Убайди Зоконӣ
Таърихи таваллуд: | 1301 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1371 |
Маҳалли даргузашт: | |
Навъи фаъолият: | нависанда, шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Убайди Зоконӣ (форсӣ: عبيد زاکانى; 1301, Zakan[d], Устони Қазвин — 1371, Шероз) — шоир, нависанда ва латифапардози форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Низомиддин Убайдуллоҳ, мутахаллис ба Убайди Зоконӣ соли 1270 дар Қаряи Зокон, ки аз тавобеи Қазвин буд, ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоии Убайди Зоконӣ дар Қазвин гузашта, дониши мадрасагиро ӯ дар Шероз фаро гирифтааст. Инчунин ӯ дар хат, иншо, нуҷум ва амсоли инҳо моҳир гашт, бар замми забони модарии худ дар араби хам устод буд ва туркиро низ хуб медонист. Убайди Зокони баъди ба охир расидани таҳсил аз Шероз ба Казвин баргашта, кози таъйин мегардад ва ҳамчунин дар мактаб кудаконро таълим медихад.
Такрибан соли 1327 Убайдро дар Багдод мебинем, ки ба вазири Султон Абусаиди Элхони (1317—1335) Хоча Алоуддини Мухаммад дар хидмат аст. Дар ҳамин сол Убайди Зоконӣ дар Багдод асари худ «Наводируламсол» — ро ба забони араби навишта, ба ин вазир такдим менамояд. Вай ҳангоми вуруди худ ба Багдод, яъне соли 1327, барои подшоҳи он кишвар Султон Абдусаид дар илми балогат бо номи илми маонию баён рисолае навишта хостааст пешкаш намояд. Мукаррабони ин подшоҳи мугул гуфтаанд, ки шоҳи мо ба чунин рисола илтифоту эхтиёч надорад. Убайд қасидаи дигаре эҷод намуда, мехоҳад, ки онро дар ҳузури Абусаид кироат кунад. Ба ӯ мегуянд, ки шоҳи мо токати шунидани дуруги маддохони таъмакор надоранд. Ин хол Убайдро музтариб месозад. Дар ин ҳолат ӯ ба гуфтани алфози ракик шурӯъ мекунанд. Убайди Зокони дар Багдод зиндагии ғамангезу ногувореро аз сар мегузаронд. Дур аз ёру диёр, муфлису бечора, дар чанги бебизоати, нодори ва эхтиёч ба балои карз гутида, аз дасти карзхохон чои гурез надошт. Худи ӯ мефармояд:
- Маро карз хасту дигар хеч нест,
- Фаровон маро харчу зар хеч нест.
Вай «Наводируламсол»-ро бо умеди он навишта буд, ки вазир Хоча Алоуддин уро ба подшоҳ тавсия кунад, то ки тарбият бинад ва ба ин восита аз карзхо рахо шавад. Аммо вазири мазкур ин мақсади шоирро ба амал наоварда уро ноумед кард. Адиби хачвнигор Хоча Алоуддинро дар яке аз шеърҳояш бо тахкир ёдовари кардааст:
- Ин вазирак надорад мар судам,
- Гу, мадех, з-у ба ман зиён нарасад.
Баъди тахти Шерозро соҳиб шудан ва дар караму ҷавонмарди ба тарбияи суханварону донишмандон ном баровардани Шайх Абуисхок Убайди Зокони тақрибан соли 1346 аз Багдод роҳи Шерозро пеш гирифта, ба хидмати вазири Абуисхок (1341—1357) Амидулмулк камар баст ва дар ин вазифа 10-12 сол хидмат кардааст. Убайди Зоконӣ соли 1350 маснавии «Ушокнома»-ро барои Абуисхок навишта, дар ашъори дигараш хам ин амиру вазирро ба неки ёд мекунад. Соли 1357 амири Кирмон Муборизиддин Шерозро истило намуда, Абуисхокро ба қатл расонд. Мухити адабии Шероз пароканда шуд. Ва шоир ночор Шерозро тарк намуда, боз роҳи Багдодро пеш гирифт.
- Рафтам аз хиттаи Шерозу ба ҷон дар хатарам,
- Вах, к-аз ин рафтани ночор чи хунин чигарам!
Мувофики навиштаи Давлатшоҳи Самарканди (асри ХV) Салмон, ки дар дарбори Султон Увайс эътибор ва обруи калон дошт, бо сабабе аз Убайди Зокони ранҷида, уро хаҷв, балки тахкир мекунад:
- Чаханнамию хичогу Убайди Зокони,
- Мукаррар аст ба бедавлатию бедини!
- Агарчи нест зи Казвину рустозод аст,
- Валек мешавад андар хадис казвини!
Ин қитъа ба гуши Убайд расида буд. Дар Багдод мулокоти нахустини Убайди Зоконӣ ва Салмон дар канори Дачла вокеъ гардидааст. Салмон он чо дар ихотаи наздикони худ фарогат дошт. Мачлиси ахли завкро дида, Убайд он чо дохил мешавад. Салмон аз Убайди Зоконӣ пурсид, ки аз кучост. Убайд гуфт: Аз Казвин. Салмон боз пурсид: Номи Салмон оё дар Казвин маъруф ва аз ашъораш чизе машҳур аст ё на? Убайди Зоконӣ гуфт: Китъае аз ашъори ӯ бисёр машҳур аст ва ин бихонд:
- Ман хароботияму бодапараст,
- Дар хароботи мугон ошики маст.
- Мекашандам чу сабу душ ба душ,
- Мебарандам чу кадах даст ба даст!
Он гоҳ гуфт: Агарчи Салмон марди фозил аст ва метавон ин қитъаро ба вай нисбат дод, аммо гумони голиби ман он аст, ки ин қитъа аз зани ӯ бошад. Албатта, ин қитъа дар назираи рубоии машҳури Салмон эҷод гардидааст, ки ин аст:
- Дидам санаме харобу маст афтода,
- Дар дасти мугони майпараст афтода.
- Аз май чу сурохи шуда афтону хазон,
- В-он гах чу кадах даст ба даст афтода.
Салмон аз ҳозирчавоби, зарофат аз лутфи сухани гуянда пай бурд, ки назди ӯ Убайд аст, макдамашро ганимат шумурд ва узри хичои вай бихост. Убайди Зоконӣ гуфт: Эй Салмон бахтат ёвари кард, ки зуд ба эътироз икдом намуди ва аз шарри забонам расти. Дар ин миён писарони амир Муборизиддин-Шох Шучоъ ва Шох Махмуд бар алайхи падари худ исён бардошта, падар аз тахт дур карда, ба чашмонаш мил кашиданд. Шох Шуҷоъ, ки то ин вакт хокими Кирмон ва Абаркӯҳ буд, соли 1358/59 ба тахти салтанати Шероз нишаста ва то соли 1383 хукумат ронд. Убайди Зокони хабари маъзул шудани Муборизиддин ва чулуси Шох Шучоъро шунида, тақрибан соли 1360 ба Шеъроз баргашт ва дар хакки Шох Шучоъ қасида гуфт. Охири умри Убайди Зокони дар хидмати Шох Шучоъ дар Шероз ва Кирмон гузаштааст. Соли 1365 Шох Шучоъ аз дасти бародараш шикаст хурда, ба Кирмон гурехт. У Убайди Зокониро низ хамроҳи худ бурд. Убайд дар ишора ба ин воқеа менависад:
- Ба юмни давлату икболи шоҳи банданавоз
- Маро ба ҷониби Кирмон кашида бахт инон.
Тахайюровараш он аст, ки Убайди Зокони, ки дар ин вакт пирамарди 96 — сола буд, дар 87 — солаги аз Шероз ба Багдод рафт, тақрибан дар 90 — солаги аз Багдод боз ба Шероз баргашт, то 100 — солаги дар сафарҳои подшоҳону хакимон ба онҳо хамроҳи мекард, дар базму размхо ширкат меварзид, базлагуву хазлкаш буд, ба хаттоти машгул мешуд. Аз ҷумла дар фатхи Исфаҳон, ки соли 1367 ба вукуъ пайваст, Убайд хамроҳи Шох Шучоъ буд. Убайди Зокони дар ин давра низ аз карз ва карзхохон менолад. Ин шиквахо, ки дар порчаҳои шеъри тачассум гаштаанд, баробари баёни ахволи шахсии Убайди Зокони, қисмати талхи аксари ахли илму ҳунарро дар замони ӯ ифода менамоянд. Накл менамоянд, ки ҳангоми марг Убайд ба фарзандонаш мегуяд, ки дар фалон чо ганҷе дорад пинхони. Баъди ба хок супурдан он «ганҷ»- ро мекушоянд, ки ин байт будааст:
- Худой донаду ман донаму ту хам дони,
- Ки як фулус надорад Убайди Зокони!
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- A Medieval Persian Satirist Author(s): A. A. Haidari(пайванди дастнорас)