомӣ, мактаби ҳаракати иттифоқҳои касаба ва Донишкадаҳои омӯзгории ба номи В.Г. Белинский ва Низомии шаҳри Тошкент кор кардааст. Солҳои 1964–1972 ба ҳайси ходими калони илмии Институти таърихи ба номи А. Дониши АИ ҶШС Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Солҳои 1972–1986 дотсенти кафедраи таърихи умумӣ, 1986–1991 мудири кафедраи таърихи умумӣ, 1991–1998 профессори кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣбуд.
Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Муаллифи 8 асар ва 80 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Тадқиқотҳояш ба масъалаҳои таърихи ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон, ӯзбекҳо ва қарақалпоқҳо бахшида шудаанд. Дар тайёр намудани кадрҳои миллӣ барои ҷумҳурӣ саҳми калон дорад. Бо унвони фахрии «Ходими хизматнишондодаи маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон» (1979), унвони «Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1997) сарфароз гардонида шудааст.
Осор[вироиш | вироиши манбаъ]
- Русско-бухарские отношения в конце XIX- начале XX вв., Ташкент,1963;
- Победа Бухарской народной революции, Ташкент, 1966;
- Россия и Хива в конце XIX- начале XX вв. Победа Хорезмской народной революции, М., 1969;
- Россия и Бухарский эмират в начале XX в., Д., 1977.
- История таджикского народа в первой половине XVIII века: учебное пособие, Д., 1991.
Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони соли 1918
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони вилояти Омск
- Даргузаштагони 16 июл
- Даргузаштагони соли 1998
- Даргузаштагони шаҳри Уфа
- Докторони улуми таърих
- Олимон аз рӯи алифбо
- Таърихшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Арбобони шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон
- Иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ