Усулу-т-тарокибу-л-адвия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Усулу-т-тарокибу-л-адвия» (форсӣ: أصول تركيب الأدوية‎) — асари Наҷибуддини Самарқандӣ андар тиб, ки тахминан солҳои 1210—1220 ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст.

Асар аз 19 фасли мустақил иборат буда, асосаи доир ба усули тайёр намудани доруҳои мураккаб баҳс мекунад; муаллиф дар он ақида ва таҷрибаҳои шахсиашро оид ба доруҳои хока, қурс доруҳои дарунрон, қайовар ва ғайра, инчунин роҳҳои тайёр кардану истифодаи онҳоро баён кардааст. Нусхаи дастхати асар дар фонди дастнависҳои Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои РСС Узбакистон таҳти рақамҳои 227/Ш ва 7225 маҳфуз аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]