Урбах Самуил Юлйевич
Самуил Юлйевич Урбах | |
Таърихи таваллуд | 1908 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 1969 |
Маҳалли даргузашт | |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз |
Самуил Юлйевич Урбах – оҳангсоз (композитор), узви Иттифоқи композиторони СССР.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Самуил Юлйевич Урбах соли 1937 Консерваторияи давлатии Москва ба номи П.И. Чайковский, синфи композитсияи В.Я. Шебалинро хатм намудааст. Солҳои 1937 – 1941 дар Тоҷикистон истиқомат намудааст, аз соли 1941 – дар Свердловск, аз соли 1942 – дар шаҳри Москва. Барои Тоҷикистон С. Урбах яке аз аввалин композитороне мебошад, ки дар заминаи муосир барои ташаккул ва рушди мусиқии касбии тоҷик ширкат варзидааст. Вай дар сафи ҳамон ходимони фарҳанг қарор дошт, ки солҳои 1939-1940 дар ҷумҳурӣ Иттифоқи композиторони Тоҷикистонро таъсис додаанд. Дар эҷодиёти мусиқии хеш С. Урбах принсипҳои анъанавии санъати халқии тоҷикро бо истифодаи усулҳои мактаби композитории аврупоӣ бомуваффақият омезиш додааст. Дар байни ҳамин гуна асарҳои ӯ махсусан операи мазҳакавии «Бибӣ ва Бобо ё домоди номӣ» маҳбубият дошт, ки он чандин маротиба дар саҳнаи Театри давлати академии опера ва балет баноми С. Айнӣ ва дигар ҷумҳуриҳо намоиш дода шудааст. Ин асар яке аз аввалин кӯшишҳои истифодаи жанр опера дар Тоҷикистон буд. Намоишномаи мусиқӣ-театрии «Лола» чун иқдоми омодагӣ ба ин опера буд, ки мусиқии онро С. Урбах якҷоя бо Сергей Баласанян навиштааст. Соли 1939 басаҳнагузории ин намоиш дар шаҳри Душанбе дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бомуваффақият анҷомид. Баъдтар арияи «Эй, гул»-и Фирӯз аз он дар операи «Домоди номӣ» вазифаи лейтмотивро адо кард. Романси «Эй, гул» (шеъри А.Лоҳутӣ), ки низ дар асоси ин оҳанг эҷод гардида буд, шуҳрати калонро соҳиб шуд. Дар операи мазҳакавии «Домоди номӣ», ки дорои ҳаҷви фаровони халқист, сюжет аз ҳаёти колхози тоҷик, тараддудҳои меҳнатӣ, ҷашнҳои шодмонӣ, мубориза бо боқимондаҳои замони гузашта ва симоҳои барҷастаи меҳнаткаш нақл мекунад. Дар маводи мусиқии ин асар намунаҳои асили оҳангҳои халқӣ истифода шуда, ҳамзамон муаллиф ба он мусиқии хоси халқиро бомаҳоратона офаридааст. Малакаи бои ӯ дар биниши дақиқ ва дурусти симоҳои миллӣ, ҳангоми эҷоди манзараҳои тобишнок ҳайратангез аст. Драматургияи зебо бо мусиқӣ мутобиқ карда шудааст. Опера бо номераҳои хорӣ ва арияҳо хотирмон буда, таассуроти дурударози ҷавонию шодкомиро боқӣ мегузорад. С. Урбах инчунин балети «Анор» ва «Роҳи бахту саодат», якчанд асарҳо барои оркестри симфонӣ: Симфония-баллада, сюитаҳо, достонҳои симфонӣ ва ғайра эҷод намудааст. Дар ин радиф сюитаи машҳури ӯ «Дар хиёбонҳои Душанбе» (1963), ки комилан дар асоси маводи тоҷикӣ навишта шуда, бо хушоҳангӣ, тарзи демократии сабт, бахусус фасоҳати нотакрори мусиқӣ ҷолиб аст, барҷаста мебошад. С. Урбах инчунин якчанд романсҳо, ба монанди «Аз дӯст маранҷ» ва «Ба маҳбуби ман»-ро ба шеърҳои А.Лоҳутӣ офаридааст. Дар Озмуни III байналмилалии ба номи П.И.Чайковский вокализи махсуси С. Урбах, ки барои барномаи Озмун эҷод намуда буд, садо дод. Мусиқии ӯ барои бисёр намоишномаҳои драмавӣ низ хеле маъмуланд. Композитор инчунин ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул шудааст. Ғайр аз ин вай котиби масъули комиссияи мусиқии симфонӣ ва камеравии созмони москвагии Иттифоқи композиторон ва муовини Раиси Комиссияи эҷодии Иттифоқи композиторони СССР интихоб гардида буд.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Асарҳои саҳнавӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1939 – «Лола», намоиши мусиқӣ-театрикунонидашуда, дар
- ҳаммуаллифӣ бо Сергей Баласанян.
- 1940 – «Анор», балет.
- 1940 – «Роҳи бахту саодат», балет.
- 1959 – «Бибӣ ва Бобо ё домоди номӣ», операи мазҳакавӣ. Либреттои С. Саидмуродов ва Л. Галитский, таҳрири 2-юм (1964).
1969 – «Духтарон», опера.
Асарҳои симфонӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1936 – Баллада барои оркестри симфонӣ.
- 1944 – Сюитаи симфонӣ дар мавзӯҳои халқии тоҷикӣ.
- 1945 – Сюитаи симфонӣ.
- 1947 – Достони симфонӣ.
- 1948 – «Нақшҳои тоҷикӣ».
- 1954 – Сюитаи симфонӣ дар мавзӯҳои тоҷикӣ.
- 1955 – Симфония-баллада, таҳрири 2-юм – соли 1957.
- 1963 – «Дар хиёбонҳои Душанбе», сюита.
- Сурудҳо, романсҳо, пйесаҳои созӣ ва оркестрӣ, мусиқӣ ба намоишномаҳои театрӣ.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011, - c 218-220
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони соли 1908
- Зодагони Империяи Русия
- Даргузаштагони соли 1969
- Даргузаштагони Маскав
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи мусиқидонон
- Оҳангсозони Тоҷикистон
- Дирижёрони театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ
- Аъзои Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Оҳангсозон аз рӯи алифбо
- Оҳангсозони ИҶШС
- Оҳангсозони асри XX