Фабрикаи парандапарварии ноҳияи Ашт
Фабрикаи парандапарварии ноҳияи Ашт — дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд вокеъ аст.
Таърихи ифтитоҳи коргоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Фабрикаи парандапарварӣ ва фермаи чорвопарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона”-ро дар деҳоти Ошоба баъди навсозӣ 8 сентябри соли 2024 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Манзуралӣ Маҳмадҷонов сохта шудааст.
Корҳои таҷдиду барқарорсозии ин ду иншоот моҳи январи соли 2024 оғоз гардида, аз ҷониби Ширкати сохтмонии “Рахшона” бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраргардида анҷом дода шуд. Масоҳати умумии корхона 86 ҳазору 808 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Барои навсозӣ ва таҷҳизонидани фабрика бо дастгоҳҳои муосири соҳа 1 миллиону 853 ҳазор сомонӣ харҷ гардида, дастгоҳҳои зарурии он аз Ҷумҳурии Мардумии Чин харидорӣ шудааст. Усули парвариши паранда дар корхонаи мазкур, аз ҷумла таъмин бо обу ғизо дар вақти муайянгардида таҷрибаи замонавӣ мебошад, ки аз чанд лиҳоз манфиатовар аст. Аз ҷумла, дар сарфаи вақт, кам талаф ёфтани ғизои паранда ва бехатарии он таъсири мусбат мерасонад. Дар корхона зиёда аз 40 ҳазор паранда нигоҳубин шуда, барои гӯшт марҳила ба марҳила ба ширкати “Далерон” интиқол дода мешавад.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ www.president.tj. Ба истифода додани фабрикаи парандапарварӣ ва фермаи чорвопарварии ҶДММ “Рахшона” дар ноҳияи Ашт(тоҷ.) (8 сентябри 2024). 8 сентябри 2024 санҷида шуд.