Аюб Усмонзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Усмонов Аюб Исломович)
Аюб Усмонзода
Усмонов Аюб Исломович
Таърихи таваллуд 3 март 1972(1972-03-03) (52 сол)
Зодгоҳ деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Институти давлатии педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С. М. Киров

Аюб Исломович Усмонов — муаррих, доктори илмҳои таърих, дотсент. Аз апрели соли 2022 Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аюб Усмонов 3 марти соли 1972 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадаст. Соли 1995 Институти давлатии педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С. М. Киров, факултети таърихро хатм кардааст. Ихтисос, муаллими таърих ва ҷомеашиносӣ, методист оид ба корҳои тарбиявӣ.[1]

  • Солҳои 1989—1991 Сарпионервожатии мактаби миёнаи № 15-и Хуҷанд
  • Солҳои 1991—1993 Ҷонишини директор оид ба қисми хоҷагӣ ва муаллими таърихи мактаби миёнаи № 9
  • Солҳои 1993—1994 муаллими таърихи мактаби миёнаи № 15
  • Солҳои 1994—1996 танзимгари факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
  • Солҳои 1996—1996 котиби шуъбаи таълим
  • Солҳои 1996—1998 Муаллим-муҳаққиқи кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
  • Солҳои 1998—1999 Муаллими кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
  • Солҳои 1998, - Номзади илмҳои таърих, 2019 - Доктори илмҳои таърих
  • Солҳои 1999—2000 сармуаллими кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
  • Солҳои 2000 Дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
  • Солҳои 2003—2003 Мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлати Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
  • Солҳои 2003—2010 Ҷонишини раиси кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров
  • Солҳои 2010—2019 раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
  • Солхои 2019-2022 муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.[1]
  • Аз апрели соли 2022 Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров[2]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Усмонзода Аюб Ислом (tj). www.hgu.tj (2022). 28 ноябри 2023 санҷида шуд.
  2. Усмонзода Аюб Ислом (tj). www.hgu.tj (2022). 28 ноябри 2023 санҷида шуд.