Убайдуллоҳи Каромат
Кароматов Убайд Иброҳимович | |
Таърихи таваллуд | 15 сентябр 1963 (61 сол) |
Зодгоҳ | деҳаи Навобод, ноҳияи Ҳисор |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | мусиқидон, овозхон |
Ҷоизаҳо | Ҳофизи халқии Тоҷикистон (2023) |
Убайдуллоҳи Каромат (Кароматов Убайд Иброҳимович; 15 сентябри 1963, деҳаи Навобод, ноҳияи Ҳисор) — овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон (2023)[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1985 Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро хатм карда, дар дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳунар озмудааст. Чанд соли охир роҳбари бадеии ансамбли «Садои Шарқ»- и Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Аз тарҳу услуби тозаи сурудхонӣ бархурдор аст, даст ба навовариҳо мезанад, ҳама таронаҳо аз завқу зеҳну таҷрибаҳои шахсӣ ва ҳиссиаш манша мегиранд. Ба аксар сурудҳо худ оҳанг мебандад.
«Ватан», «Ҷавонӣ», «Бачагӣ», «Гумгашта», «Ақли инсонӣ», «Духтаракҳои ғармӣ», «Модар», «Ҷашни истиқлол», «Фарзанди Тоҷикистонем», «Тоҷикистон», «Сарзамини сулҳу ваҳдат», «Ормон», «Ай гулузори ман», «Зулфакҳои ёри ман», «Духтаракҳои Душанбе», «Ошиқ шудам ба духтари рус», «Духтараки кӯлобӣ», «Гиря мекунам», «Пар-пари зулфон» аз беҳтарин таронаҳояш мебошанд. Ба Русия, Чин, Ҳиндустон, Туркия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Украина ва дигар давлатҳо сафари ҳунарӣ анҷом додааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Аз Абдуғаффору Моҳрухсор то Моҳпайкару Нигина. Киҳо унвони “халқӣ” ва “шоиста” гирифтанд?. www.asiaplustj.info. ASIA-Plus (31 августи 2023). 5 сентябри 2023 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.