Jump to content

Тӯтӣ Ғаффорова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Тӯти Ғафорова)
Тӯтӣ Ғаффорова
Тӯти Ғафорова
Таърихи таваллуд: 1916
Зодгоҳ: Хуҷанд
Маҳалли даргузашт:
Касб: ҳунарпешаи театр ва кино
Ҷоизаҳо: Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон

Тӯтӣ Ғаффорова ( 20.09.1916, ш. Хуҷанд – 25.11.1986, ш. Душанбе) — ҳунарпешаи театру кино Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1953), Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1964).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тӯтӣ Ғаффорова cоли 1931 Техникуми педагогии занонаи ш. Самарқандро хатм карда, дар Театри драмаи мусиқии ҳамин шаҳр заҳмат кашидааст. Солҳои 1936-1941 ҳунарпешаи Театри мусиқии тоҷик (аз соли 1940 Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ) ва 1942-1972 (нафақа) ҳунарпешаи Театри давлатии академӣ -драмавии ба номи Лоҳутӣ буд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) чун узви фаъоли бригадаи театри фронтии тоҷик дар майдонҳои набард ба ҷанговарони шӯравӣ хидмати маданӣ расондааст. Дар қариб сад намоишнома, аз қабили «Рӯдакӣ», «Тӯй», «Иродаи зан», «Шоҳ Лир», «Муфаттиш», «Гунаҳкорони бегуноҳ», «Духтари бебисот», «Ҷон модаракон», «Бозиҳои бераҳмона», «Любов Яровая», «Сароби хунин», «Дар фироқи ту», «Суханони соядор» нақшҳои марказӣ бозида, тавассути қаҳрамононаш занонро ба мубориза баҳри мустаҳкам кардани ҳаёти нав, зидди беадолатӣ ва маҳрумият даъват менамуд. Дар кинофилмҳои тоҷикии «Дӯсти ман Наврӯзов», «Минтақаи парвоз», «Ҷӯра- Саркор», «Хокистари сӯзон», «Чор тан аз Чорсанг» ва ғайраҳо симоҳои хотирмон офаридааст. Бо се ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Ифтихорномаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон сарфароз шудааст.[1]

  • Абдушукурова Т. Моя любимая актриса – Тути Гаффарова, Худжанд, 2001.
  1. Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе, 2012. — C.83