Jump to content

Умедҷон Саъдуллоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Саъдуллоев Умедҷон Қудратуллоевич
Таърихи таваллуд 4 январ 1982(1982-01-04) (42 сол)
Зодгоҳ Ваҳдат , ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фиолология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Умедҷон Қудратуллоевич Саъдуллоев (4 январи соли 1982, шаҳри Ваҳдат) — номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Умедҷон Саъдуллоев 4 январи соли 1982 дар деҳаи Ромити ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат таваллуд шуда, соли 2000-ум мактаби миёна, соли 2005 факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Пас аз хатми донишгоҳ ба сифати муҳаққиқи коромӯз дар кафедраи таърихи забон ва типология ба фаъолият шурӯъ кардааст. Рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Хусусиятҳои луғавӣ ва маъноии «Футувватномаи султонӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ» соли 2010 дифоъ намудааст. Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: солҳои 2008-2010 Раиси Шӯрои олимони ҷавони факултети филологияи ДМТ; солҳои 2010-2015 Раиси Шӯрои кураторони факултети филологияи ДМТ; аз соли 2015 то ҳол ҷонишини декани факултети филологияи ДМТ оид ба таълим мебошад.[1]

Таҳия ва ба нашр омода намудани матни мукаммали «Футувватномаи султонӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ. (бо ҳаммураттибӣ) – Душанбе, 2010. – 286 с; Вожаҳои муарраби тоҷикӣ дар «Қуръони маҷид». – Душанбе, 2011. – 56 с. (дастури таълимӣ); Муҳовараи тоҷикӣ-англисӣ-русӣ-арабӣ. (бо ҳаммуаллифӣ) -2012. – 183 с. (дастури таълимӣ); Хусусиятҳои луғавӣ ва маъноии «Футувватномаи султонӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ. Душанбе, 2013. – 140 с. (монография).[2]

  1. Роҳбарияти факултаи филологияи ДМТ(тоҷ.). www.philol.tnu.tj. 24 май 2020 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  2. Кафедраи таърихи забон ва типология Умедҷон Қудратуллоевич Саъдуллоев(тоҷ.). www......j. 24 май 2020 санҷида шуд.