Jump to content

Информатика

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Улуми роёна)

Информатика (олмонӣ: Informatik, форсӣ: علوم رایانه‎, фр. Informatique, англ. computer science — илмҳои компутарӣ — дар ИМА, англ. computing science — илмҳои ҳисоббарорӣ — дар Британияи Кабир) — илм дар бораи гирифт, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, таҳавулл, интиқол ва истифодаи иттилоот. Он фанҳое, ки барои коркарди иттилоот дар мошинҳои ҳисоббарор ва шабакаҳои ҳисоббарорро, ҳам дар намуди таҷридӣ (ба мисли таҳлили алгоритмҳо) ва ҳам дар реалӣ (ба мисли сохтани забони барномасозӣ), дарбар мегирад.

Худи истилоҳи информатика солҳои 60-уми садаи XX дар Фаронса барои ишораи соҳаи коркарди автоматикии иттилоот, аз якҷоякунии истилооти фаронсавӣ information ва automatique (F. Dreyfus, 1972) ба вуҷуд омадааст.

Мафҳуми информатика бо маҷмӯи илмҳое алоқаманд аст, ки онҳо ба омӯзиши хосиятҳо ва тарзҳои ғункунӣ, тасвир, коркард ва ирсоли информатсия тавассути воситаҳои техникӣ сару кор дорад. Дар мамлакатҳои англисзабон ба ҷои мафҳуми информатика мафҳуми computer science – илми компютерӣ мавриди истифода қарор дорад.
Асосҳои назариявии информатикаро гурӯҳи илмҳои бунёдӣ (фундаменталӣ) ташкил менамоянд, ки онҳоро дар як сатҳ ҳам ба математика ва ҳам ба кибернетика мансуб шумурдан мумкин аст: назарияи информатсия, назарияи алгоҳритмҳо, мантиқи математикӣ, назарияи забонҳои формалӣ ва грамматикӣ, таҳлили комбинаторӣ ва ғайра. Ғайр аз ин, фанни информатика ба омӯзиши архитектураи компютер, системаҳои оператсионӣ, назарияи базаи маълумотҳо, технологияи программасозӣ ва дигар самтҳои технологияҳои информатсионӣ машғул аст.
Бояд қайд намуд, ки дар муддати начандон зиёди таърихӣ информатика аз як фанни техникӣ дар бораи методҳо ва воситаҳои коркарди маълумоти додашуда бо ёрии мошинҳои электронии ҳисоббарор ба илми бунёдӣ дар бораи информатсия ва равандҳои информатсионии на танҳо системаҳои техникӣ, балки табиат ва ҷомеа табдил ёфтааст. Сабаби асосии ба чунин мувафақиятҳо ноил гаштани илми информатика ба раванди бебозгашти саросар информатсионӣ гаштани ҷомеа вобаста аст, ки он як шакли зуҳуроти қонуни умумии инкишофи башарият аст. Информатикунонии ҷомеа бо худ таҳаввулоти илмию техникӣ ва иқтисодию иҷтимоиро меоварад, ки он дар навбати худ ҳаёту фаъҳолият ва тафаккуру арзишҳои инсониро дигаргун месозад. Тамоилот ва суръати ин дигаргуншавӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки асри ХХI асри информатика, технология ва ҷомеаи информатсионӣ хоҳад буд. Ҳамин тариқ:
Информатика илмест, ки доир ба хосиятҳои информатсия ва қонуниятҳои равандҳои информатсионӣ баҳс менамояд.


Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: