Jump to content

Умар ибни Абдуллоҳи Бомахрама

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Умар ибни Абдуллоҳи Бомахрама
Иттилооти инфиродӣ
Таърихи таваллуд: 7 декабр 1479
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 2 феврал 1546 (66 сол)
Маҳалли даргузашт:
Эътиқод: ислом ва тасаввуф
Падар: Q107703681?
Фарзандон: Абдуллоҳ ибни Умари Бомахрама

Фаъолияти динӣ
Вироиши Викидода

Умар ибни Абдуллоҳ ибни Аҳмад (1479—1545) — фақеҳ, суфӣ ва шоир.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Ҳиҷрин ба дунё омада, ҳамон ҷо касби камол кард. Нуфузи динӣ ва сиёсӣ-иҷтимоии ӯ ба ҳадде расид, ки бо давлатмардони Давъан ва Ҳиҷрин даргир шуд, аз ин рӯ, султон Бадри Кусайро ӯро се бор ба Шиҳр бадарға кард. Умар фақеҳе маъруф буд, вале баъди шиносоӣ бо Абдурраҳмон ибни Боҳурмузи суфӣ (фавт 1508) таҳти таъсири ӯ ба тасаввуф гаравида, аз муридони хосси ӯ гардид. Як сол қабл аз вафоти пири худ аз дасти ӯ хирқа пӯшида, то охири умр дар Севун халифааш шуд. Дар Севун даргузашт ва марқадаш дар он ҷо зиёратгоҳи ихлосмандон гардид. Шояд сабаби аслии бадарғашавии Умар ҳам ҳамин гароиши шадиди ӯ ба тасаввуф бошад. Ашъори омиёнаи Умар мавриди таваҷҷуҳи хоссу ом, ҳатто дар замони имрӯз низ қарор гирифтааст. Аз девони ашъораш нусхаҳои зиёде дар Яман ва Макка мавҷуд аст. Аз дигар осори мансуб ба Умар метавон ба «Шарҳу асмоил-лоҳи-л-ҳусно», «ал-Матлабу-л-ясир мина-с-солики-л-фақир», «ал-Вориду-л-қудсийю фӣ шарҳи ояти-л-курсийи» ишора кард.