Усмони Солеҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Акс:US
foto

Усмон Солеҳ (Солиев Усмон Худойназарович) — сармуҳаррири рӯзномаи «Ваҳдат», роҳбари маркази матбуоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Усмон Солеҳ 8 марти соли 1957 дар деҳаи Тоҷикистони ҷамоати деҳоти «Ғайрат» - и ноҳияи Фархор ба дунё омада, баъди бо баҳои аъло хатм кардани мактаби миёнаи № 6 – и ҳамин ноҳия соли 1974 ба Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуд ва онро соли 1979 бо ихтисоси рӯзноманигор хатм кард. Пас аз сафари хидматии дарозмуддат дар Афғонистон ва адои хидмати ҳарбӣ соли 1985 ба рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ба кор омада, то соли 1993 ба сифати рӯзноманигор, сардори шуъба ва муовини сармуҳаррир кор кардааст. Солҳои 1993 – 1998 роҳбарии маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Солҳои минбаъда дар вазифаҳои муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Минбари халқ» - нашрияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва аз соли 2003 то рӯзҳои охир дар вазифаи роҳбари маркази матбуоти ҲХДТ ва ҳамзамон, сармуҳаррири рӯзномаи «Ваҳдат» - нашрияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон кор кардааст. Журналист ва публитсисти барҷаста Усмони Солеҳ 10 июни соли 2018 дар синни 61 – солагӣ бар асари беморӣ аз олам даргузашт.[1]

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]