Jump to content

Уктам Ҷумаев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Уктам Ҷумаев
Ҷумаев Уктам Мирзоёрович
Таърихи таваллуд 10 май 1981(1981-05-10) (43 сол)
Зодгоҳ шаҳри Душанбе, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисодчӣ
Ҷойҳои кор Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои иқтисод (2011)
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат (1998-2003)

Уктам Ҷумаев — олим, иқтисодшинос. Номзади илмҳои иқтисодӣ (2011), дотсент..

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷумаев Уктам 10-уми майи соли 1981 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Соли 2003 факултети соҳибкорӣ ва менеҷменти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидматро аз рӯи ихтисоси иқтисодёти ҷаҳон бо баҳои аъло хатм намудааст. Солҳои 2005-2009 аспиранти Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 2003 то кунун дар Донишкдааи соҳибкорӣ ва хидмат дар вазифаҳои ассистент-коромӯз, ассистенти кафедраи назарияи иқтисод, ҷонишини декани факултети бизнес ва молия, ҷонишини декани факултети соҳибкорӣ ва менеҷмент, сармутахассиси офиси бақайдгирии таҳсилоти низоми кредитӣ, директори маркази сабт ва иттилооти донишкада, директори маркази иттилоотӣ ва коммуникатсионии донишкада, декани факултети технологияҳои информатсионии донишкада ва аз соли 2012 то кунун дар вазифаи дотсенти кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ корҳои илмиро давом медиҳад.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2011 натиҷаи корҳои илмии худро дар мавзӯъи «Соҳибкории инноватсионӣ ҳамчун омили рушди истеҳсолоти саноатӣ» ҷамъбаст намуда, дар шаҳри Душанбе рисолаи номзадиро дифоъ намудааст. Айни ҳол доир ба мавзӯъи рисолаи доктори «Моделсозии рушди соҳибкории инноватсионӣ дар саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳқиқоти илмиро бурда истодааст. Фаъолиятҳои илмии ӯ ба масоили таҳия, татбиқ ва идоракунии усулҳои инноватсионии баланд бардоштани истеҳсолнокии корхонаҳои саноатӣ равона шудааст. Ӯ аввалин маротиба дар шароити Тоҷикистон арзёбии маблағгузориро ба лоиҳаҳои инноватсионӣ дар асоси индекси гиперболикии Фаррел ба роҳ мондааст. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои таҳқиқотӣ ӯ методикаи коркарди қарорҳои идоракунӣ ҳангоми интихоби стратегияи босамари инноватсионии рушди корхонаи хурди саноатиро пешниҳод намудааст.

Ҷумаев Уктам муаллифи бештар аз 40 мақолаҳои илмӣ ва 1 монография мебошад.

Китобҳо (Монографияҳо)

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Инновационное предпринимательство как фактор устойчивого роста промышленного производства Республики Таджикистан /Джумаев У. - Душанбе: Ирфон, 2013. - 145 с.