Jump to content

Умеди Маҷд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Умеди Маҷд
форсӣ: امید مجد
Таърихи таваллуд: 1971
Зодгоҳ: Нишобур
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, мусаҳҳеҳ, мутарҷим
Забони осор: порсӣ

Умеди Маҷд (форсӣ: امید مجد‎; 1971, Нишобур) — мутарҷими Қуръон, мусаҳҳеҳ, шоир ва нависандаи эронӣ. Донишёри Донишкадаи адабиёти Донишгоҳи Теҳрон.

Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи саноатии Амири Кабир дар риштаи петтрушимӣ (ихтисоси петрохимия) буда, давраи доктории адабиётро дар Донишгоҳи Теҳрон гузаштааст[1].

Ӯ ҳамчунин мудири бунгоҳи интишороти Умед Маҷд аст[2].

Осори шаръии Умеди Маҷд иборатанд аз тарҷумаи манзуми Қуръон дар ҳаждаҳ ҳазор байт, тарҷумаи манзуми Наҳҷу-л-балоға дар чаҳордаҳ ҳазор байт, тарҷумаи Саҳифаи саҷодия дар панҷ ҳазор байт, тарҷумаи Қуръон барои бори дуввум мутафовит бо тарҷумаи қаблӣ дар чаҳордаҳ ҳазор байт ҳамроҳ бо тафсир ва ғайра мебошад.