Jump to content

Устони Гелон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Устони Гилон)
Устони Гелон
Кишвар Эрон
Маркази маъмурӣ Рашт
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
  • 14 042 км²
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 IR-01
Вебгоҳи расмӣ
Устони Гелон дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор
Қалъаи Рудхон - қалъаи аз хишт ва санг сохтаи асрҳои миёнагӣ дар Эрон.
Қалъаи Рудхон - қалъаи аз хишт ва санг сохтаи асрҳои миёнагӣ дар Эрон.

Гелон (форсӣ: گیلانGilân, гил. گيلان، گيلؤن, озарбойҷонӣ: Gilan, — номи устонест таърихӣ дар Эрон, воқеъ дар соҳилҳои ҷанубии баҳри Каспий.

Дар аҳди қадим яке аз музофотҳои ғарбии Гиркания (Гургон) ба шумор мерафт. Мутобиқи маълумоти «Ҳудуду-л-олам» «Гелон ноҳиятест ҷудо миёни Дайламону Ҷиболу Озарбодагон ва дарёи Хазарон. Ва ин ноҳиятест ба саҳро ниҳода миёни дарёву кӯҳ, бо обҳои равони бисёр. Ва яке рӯдест азим, „Сапедрӯд“ хонанд, миёни Гелон бибурад ва ба дарёи Хазарон афтад». Мутобиқи маълумоти ҷуғрофиёдони араб Мақдисӣ дар садаи X шаҳрҳои асосии минтақаи Гелон Парвон, Муғон, Шолус, Омул ва ғ. ба шумор мерафтанд. Мутобиқи маълумоти Ҳеродот бошандагони қадимии ҳудудҳои Гелон қабилаҳои гелҳо (аҷдоди гелониҳои имрӯза) буданд, ки дертар ин вилоят аз номи онҳо падид омадааст. Дар минтақаи Гелон ва атрофи он, ба андешаи таърихнигорон В. В. Бартолд, И. М. Дяконов, М. А. Дандамаев ва дигарон, боз қабилаҳои каспианҳо, амардҳо ва тапуриҳо будубош доштанд, ки номҳои баҳри Каспий, рӯди Амард (Сафедрӯд) ва Тапуристон (Табаристон) мансуби онҳост. Гелон дар оғози садаи VI то м. ба ҳудудҳои Мод дохил шуда, ҳангоми таъсисёбии давлати Ҳахоманишиён дар аҳди Куруши Кабир (551—530 то м.) ба қаламрави онҳо дохил гашт. Гелон дар аҳди ҳукмронии Дорои Бузург (522—586 то м.) тобеи вилояти Гиркания буд ва волии он муддате Виштоспи падари Доро ба шумор мерафт. Ҳангоми кишваркушоиҳои Искандари Мақдунӣ Гелон ҳамчун ҷузъи вилояти Гиркания боқӣ монда, замони қудратёбии Ашкониёни Порт (асри 1-2 м.) ба майдони кашмакашҳои дохилӣ ва рақобатҳои сиёсии империяҳои Ашкониён, Сосониён ва Рум табдил ёфт. Дар асрҳои 8-9 арабҳо як қисми Гелон-ро забт карданд, вале қисмати дигари кӯҳсораш Дайлам ва Мозандарон боқӣ монданд. Баъди кушта шудани охирин шоҳаншоҳи Сосониён — Яздгирди Ш набераи ӯ — Пирӯз дар қисмати Гелон, кӯҳистони Дайлам, Мозандарон ва Табаристон ҳукумати ниммустақили сулолаи Испаҳбадонро бунёд гузошт, ки ба низоми давлатдории ниёгон такя мекард. Сомониён тақр. соли 891-92 Гелон, Гургон ва Табаристонро тасарруф намуда, муддате дастнишондаҳои худро дар ин вилоятҳо гузоштанд. Дар аҳди ҳукмронии Наср ибни Аҳмади Сомонӣ хонадони Оли Зиёр, ки бошандагони қадимии Гелон буданд, соли 927 бо изҳори итоат ва фармонбардорӣ аз Сомониён ба ҳукумати ин минтақа расиданд, ки саромади онҳо Асфор ибни Ширӯя буд. Шамсулмаолӣ ибни Вушмгир (967—1012) аз машҳуртарин подшоҳи Зиёриёни минтақаи Гелон буд, ки дар дарбори хеш Абуалӣ ибни Сино ва Абурайҳони Беруниро сарпарастӣ кардааст. Зиёриён дар баробари Гелон Табаристон, Гургон, Дайлам, Қазвин, Рай ва Исфаҳонро таҳти назорат дошта, худро вориси сарзамини Эрони таърихӣ мешумориданд. Дертар ин минтақаҳо ба майдони кашмакаши миёни Сомониён, Зиёриён ва Бувайҳиён табдил ёфта, оқибат таҳти васояти Салчуқиён ва тайи солҳои 1307—1370 ба ихтиёри муғулҳо гузашт. Дар минтақаи Гелон Лоҳиҷон ва Мозандарон солҳои 1370—1592 давлати ниммустақили Саидон ҳукмронӣ мекард, ки моҳиятан ба давлати Сарбадорон қаробат дошт. Баъди барканорсозии ин давлат Гелон ва музофоташ аз соли 1592 тобеи Сафавиён шуда, сараввал Табрез, баъд Қазвин ва ниҳоят Исфаҳон пойтахти онҳо қарор гирифт. Дар ин давра Гелон ва музофотҳояш ба мулки хоссаи шоҳони сафавӣ табдил ёфтанд, ки зиёдшавии андозҳо ва истисмори деҳқонону ҳунармандон боиси шӯришҳои зидди Сафавиёни аҳолии Гелон (солҳои 1592, 1629) шуданд. Гелон соли 1722 ҳангоми лашкаркашии Пётри I ба Порс забт гардида, то соли 1737 таҳти тобеияти Русия қарор дошт. Дар интиҳои ҳукмронии хонадони Қоҷориён (ибтидои садаи XX) Гелон ба яке аз марказҳои асосии Инқилоби Эрон (1905—1911) табдил ёфта, дар ин минтақа ҷунбишҳои озодихоҳӣ авҷ гирифтанд. 5 июни 1920 бо дастгирии ҳукумати Русияи Шӯравӣ дар яке аз марказҳои асосии Гелон — шаҳри Рашт Ҷумҳурии мустақили Гелон (июн-сентябри 1921 Ҷумҳурии Шӯравии Порс) таъсис ёфт, ки он то 29 сентябри 1921 вуҷуд дошт. Гелон имрӯз яке аз устонҳои пурсарват ва калонтарини ҶИЭ ба шумор рафта, аҳолиаш 2,4 млн нафар (2013) мебошад. Масоҳаташ беш аз 14042 ҳазор км². Гелон аз лиҳози мавқеи ҷуғрофиёии имрӯз дар ҳудудҳои ҷанубу ғарбии баҳри Каспий, қисмати ғарбии Мозандарон ва қисмати шарқии Ардабил ҷойгир буда, аз шимол бо Озарбойҷон ҳамсарҳад аст. Сарватҳои асосии зеризаминии Гелон нафт, ангишт, оҳан ва мис буда, ҷангалзор ва оби фаровон дорад. Маркази асосии маъмурияш — ш.Рашт, шаҳристонҳои калонаш Осторо, Бандари Анзалӣ, Лоҳиҷон, Рӯдсар, Лангрӯд, Фумак. Сокинони деҳот бештар ба кишоварзӣ, бахусус парвариши шолӣ, рустаниҳои ситрусӣ, чой ва пилапарварӣ машғуланд, моҳидорӣ низ ривоҷ ёфтааст.

  • Бартольд В. В. Историко-географический обзор Ирана. Сочинения. Т. 7. М., 1971;
  • Геродот. История. Л., 1972;
  • Кова Фарух. Персы. М., 2009;
  • Ноҷӣ Муҳаммадризо. Фарҳанг ва тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён., Д., 2011.