Jump to content

Умар Темур

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Умар Темур

Умар Темур (8 январи 1952, Кӯлоб) — овозхон ва ғижакнавози тоҷик. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2022).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1972 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ва 1977 Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро хатм намуда, дар Омӯзишгоҳи мусиқии Кӯлоб (1977—1993) дарс додааст. Солҳои 1993—1997 директори мактаби мусиқии бачагонаи шаҳри Қурғонтеппа, 1997—2005 муаллими Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода кор карда, 2006—2014 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва ҳоло дар Коллеҷи фарҳанги Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият менамояд[1].

Аз навозандагони беҳтарини сози ғижжак маҳсуб меёбад. Сабки хоси сарояндагӣ дорад, ғазал, марсия, қасидаро аз осори шуарои пешину муосир интихоб намуда, бо садои гарму баёни нарм замзама мекунад. Эҷодаш баёнгари навҷӯист, шеваи тозаро дар овозхонии суннатӣ ироа дод. «Ҳамдами ҷон», «Моҳи кишвари русӣ», «Гули шаб», «Ҳадиси ишқ», «Доғи фарзанд», «Дардманди ишқ», «Ҷигарбанди азизам», «Даргоҳи умед», «Базми раббонӣ», «Кишвари фалак», «Таскини дил», «Сиришкирез», «Мебояд шунид», «Хиргоҳӣ», «Саломуллоҳ», «Рақсида биё», «Хандарез», «Модар», «Баҳори дил», «Бо садои дардманде», «Дунё ғанимат аст», «Маслиҳат», «Эй чӣ хуш бинам», «Дил манам», «Лутф», «Турнаҳо», «Аз чашми соқӣ», «Ҳадиси ишқ» аз беҳтарин сурудаҳояш мебошанд.

Бо медали «Хидмати шоиста» (2008)[2] ва унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2022) қадр шудааст.

  • Рози дил. Д., 2012;
  • Тавбаҳои дардолуд. Д., 2014.
  1. Умари Темур чаро кампайдост? Суруд надорад ё фаромӯш шудааст?(тоҷ.). Pressa.tj. 26 августи 2022 санҷида шуд.
  2. Умар Темур: Унвон надорам, пас арзанда нестам(тоҷ.). halva.tj. 26 августи 2022 санҷида шуд.
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.