Jump to content

Тӯрахоҷа Афсӯс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Афсӯс
أفسوس
Зодгоҳ: Истаравшан
Таърихи даргузашт: 1855(1855)
Навъи фаъолият: нависанда

Тӯрахоҷа Афсӯс (форсӣ: أفسوس‎; ? — 1855) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Истаравшан дар оилаи шоир Хоҷа Убайдуллоҳи Солик таваллуд ёфта, маълумоти ибтидоиро аз падараш гирифтааст. Дар мадрасаи Кӯкгунбази Истаравшан илмҳои расмии даврро омӯхт ва пас аз хатми таҳсил амалдори ҳокими Истаравшан таъйин гардид. Соли 1817 хони Хӯқанд Умархон (ҳукмронӣ 1811—1822) Истаравшанро забт намуд ва Афсӯсро дар қатори дигар асирон ба Хӯқанд бурд. Афсӯс, ки бераҳмию зулми Умархонро нисбат ба худу ҳамроҳонаш ва диг. асирон дида буд, ба хон ва дарбориён дар дил кинаву адоват дошт. Ӯ ҳамқаламонашро даъват мекард, ки аз васфи хони шуҳратпараст даст бикашанд. Хон ба воситаи ҷосуси худ Ҳотам аз ин ташвиқоти Афсӯс огоҳ шуда, ӯро аз дарбор ронд. Афсӯс ба хон қасидаи мадҳие бибахшид ва Умархон соли 1818 бар ивази он вайро миршаби шаҳри Истаравшан таъйин кард. 13 сентябри1832 хони дигар Хӯқанд Муҳаммадалихон (1822—1842) ба ӯ вазифаи сардор ё вакили Истаравшанро дод. Дар манбаъҳои адабии садаи XIX Афсӯс чун шоири тавоно тавсиф шудааст. Фазлии Намангонӣ дар тазкирааш «Маҷмуат-уш-шуаро» аз эҷодиёти Афсӯс 8 ғазал ва 2 қасидаро ба тариқи намуна овардааст. Дар баёзҳову ҷунгҳо низ шеърҳояш ҷой гирифтаанд. Афсӯс дар ғазалҳояш ишқи поки инсонӣ, орзуву мақсад, шодию сурур, ғаму андӯҳи ҳамзамонони хешро сурудааст.